Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳукми ихроҷи писари Алии Бедакиро бекор кардааст


Додгоҳи вилояти Маскав қарори ихроҷи Аҳмадшоҳ Давлатов – писари Аловуддин Давлатов – маъруф ба Алии Бедакиро бекор кардааст. Ин ҷавони 22-солаи тоҷик гуфт, моҳе пеш барои гӯё вайрон кардани қоидаи будубош боздошт шуда, бо қарори додгоҳ бояд ба Тоҷикистон ихроҷ мешуд.

Ҳоло бар асоси омори созмонҳои кор бо муҳоҷирон бештар аз 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳои махсус қарор доранд ва қарори ихроҷашон ниҳоӣ нашудааст.

“Аз аввал фикр мекардам, ки...”

Аҳмадшоҳ Давлатов ҳамроҳ бо 40 тан аз муҳоҷирони дигар дар Боздоштгоҳи махсус нигаҳдорӣ мешуданд ва ӯ аз камтарин муҳоҷироне буд, ки барои ихроҷ нашудан ба Тоҷикистон аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурд. Вай рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз кушта шудани падараш барои пешбурди рӯзгор ба Русия муҳоҷир шуд ва дар сохтмоне кор мекунад.

“Ман аз аввал фикр мекардам, ки ноҳақ ихроҷам мекунанд. Барои ҳамин, ба додгоҳ шикоят кардам. Гуфтам, ки пирӯз шавам, хуб, нашавам ба ватан меравам ва ба корҳои деҳқонӣ машғул мешавам”, - гуфт ӯ.

Кӯшиши шикоят аз болои пулиси Русия

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, ки дар додгоҳ ҳамчун шахси боэътимод аз ҳаққи Аҳмадшоҳ Давлатов ҳимоя кардааст, рӯзи 25 март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз аввал медонист, ки ин ҷавонро пулис ғайриқонунӣ боздошт кардааст. “Ҳоло мо барои боздошти нодуруст мехоҳем пулисро ба додгоҳ диҳем, то ингуна корро такрор накунанд”, - гуфт ӯ.

Аҳмадшоҳ сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт аст. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки падари ӯ Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ охири соли 2010 дар амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошташ дар Рашт кушта шуд. Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи таҳти раҳбарии Аловуддин Давлатов дар пайи ҳамла ба корвони Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб (моҳи августи соли 2010), ки 25 кушта бар ҷой гузошт, шурӯъ шуда буд. Мақомот дар ҳамла ба корвони вазорати мудофиа Аловуддин Давлатов ва гурӯҳи вобаста ба ӯро муқассир ҳисобиданд.

Соли гузашта 45 ҳазор нафарро ихроҷ карданд

Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гуфтанд, ки ахиран қарори ихроҷи беш аз 300 муҳоҷири тоҷик дар Русия содир шудааст ва бояд пай дар пай ба ватан фиристода шаванд.

Владимир Путин охири моҳи феврал ба Тоҷикистон омада буд
Владимир Путин охири моҳи феврал ба Тоҷикистон омада буд

Моҳи гузашта дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, Душанбе ба Маскав пешниҳод кард, ҳукми ихроҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурии сабук доранд, бозбинӣ шуда ва ин тоифаи шаҳрвандон мавриди афв қарор гиранд. Дар ҳоли ҳозир 270 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд.

Дар соли 2016 наздик ба 45 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 7 ҳазор нафар бештар аст. Ҳоло бар асоси омори созмонҳои кор бо муҳоҷирон бештар аз 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳои махсус қарор доранд ва қарори ихроҷашон ниҳоӣ нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG