Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Алии Бедакӣ дар Русия вориди баҳси додгоҳӣ шуд


Аҳмадшоҳ Давлатов

Аҳмадшоҳ Давлатов, писари 22-солаи Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, дар Русия вориди баҳси додгоҳӣ шудааст. Вай аз болои қарори додгоҳи вилояти Маскав ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдааст, ки дар як вақт нисбат ба ӯ ду ҳукми бо ҳам мухолифро содир намуд. Яке аз ин қарори додгоҳ ӯро аз боздоштгоҳи махсус озод карда, ҳаққи зиндагӣ ва кор дар Русияро медиҳад, аммо қарори дигар мегӯяд, ки ӯ бояд ихроҷ шавад.

Бино ба омори созмонҳои кор бо муҳоҷирон, беш аз 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд ва ҳанӯз ҳукми ихроҷашон ниҳоӣ нашудааст.

Аҳмадшоҳ сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт аст. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки падари ӯ Аловуддин Давлатов охири соли 2010 дар амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошташ кушта шуд. Алии Бедакиро дар куштори 25 сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб айбдор карданд.

Аҳмадшоҳ Давлатов мегӯяд, баъди кушта шудани падараш бори зиндагӣ бар дӯши ӯ афтод ва барои таъмини чаҳор хоҳару додараш дар Русия кор мекард. Аввали имсол барои нақзи қонуни будубош боздошт ва 52 рӯзро дар боздоштгоҳи махсус пушти сар кард. Баъдан, бар асоси як қарор аз Боздоштгоҳи махсус озод шуд.

Бар асоси ин қарори додгоҳи вилояти Маскав Аҳмадшоҳ дар Русия кор мекунад, вале бар асоси қарори дигар ӯ бояд аз ин кишвар ба ватан ихроҷ шавад.

Каримҷон Ёров, вакили дифои Аҳмадшоҳ Давлатов, рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон моҳи марти имсол бо иттиҳоми инки шаб дар ҷойи будубоши расмиаш нахобидааст, ба Боздоштгоҳи махсус бурда шуда, қарори ихроҷашро содир мекунанд. Ёров мегӯяд, бо талоши ӯ ва як вакили рус додгоҳи Маскав ҳукми дигар содир мекунад, ки ин ҷавон аз боздоштгоҳ озод шавад, вале ҳукми қаблиро дар мавриди ихроҷ бекор намекунад.

Ӯ гуфт, “ҳоло идораи муҳоҷирати Русия намедонад, ки кадом ҳукми додгоҳро иҷро кунад. Аз як тараф бояд дар Русия бимонад ва кор кунад, вале аз тарафи дигар бояд ихроҷ шавад. Аҷиб ин аст, ки ҳарду ҳукмро як додрас содир кардааст, ки ба якдигар мухолифат мекунад.”

Ин вакили дифоъ мегӯяд, ҳуҷҷатҳои Аҳмадшоҳ Давлатов дуруст буд ва ба ҷуз инки як шаб берун аз ҷои зисти расмӣ хобидааст, ҳеҷ қонунро нақз накарда буд.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Худи Аҳмадшоҳ гуфт, ки ҳоло дар Русия танҳо корҳои муввақатӣ анҷом медиҳад ва мунтазири пурра ҳал шудани қазияаш ҳаст. “Вақте ҳукми аз Боздоштгоҳ озод шуданам баромад, хурсанд шудам. Гуфтам, ки ба корам идома медиҳам. Баъдан фаҳмидем, ки ҳукми пештараи мо бекор нашудааст”, - афзуд ӯ.

Аҳмадшоҳ Давлатов аз камтарин муҳоҷирони кории тоҷикист, ки тавонистааст, аз боздоштгоҳи махсус озод шуда ва ба Тоҷикистон ихроҷ нашавад. Соли гузашта тибқи иттилои расмӣ беш аз 45 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудааст.

Ҳоло бар асоси омори созмонҳои кор бо муҳоҷирон беш аз 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд ва қарори ихроҷашон ниҳоӣ нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG