Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айби ӯ чӣ буд? Эълони иттиҳоми расмӣ алайҳи Содиқ Ортиқов


Содиқ Ортиқов
Содиқ Ортиқов

Наздикони Содиқ Ортиқов (дар гузашта Кимсанбек Қодиров), ки бо гумони ҳамдастӣ дар бомбгузории метрои Санкт-Петербург боздошт шуда буд, гуфтанд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Русия, аз ҷумла нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, иттиҳоми расмӣ эълон гардид. Ортиқов моҳи апрели имсол дар шаҳри Маскав боздошт шуд ва бино ба қарори додгоҳ то 6-уми сентябри имсол дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Дар оғози моҳи июни имсол додгоҳи шаҳри Маскав боздошти Содиқ Ортиқовро то моҳи сентябр дароз кард ва он замон иттиҳоми расмии ӯ маълум набуд.

Дар сурати ба додгоҳ рафтани парванда ва содир шудани ҳукм маълум хоҳад шуд, ки Содиқ Ортиқов дар зиндон мемонад ё озод мешавад. Ҳоло, бино ба гуфтаи наздиконаш, тафтиши парвандаи ӯ идома дорад.

Динмуҳаммад Қодиров, бародари Содиқ Ортиқов, рӯзи 23-юми июл дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони додситонӣ дар бораи иттиҳоми расмии ӯ ба пайвандонаш дар Русия хабар додаанд. Ӯ, ки аз шаҳри Турсунзода бо мо суҳбат мекард, гуфт, "бино ба қавли онҳо, бародарам расман ба нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ҳамкорӣ бо нафари гумонбар ба терроризм айбдор мешавад."

Динмуҳаммад Қодиров
Динмуҳаммад Қодиров

Ин хабарро мақомоти Русия расман эълон ва тасдиқ накардаанд. Тамоси мо низ рӯзи якшанбе барои мушаххас кардани айбномаи Содиқ Ортиқов дар додситонӣ ва додгоҳи шаҳри Маскав бенатиҷа буд. Ҷониби Тоҷикистон низ то кунун дар бораи иттиҳоми расмии Содиқ Ортиқов чизе нагуфтааст.

Аммо Динмуҳаммад Қодиров гуфт, ахиран наздиконаш дар Русия бо Содиқ Ортиқов мулоқот кардаанд ва эълони иттиҳоми расмӣ алайҳи ӯ ҳақиқат аст. Ӯ афзуд, наздиконаш баъди мулоқот бо Содиқ Ортиқов гуфтаанд, ки "феълан вазъи саломати ӯ хуб аст".

Қаблан дар оғози моҳи июни имсол додгоҳи шаҳри Маскав боздошти Содиқ Ортиқовро то моҳи сентябр дароз кард ва он замон иттиҳоми расмии ӯ маълум набуд. Яке аз сабабҳои дароз кардани муҳлати боздошти ӯ низ мушаххас кардани иттиҳом ва ниҳоӣ кардани парвандааш ба шумор меравад.

Динмуҳаммад Қодиров: Бародарам террорист нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Содиқ Ортиқов, ки рӯзи 6-уми апрели имсол аз сӯи нирӯҳои амниятии Русия боздошт шуд, дар гузашта Кимсанбек Қодиров буда, ду сол пеш бо иваз кардани ному насабаш ба Русия рафтааст. Боздошти ӯ ба дунболи таркиши маргбор дар метрои шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт ва мақомоти Русия гуфтанд, ки Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистон ва гумонбари аслӣ дар таркиш пеш аз ҳодиса бо Содиқ Ортиқов суҳбати телефонӣ доштааст.

Содиқов дар як манзил бо бародарон - Акбар ва Акрам Азимовҳо, шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо айни иттиҳом дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд, зиндагӣ мекардааст. Мақомот гуфта буданд, ки аз маҳалли зисти Содиқ Ортиқов силоҳ ёфт шудааст. Вале ӯ дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард ва гуфта буд, дар он манзил чанд нафари дигар буд, ки силоҳ метавонад ба онҳо тааллуқ дошта бошад.

Акси Акбарҷон Ҷалилов, гумонбари асосӣ дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург
Акси Акбарҷон Ҷалилов, гумонбари асосӣ дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург

Содиқ Ортиқов 39 сол дошта, зодаи вилояти Хатлон аст. Аммо аз соли 1997 ҳамроҳ бо пайвандон ба шаҳри Турсунзода кӯчида, дар онҷо зиндагӣ мекардааст. Ба гуфтаи пайвандонаш, то замони боздошт, давоми 15 сол, дар Русия дар як ошпазхона ба ҳайси ошпаз кор мекард.

Пайвандонаш ба даст доштани ӯ дар таркиши метрои Санкт-Петербург, ки 16 кушта ва 60 захмӣ гузошт, бовар надоранд. Мақомоти интизомии шаҳри Турсунзода низ қаблан гуфтан буданд, ки ӯ дар феҳристи афроди таҳти назорат набуд.

Рӯзи 3-юми апрели имсол дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба амал омад, ки онро мақомот "як ҳамлаи террористӣ" номиданд. Дар он ҳодиса 16 нафар кушта ва наздик ба 50 нафар захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG