Пайвандҳои дастрасӣ

Марям Давлатова: "Мағзи ташна ҳама чизро фурӯ бурд". ВИДЕО


Марям Давлатова

Дар Тоҷикистон барномаи нави "Волидон алайҳи ифротгароӣ" роҳандозӣ шуд, ки ҳадафи асосиаш ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои мамнӯъ аст. Ба ин барнома гурӯҳе аз коршиносон ҷалб шуда, миёни волидон кор мебаранд. Марям Давлатова – равоншинос ва таҳлилгари масоили гендерӣ – яке аз онҳост.

Мардум ҳеҷ вақт ба ҷое намераванд, мардум аз ҷое мераванд. Ҷое, ки барои онҳо хуш нест, аз он мераванд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Марям Давлатова дар бораи омилҳои ифротгаро шудани занон, нақши онҳо дар роҳи мубориза бо ин мушкил ва аз кору зиндагии худ сухан гуфт. Давлатова мегӯяд, бештари занон бо амру хости шавҳару бародаронашон зери фишор ё аз рӯи хурофоту ақидаҳои ифротӣ аз пайи онҳо рафтаанд, на аз рӯи ақида. Ба таъкиди ин равоншинос, ифротгароӣ нишонаҳои рӯшан дорад, вале волидон дар аксар ҳолат ин нишонаҳоро намешиносанд ва бинобар ин наметавонанд сари вақт барои баргардондани фарзандони худ аз ин роҳ коре кунанд.

Суҳбати видеоӣ дар инҷост:

Радиои Озодӣ: Дар кишварҳои ҳамсоя ва ҳам Тоҷикистон як тамоюле ба самти мазҳабишавии ҷомеа ҷараён дорад. Ба назари Шумо, ин тамоюл аз куҷо маншаъ мегирад?

Марям Давлатова: "Аслан натиҷаи ташнагӣ аст. Дар 70 соли Шӯравии пешин сиёсати давлат динситезӣ буд. Мардуми Шарқ мардуме ҳастанд, ки бе ғояи илоҳӣ ҳастии худро тасаввур карда наметавонанд. Баробари аз байн рафтани фишору амрҳо ин ташнагии онҳо якбора рӯ заданд. Аз сӯи дигар, ин тамоюл ба раванде рост омад, ки давраи нобасомониву даргириҳо буд. Даврае буд, ки ҳама дарвозаҳо боз буд ва ҳама чиз ворид шуд. Ғояҳои хориҷиро чун моли хуб қабул кардем. Яъне, аз дарвозаҳои бозу беэҳтиёти мо ҳар касе чизе хост, ворид кард ва мағзи ташна ҳама чиро фурӯ бурд. Ин хеле монанд аст ба давраи гузариши навҷавонӣ, ки аз 12 то 18-солагӣ бисёр чизҳоро бе таҳлил қабул мекунад. Ин давра ҳам ба ҳамин монанд аст, ки мо ҳама чизро бе таҳлил қабул мекардем. Имрӯз мо медонем, ки кадом ғоя ба манфиати мо аст ва аз кадом андеша бояд парҳез кунем."

Барномаи "Волидон алайҳи ифротгароӣ" аз сӯи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Мақомот дар кишвар борҳо аз пайвастани занон ба гурӯҳҳои ифротӣ хабар дода буданд ва чанд ҳодисаи боздошти занон бо ин иттиҳом ҳам расонаӣ шуда буд. Кумитаи занони Тоҷикистон гуфт, ки 90 дар сади занони тоҷик зери хушунати шавҳарон ва бидуни хоҳиши худ ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. То куҷо ба ин андеша розӣ ҳастед? Фикр мекунед заъфи занҳои тоҷик дар чист?

Агар зан донад, ки роҳи мерафтаи шавҳар ба куҷо мебарад, ӯро огоҳ мекунад ё ҳадди ақал худу фарзандонро ба ин бало гирифтор намекунад.

Марям Давлатова: "Аслан ин мушкил танҳо хоси занони тоҷик нест, ҳатто дар Ғарби пешрафта ҳам ин гуна ҳолатҳо ҳастанд. Мисолҳои аз онҷо ба гурӯҳҳои ифротӣ рафтани занон низ ҷой доранд. Мушкили мо ин аст, ки занон то ҳанӯз дастнигари мардонанд. Мушкили дигари Тоҷикистон он аст, ки дар аксари ҳолатҳо мардум хушунати хонаводагиро намешиносад. На хушунатгару на хушунатдида. Мардум ҳамеша гумон мекунанд, оне, ки маблағ меораду ҷинсаш мард аст, ҳаққи амр додану фишор оварданро дорад. Ин ғалат аст ва ҳам барои мард ва ҳам барои зан мушкил эҷод мекунад. Як омили ба ифротгароӣ майл кардани занон ҳам ҳамин аст. Як чизи дигари хеле содда ҳам ҳаст. Мардум ҳеҷ вақт ба ҷое намераванд, мардум аз ҷое мераванд. Ҷое, ки барои онҳо хуш нест, аз он мераванд. Аммо дар масъалаи ифротгароии занон, ин ҷо духтароне, ки аз Тоҷикистон мустақим рафта бошанд, хеле каманд, вале занҳое ҳастанд, ки бештар аз паси шавҳарони худ рафтаанд. Ин вобастагӣ аст. Боз ҳам бо ҳамон андеша, ки аз хатти кашидаи шавҳар берун рафтан мумкин нест. Як сабаби дигар – ин ноогоҳии занон ё надоштани иттилои дуруст аст. Агар зан донад, ки роҳи мерафтаи шавҳар ба куҷо мебарад, ӯро огоҳ мекунад ё ҳадди ақал худу фарзандонро ба ин бало гирифтор намекунад."

Радиои Озодӣ: Як тамоюле, ки дар солҳои ахир рӯ зад, ин аст, ки волидон бештар мутеи ақидаи як нафар ва он ҳам фарзанди худ гаштаанд. Чаро ҳарфи падари хонадон дар баробари фарзанд камранг шудааст?

Марям Давлатова. Акс аз бойгонӣ
Марям Давлатова. Акс аз бойгонӣ

Марям Давлатова: "Фикр мекунам, замоне падару модар масъулияти худро ба зиммаи худ нагирифтаанд. Замоне заъф дар тарбияи онҳо буд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд, ки падару модарон худ ба писарони хона мегӯянд: «хоҳаратро саришта кун». Ҳамин боис мешавад, ки писар худро масъули хоҳарон мегирад ва фикр мекунад ҳақ дорад. Падару модарон то замоне зинда ҳастанд, бояд масъулияти худро аз сар соқит накунанд."

Радиои Озодӣ: Бисёр модарони ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастаанд, зимни сӯҳбат бо расонаҳо мегӯянд, аслан тасаввур намекарданд, ки фарзандашон ба ин роҳ меравад, чун бачаи хубу донишманд буд. Ин модарон аксарият, намедонанд дар куҷо иштибоҳ кардаанд ва чаро чунин шуд. Фикр мекунед, иштибоҳи модарон ё аслан нуқс дар чӣ буд?

Марям Давлатова: "Аввалан дар ҳама мушкил модарро гунаҳкор донистан дуруст нест. Ин иштибоҳи ҷомеа ҳаст, ки мо ҳамеша модарро тарбиятгари асосӣ мегӯем. Модар барои фарзанд фақат як давраи кӯтоҳ, то 6 - 7 сола шудан таъсиргузор аст. Он тараф фарзанд намунаи рафтори худ падарро интихоб мекунад. Шояд дар ҷомеаи мо мушкил камбуди таъсири падар дар оила бошад. Тарафи дигар он аст, ки худи хатари ифротгароӣ чун ҳама дигар дардҳои нави ҷомеа нишонаҳое дорад ва ҳанӯз оилаҳои тоҷик ба пуррагӣ намешиносанд. Чун ҳолатҳое ҳаст, ҷавоне, ки ба ин ҳаракатҳо ҷалб мешавад, воқеан орому бомаънӣ мешавад, агарчи то он вақт гапнодаро буд. Ё аз дӯстони қаблиаш парҳез мекунаду доираи дӯстонаш нав мешаванд. Падару модар бояд дар ин маврид хеле бодиққат бошанд ва фикр кунанд, ки чаро худ ба худ ин тавр шуд? Ин таъсири кӣ аст? Кӣ аст он мударрис ё дӯсти нав? Мушкили мардуми мо дар ин масъала ҳамон соддадилӣ ва бепарвоӣ аст."

Лаҳзае аз суҳбати Зарангези Наврӯзшоҳ бо Марям Давлатова
Лаҳзае аз суҳбати Зарангези Наврӯзшоҳ бо Марям Давлатова

Радиои Озодӣ: Шумо аслан дар мавриди мушкилоти занону нақши онҳо дар ҷомеаву хонавода сӯҳбату пешниҳодҳои хуб мекунед. Ҳоло дар як мавзӯи доғи дигари хонаводаҳо назари Шуморо донистан мехоҳем. Тавре маълум, талоқ миёни хонаводаҳо афзоиш ёфтааст. Бисёре аз мардон ба ин назаранд, ки қонун як навъ ба занҳо имтиёз додааст ва бо оҷиз нишон додани занҳо аксаран ҳуқуқи онҳо поймол мешавад. Воқеан, дидгоҳи ҷомеа, ки аксаран мардро бад нишон медиҳанд, то куҷо заминаи воқеӣ дорад?

Марям Давлатова: "Гап сари он аст, ки ҳам зан ва ҳам мард дар ҳолати худашон чӣ мушкиле доранд? Мо аввал бояд инро муайян кунем. Мо мақоми мардону занонро то ҳанӯз мушаххас накардаем. Мо намедонем, ки марду зан чӣ вижагиҳо доранд, аз нигоҳи равоншиносӣ, аз нигоҳи миллӣ, аз нигоҳи фарҳанг. Мутаассифона як раванде ҳаст, ки тамоми оламро фаро гирифтааст. Заиф шудани мардонагӣ дар мардон. Мардонагии равониву иҷтимоӣ дар мардон. Яъне мо камолоти мардонро таъмин карда натавониста истодаем аз нигоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ. Вақте мард аз ин ду ҷиҳат ба камолот нарасидааст, ӯ наметавонад рисолати шавҳар ва падарро дар хона иҷро кунад. Аксари мушкилот аз ин ҷо сар мезанад. Мо дар симои занон фақат хизматгори хонадонро мебинем ва ба зиммаи мардон ягон масъулияти хос нагузоштаем. Баъзан мегӯем онҳо бояд таъмин кунанд, вале дар шароити имрӯзаи бӯҳронӣ вақте вай ҷойи кор надораду зиндагиро пеш бурда наметавонад, фақат як ғурури холӣ мемонад. Қарорро дар 80 дар сади ҳолатҳо дар оила то 40-солагии мард падару модар қабл мекунанд. Модар мегӯяд, занатро пеш кун, модар мегӯяд, занатро биёр. Ин як калобаи печида асту як ҷавоби содда надорад. Ман фикр мекунам хеле хуб мешавад, агар мо таҷрибаи дигар кишварҳоро, ки бо истифодаи донишҳои равоншиносӣ аксар масъалаҳоро ҳал карданд, истифода барем дар ин маврид."

Радиои Озодӣ: Шумо ҳоло бештар ҳамчун равоншинос фаъолият дореду тавассути барномаи телевизоние ҳам кумаку машваратҳои равонӣ медиҳед, мегуфтед, ки имрӯз то куҷо талабот ба кори равоншинос зиёд аст? Мардум бештар бо кадом мавзӯъ муроҷиат мекунанд?

Марям Давлатова: "Падару модароне, ки бо наврасон мушкил доранд, муроҷиат мекунанд. Волидон ҳушёр шудаанд, бисёр чизҳоро омӯхтаанд. Мегӯянд, ки фарзанди ман дар ҳолати дилгир аст, бо мо сӯҳбат намекунад. Баъзан як сӯҳбат кофӣ аст, ки аз як ҳолати бисёр душвор як оиларо мо раҳо кунем."

Адҳам Бобоев, ҳамсари Марям Давлатова
Адҳам Бобоев, ҳамсари Марям Давлатова

Радиои Озодӣ: Дар бораи оилаи худи шумо сӯҳбат кунем агар, муаллима то ҷое медонем, ҳамсафари зиндагитонро, ки мисли худатон як шахсияти маъруф дар соҳаи худ физика буданд хеле барвақт аз даст додед. Аз ин зиндагии кӯтоҳи муштарак чӣ хотираҳо доред ва то куҷо он мушкилоте, ки имрӯз аксар занон дар хонаводаҳо доранд барои шумо ошност?

Марям Давлатова: "Аслан хотираҳои рӯшан нестанд. Зеро зиндагии мо чунон орому осуда буд, ки баъзан шӯхӣ карда мегуфтам, дар сӯҳбатҳо занон аз шавҳаронашон шикоят мекунанд, шумо ҳам ягон коре кунед, ки ман аз шумо шикоят карда тавонам. Хеле одами ботамкин ва саршори муҳаббат буданд. Саодати оиладории моро камолоти зеҳниву равониву иҷтимоии мо таъмин кард. Ман вақте хонадор шудам, 35 сол доштам, он кас 55-сола буданд. Замоне буд, ки мо аллакай медонистем, арзиши аслии зиндагӣ чист ва сари майда-чуйдаҳо аслан ягон баҳс пайдо намешуд. Дар тӯли 17 соли зиндагии муштарак фақат 2 дафъа муноқиша доштем. Аммо ҳолати қаҳрӣ шудани мо набуд. Ҳар кас кори худро медонист ва он кас тамоми рисолати худро ҳамчун падару шавҳар иҷро мекарданд ва ман ҳам чун бонуи хона агарчӣ серкор ҳам будам ҳар коре аз дастам меомад, иҷро мекардам."

Радиои Озодӣ: Шумо аз гурӯҳи занҳое ҳастед, ки ба танҳоӣ фарзандони худро ба по мондед. Ҳоло фикр мекунед, то куҷо дар иҷрои рисолати модарии худ муваффақ шудаед? Агар имкон мебуд чиро ислоҳ мекардед?

Марям Давлатова: "Солҳое, ки кӯдаконам хурдсол буданд ва ба хотири пайдо кардани маблағ ман сафарҳои зиёд доштам. Кӯдакони хурдсол зуд бузург мешаванд ва давраи аз ҳама ширинии кӯдакон дар хотирам хеле кам монд. Аммо ман аз зиндагиам шикоят надорам ва он ҷойҳое, ки он вақт пур карда натавонистам, баъдан тавассути илми равоншиносӣ пур кардам. Фарзандонам инсонҳои хуб ҳастанд, тавонистам ба онҳо камолоте, ки дар зеҳни худам буд ва аз падарашон чизе гирифтам, ҷуброн кардам. Ҳоло ҳам мешавад ҳолатҳое, ки кӯдакиашон ба ёдашон меояду мегӯянд, “модарҷон ман ҳамон вақт дар фалон ҳолат будам, аммо шумо дар барам набудед”. Баъд аз гузаштани 20 сол ман аз онҳо барои кӯдакиашон узр мепурсам."

Марям Давлатова. Акс аз бойгонӣ
Марям Давлатова. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ: Дар баробари корҳои равоншиносӣ мушоҳида мешавад солҳои ахир бештар ба шеърнависӣ ҳам рӯ овардед?

Марям Давлатова: "Медонед, шеър моли ҳамаи инсонҳост. Аз замоне ки кӯдак будам, шеър бо ман буд, вале шояд фикр мекардам ин чизи чандон муҳим нест бароям ва ҳарчанд шеър меомад, вале онро дар ҷое сабт намекардам. Солҳои ахир баъди ба кори равоншиносӣ рӯ оварданам, дар як сабақи устодони эронӣ сахт таккон хӯрдам. Як устоди аҷиб, ки номашон Курдӣ буд, дар як сӯҳбати 8-соатаи мо 4 бор ҳолати моро пурсон шуданд ва ҳамон ҳиссиётро ба шеър гардонданд ва ман дидам, ки он 2 мисраъ чӣ гуна ҳар одамро дигаргун мекард. Қудрати шеърро фаҳмидам ва ба шеърҳое, ки меомаданд, иҷоза додам, ки бирезанд. Соли гузашта як маҷмӯае ҳам чоп кардам, ки дар он шеърҳои пешинаам ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳоло шеърҳое, ки дар саҳифаи Фейсбук баъзан мегузорам, дар шакли як маҷмӯаи дигар дар арафаи чопанд. Барои ман шеър як усули пок кардани равон аст."

Радиои Озодӣ: Дар кадом мавзӯъҳо бештар менависед?

Марям Давлатова: "Гап сари ин аст, ки шеър мақолаи журналистӣ нест, мавзӯи онро интихоб кардан номумкин аст. Шеър чӣ тавре ҳаст, ҳамон тавр меояд. Вале чизе, ки барои равонам мувофиқ аст, фалсафаи зиндагӣ, мавқеи инсон ва мавқеи муҳаббат дар зиндагӣ аст. Мисли ин шеърам, ки боз ҳам аз муҳаббат аст:

Олам биҳишт мешавад, он гаҳ ки бо манӣ,

Некӯсиришт мешавад, он гаҳ ки бо манӣ.

Дар ҳар назора шӯълаи лутфи Худо бувад,

Бахт сарнавишт мешавад, он гаҳ, ки бо манӣ.

Мухотаби ин шеър писарам аст ва воқеан вақте модару фарзанд дар бари якдигаранд барои онҳо дигар ин олам худаш биҳишт аст."

Радиои Озодӣ: Ҳоло фаъолияти аслиятон аз чӣ иборат аст?

Марям Давлатова: "Як кори хеле аҷиб дорам. Имрӯз шогирди як мактаби бузурги тиҷоратӣ ҳастам. Гумон мекунам, имрӯз барои миллати тоҷик ҳамин тафаккури тиҷоратӣ намерасад. Мо ҳама корро метавонем, вале пул оварда наметавонем, мо рӯзгорро таъмин карда наметавонем, зеро ба корҳои каммузд тан медиҳем ва дар ҷустуҷӯи худамон дар олами тиҷорат нестем. То имрӯз ман ҳам гумон мекардам, ки ман барои тиҷорат нестам. Имрӯз дар ин мактаб ман ҳам меомӯзам ҳам донишҳои равоншиносиро ба тоҷирон меомӯзонам."

Яке аз китобҳои Марям Давлатова
Яке аз китобҳои Марям Давлатова

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳадаф фақат омӯхтану омӯзондан аст ё мехоҳед худатон вориди тиҷорат ва миллионер шавед?

Марям Давлатова: "Мехоҳам тиҷоратро аз худ кунам. Ин мактаби миллионерҳо аст. Миллион барои одамоне, ки таҷрибаи замони Шӯравиро доранд, бисёр рақами бузург аст. Барои ин меҳнати интеллектуалӣ лозим аст. Дар ин дарсҳо фақат донишҳои зеҳнӣ аст, он чизест, ки табъи дилам аст. Мехоҳам он миллионере бошам, ки илми миллионро ба дигарон расонам."

Радиои Озодӣ: Ба модарон ва занон шумо чӣ машварат медиҳед, то дар зиндагӣ муваффақ бошанд?

Марям Давлатова: "Дар зиндагӣ ҳар инсон бояд аввал ба қадри худ бирасад. Ҳар саҳар хестед назди оина биистед ва бубинед чӣ муъҷизае ҳастед шумо. Аз байни одамҳо беҳтарин ҳастед, чун шумо зан ҳастед, модару хоҳар ҳастед, аз дасти шумо ҳамаи кор меояд. Шумо метавонед дунёи худу дигаронро тағйир бидиҳед. Ин қудратро бишносед. Агар инсон ҳар саҳар дар рӯ ба рӯи ойина ин суханонро бигӯяд, биҳиштро барои худ дар рӯйи замин месозад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG