Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Содиқ Ортиқов то сентябр тамдид шуд


Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар таркиши метрои Санкт-Петербург дар 3 апрел гумонбар дониста мешавад
Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар таркиши метрои Санкт-Петербург дар 3 апрел гумонбар дониста мешавад

Додгоҳи шаҳри Маскав боздошти Содиқ Ортиқов, яке аз гумонбарон дар таркиши метрои Санкт-Петербургро то моҳи сентябр тамдид кард.

Содиқ Ортиқов, ки 6 апрел боздошт шуд, дар гузашта Кимсанбек Қодиров, шаҳрванди Тоҷикистон буд, ки ду сол пеш бо иваз кардани ному насабаш ба Русия рафт.

Ҳарчанд расонаҳои Русия навиштанд, ки аз манзили зисти ӯ маводи тарканда пайдо кардаанд, вале то ҳанӯз аз ҷониби тафтишот нисбат ба ӯ айб эълон нашудааст.

Тамидиди сеюмбораи боздошти Содиқов дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим


Зикруллоҳ Қодиров, бародари Содиқ Ортиқов рӯзи 5 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯзи пеш додгоҳ, бинобар пайдо нашудани далел, қарор кард, ки бародараш ҳамроҳ бо ду қирғизи дигар дар боздошт боқӣ мемонад. То моҳи сентябр тафтишот ё ҷурми Содиқовро эълон менамояд, ё дар сурати пайдо нашудани далел ӯро аз боздошт раҳо мекунад.

-Далеле нест, ки бародарам дар таркиши метрои Санкт-Петербург даст дошта бошад. Ба ғайр аз ҳамин, ки бо телефони бародарам ба ҳамон бачае, ки гӯё худашро таркондааст, дигар ҳеҷ далел нест. Гуфтанд, ки то моҳи сентябр нигаҳ медорем, агар далел пайдо нашуд ва дар ҳақиқат даст надошта бошад, озод мешавад,-гуфт ӯ.

Мақомот Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистонро гумонбари аслӣ дар таркиши метрои Санкт-Петербург медонанд. Ба гуфтаи мақомоти рус, Акбарҷон Ҷалилов низ бо таркондани худ дар дохили метро дар 3 -уми апрел кушта шуд. Матбуоти Русия, аз қавли мақомоти рус, навишт, ки Акбарҷон пеш аз ҳодиса ба Содиқҷон Ортиқов занг зад.

Зикруллоҳ мегӯяд, пас аз ду моҳи боздошт, бори аввал, бо бародараш дар толори додгоҳ сӯҳбати кутоҳе доштааст. Ӯ гуфт, Содиқ Ортиқов аз ӯ хоҳиш кард, вакили дифояшро, ки аз ҷониби давлат таъйин шудааст, иваз намоянд. Бо таъкид ба бегуноҳияш, Содиқов гуфтааст, ба вакили аз ҷониби давлат таъин шуда бовар надорад, зеро ба нафъи зерҳимоя кор намекунад.

Мақомоти Русия рӯзи 6 апрел Содиқҷон Ортиқовро бо иттиҳоми нақш доштан дар бомбгузории метрои Санкт-Петербург боздошт карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки Акбарҷон Ҷалилов, гумонбари аслӣ дар таркиши метрои Санкт-Петербург бо Содиқов робита доштааст. Содиқов дар як манзил бо бародарон- Акбар ва Акрам Азимовҳо, шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо айни иттиҳом дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд, зиндагӣ мекардааст.

Содиқ Ортиқов 39 сол дошта, зодаи вилояти Хатлон аст. Соли 1997 ҳамроҳ бо пайвандонаш ба шаҳри Турсунзода кӯчида, он ҷо зиндагӣ мекардааст. Ба гуфтаи пайвандонаш, то замони боздошт, давоми 15 сол, дар Русия дар як ошпазхона ба ҳайси ошпаз кор мекард.

Пайвандонаш ба даст доштани ӯ дар таркиши метрои Санкт-Петербург, ки 16 кушта ва 60 захмӣ гузошт, бовар надоранд.

XS
SM
MD
LG