Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бибиноз набераҳои "доишӣ"-ашро хоб мебинад


Бибиноз Абдураҳмонова – сокини 58-солаи деҳаи Свердлови ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ – бисёр вақт набераҳои дӯстрӯяш Ҳаитгули 9-сола, Оишаи 7-сола ва Абдуллоҷони 4-соларо дар хоб мебинад. Набераҳои ӯ чаҳор сол пеш бо волидонашон ба Сурия рафта, аз соли 2014 боз аз онҳо ҳеҷ дарак нест.

Шумораи сокинони вилояти Хатлон, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, 403 нафар гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 46 нафарашон занон будаанд.

Бибиноз мегӯяд, агарчӣ писару келинаш, ки бори охир аз Сурия дар тамос буданд, дигар хабар нест, аммо ӯ бештар дар ғами кӯдакон месӯзад. Ӯ хабар надорад, ки ҳоли онҳо чӣ ҳаст ва дар куҷо ба сар мебаранд – зиндаанд ё мурда. "Кӯдакҳоро ёд мекунам. Ҳар рӯз ба хотирам мерасанд, вале осмон баланду замин сахт аст", - афзуд ӯ.

Ашӯрмоҳ Сайдалиева
Ашӯрмоҳ Сайдалиева

Бибиноз Абдураҳмонова дар ин қазия аз як сӯ худро ҳам гунаҳкор мешуморад, чунки мегӯяд, дар фиристодани кӯдакон ба назди падар ба Русия ӯ ҳам нақш дошт. Вай мегӯяд, вақте соли 2013 писараш рахти муҳоҷират баст, ӯ ба сафари келину се фарзандашон ҳам розӣ шуд. Мегӯяд, бовар дошт, ки фарзандон бояд дар оилаи солим ва дар зери назари волидон бузург шаванд, вале надонист, ки худи ҳамон сол аз Русия ба Сурия мераванд.

Ба бовари мақомоти тоҷик, на камтар аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон занону кӯдакон низ ҳастанд, ба қаламравҳои зери назари ДИИШ рафтаанд. Дар мулоқоти ахири худ бо мардум намояндагони Идораи амнияти Хатлон шумори кӯдакони зодагони ин вилоятро дар қаламравҳои зери назари ДИИШ 62 нафар арзёбӣ карданд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар як гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид аз ҳузури беш аз дусад навраси тоҷик, аз ҷумла 91 духтар ва 115 писар, дар Сурияву Ироқ хабар дода буданд.

Сафари хонаводаи писари Бибинозро ба Сурия мақомоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам тасдиқ карда гуфтанд, ки ҳадафи онҳо пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" буд. Ин хонавода мегӯяд, келинашон соли 2014 аз Сурия ба онҳо занг зада, хабари марги шавҳарашро расондааст, вале дигар баъди ин тамос нагирифт ва аз он замон то имрӯз аз онҳо ҳеҷ хабар нест. Бо инки бо ақли солимаш Бибиноз Абдураҳмонова пай мебарад, ки шояд онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале дилаш намехоҳад инро қабул кунад ва дар тамоми фикру андеша ва намозҳояш бозгашти солими келину фарзандонашро мекунад.

Дар мулоқоти ахири худ бо мардум намояндагони мақомоти вилояти Хатлон шумори кӯдакони зодагони ин вилоятро дар қаламравҳои зери назари ДИИШ 62 нафар арзёбӣ карданд.

Мисли ин хонавода дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо оилаи дигар низ ҳаст, ки аз вазъи фарзандонашон дар минтақҳои ҷангзада нигарон ҳастанд ва умедворанд, ки бо вуҷуди бехабарӣ, рӯзе зиндаву солим бармегарданд.

Тавлиди тифли тоҷик дар Сурия

Ёсумани 3-сола, Нуриддини 5-сола ва Абдуҳалими 7-сола то соли 2015 сокини ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Вахш буданд. Падари муҳоҷирашон онҳоро ҳамроҳи ҳамсараш соли 2015 ибтидо ба Маскав ва аз он ҷо ба Сурия бурдааст. Ашӯрмоҳ Саидалиева, аммаи ин се кӯдаки ноболиғ мегӯяд, бо шунидани марги бародараш Маҳмадшариф Сайдалиев, каме ором шудаанд, вале чашм ба роҳи се кӯдак ҳастанд, ки бо дастури падарашон ба Сурия рафта буданд. Ашӯрмоҳ Саидалиева мегӯяд, дар муддати ду соли охир ҳеҷ хабаре аз онҳо надорад.

“Мехоҳем, ки ин кӯдакҳо баргарданд. Вале ҳоло маълум нест. Биёянд, хонаву дарашонро гирифта зиндагӣ кунанд. Модарам ба ёди набераҳояш суҳбат мекунад, вале ду сол мешавад, ки ҳеҷ хатту хабаре нест. Намедонем, ки дар куҷо ҳастанду чӣ ҳол доранд”, - гуфт ӯ.

Зумрад Сайдалиева
Зумрад Сайдалиева

Ашӯрмоҳ Сайдалиева мегӯяд, ки келинашон семоҳа ҳомиладор буд, ки ба Сурия рафт, вале баъд аз 6 моҳ тифли тоҷик дар хоки Сурия таваллуд шудааст. Хабари таваллуди кӯдаки тоҷикро дар майдони задухӯрд ба онҳо на келинашон, балки хонаводаи онҳо расондааст. Зумрад Сайдалиева, бибии ин кӯдакон мегӯяд, то ҳол ҳатто исми набераи «суриягиашро» намедонад. Вай мегӯяд, азбаски худаш се набераашро калон кардааст, барои онҳо ҳамеша ашк мерезаду онҳоро ёд мекунад.

Муҳре дар пешонӣ

Таҳлилгарон дар Хатлон мегӯянд, дар ҳоле, ки сокинони кишвар тариқи интернет мағзшӯӣ мешаванду ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мепайванданд, бузург шудани кӯдакон дар ҳолу ҳавои задухӯрдҳои Сурия ба онҳо бетаъсир нахоҳад буд.

Фаррухи Хатлонӣ, як таҳлиилгаре аз водии Вахш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар рӯзе ин кӯдакон ба Тоҷикистон баргардонда шаванд ҳам, дар хоки Сурия будани онҳо чун мӯҳре дар пешонаашон хоҳад буд. “Вақте падару модарашон зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ба Сурия мераванд, табиӣ аст, ки онҳо ба амали падару модар ва он чизе, ки мебинанд, тақлид мекунанд. Он чизеро, ки ба чашми худ мебинанд, ислоҳ карданашон душвор аст”, - афзуд ӯ.

Акси Маҳмадшариф бо ҳамсараш Сарвиноз
Акси Маҳмадшариф бо ҳамсараш Сарвиноз

То ҳол матбуот дар бораи хабари эҳтимолии бозгашти хонаводае бо кӯдакон аз Сурия ё Ироқ хабаре пахш накардааст. Гузоришҳои мухталифи байналмилалӣ ва бархе таҳқиқоти ғарбӣ мегӯяд, ки кӯдакони воқеъ дар қаламравҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам қурбони амалҳои хушунатомези ин гурӯҳи террористӣ мешаванд.

Ҳодисаҳои даст ба қатли боздоштшудаҳо задани кӯдакон, истифода шудани онҳо ба ҳайси бомбгузори маргталаб ва ё ба ҳайси бардаи ҷинсӣ зиёд ба матбуот роҳ меёбад. Ҳарчанд собит кардани дурустии ин ҳодисаҳо тавассути манобеи боэътимод на ҳамеша имкон дорад, пахши аксу видеоҳо ба саҳнаҳои хушунатомез бо ширкати кӯдакони ба истилоҳ "доишӣ" зиёд рух додааст.

Соли 2015 шумораи кӯдакон дар Сурия аз вилояти Хатлон 30 нафар гуфта мешуд, вале тибқи омори ахире, ки аз сӯи масъулини Идораи амният дар суҳбатҳо бо мардум садо медиҳад, 62 ноболиғ аз ин вилоят дар Сурия қарор доштаанд.

Шумораи сокинони вилояти Хатлон, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, 403 нафар гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 46 нафарашон занон будаанд. Баъди кушта шудани беш аз 30 ҷавони вилоят дар задухӯрдҳои Сурия тақдири занону кӯдакон барои наздиконашон норӯшан боқӣ мондааст ва маълум нест, дар кадом кӯчаҳои Сурия онҳо қарор доранд.

XS
SM
MD
LG