Вазорати дифои Амрико гуфт, бар асари ҳамлаи маргталабона дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром, дар канори Кобул, пойтахти Афғонистон 6 сарбози амрикоӣ кушта шуданад. Вазири дифои Амрико Эш Картер дар як баёния гуфт, дар бомбгузории рӯзи 21 декабр дар Багром ду низомии дигар ва як корманди қарордодии Амрико низ ҷон бохтаанд.
Ҳамлаи рӯзи 21 декабр хунинтарин ҳамла алайҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон аз моҳи август ба ин тараф мебошад.
Бомбгузори маргталаб вақте худро мунфаҷир кард, киин низомиҳои кушташуда дар як маъмурияти дидбонӣ қарор доштанд.
Хабаргузориҳо бидуни бурдани ном аз қавли як мақоми амрикоӣ хабар доданд, ки дар байни захмиҳо як сарбози афғон ҳам ҳаст.
Пентагон ва Кохи Сафед ба хонаводаҳои 6 сарбози кушташудаи Амрико изҳори таслият карданд, вале гуфтанд, ки Амрико ба пуштибониша аз мардуми Афғонистон ва ҳукумати он кишвар содиқ боқӣ мемонад.
Ҳамлаи хунин ба нирӯҳои Амрико дар ҳоле сурат гирифт, ки хабарҳои расида аз Афғонистон ҳокии авҷи нави хушунатҳо дар ин кишвари ҷангзада дар пайи анҷоми маъмурияти ҷангии нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрикост.
Рӯзи 21 декабр мақомоти Афғонистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон гузаштани як вулусволии муҳим дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби ин кишварро тасдиқ карданд. Муҳаммадҷон Расулёр, муовини волии Ҳилманд гуфт, ҷангҷӯёни Толибон баъди чанд рӯзи даргириҳо вулусволии Сангинро ба даст оварданд. Ба гуфтаи Расулёр, танҳо таъсисоти урдуи давлатии Афғонистон дар ҳудуди вулусволии Сангин хориҷ аз назорати чирикиҳо боқӣ мемонад. Набардҳо дар Сангин ҳанӯз идома дорад.
Ду рӯз қабл Муҳаммадҷон Расулёр бо як ибтикори бесобиқа аз тариқи шабакаи Фейсбук раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғаниро ҳушдор дода буд, ки вилояти Ҳилманд дар ғайри сурати ирсоли кумакҳо таҳти хатар қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар як моҳи охир 90 тан аз нирӯҳои амниятӣ дар Ҳилманд ҷон бохтаанд.
Расулёр дар номаи саркушодааш ба раисиҷумҳур навишт, ҷангҷӯён вулусволии Хонашинро алакай таслим кардаанд ва бо ҳамла ба вулусволии Марҷаҳ назорати шоҳроҳи асосӣ ба сӯи Лашкаргоҳ, маркази маъмурии вилояти Ҳилмандро низ ба даст овардаанд. Ӯ афзуд, нирӯҳои байналмилалӣ ба нирӯҳои афғон дар Ҳилманд кумак намерасонанд ва танҳо ба назорати вазъ машғуланд.
Абдулҳай Охунзода, вакили парлумон аз вилояти Ҳилманд гуфт, вазъи амниятӣ дар саросари ин вилоят бадтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, даргириҳо бо ҷангҷӯёни Толибон дар 5 вулусволии Сангин, Вашир, Наҳри Сироҷ, Хонашин ва Марҷаҳ идома доранд.
Вилояти Ҳилманд, ки бузургтарин макони тавлиди афюни ҷаҳон ба шумор меравад, барои Толибон як пойгоҳи муҳим аст. Қарори маълум, қочоқи маводи мухаддир як манбаи умдаи таъмини молии фаъолиятҳои чирикӣ эътироф шудааст.
Хушунатҳо дар саросари Афғонистон дар пайи анҷоми маъмурияти ҷангии нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико дар як соли пеш авҷ гирифт.
Вулусволии Сангин танҳо минтақа дар Афғонистон нест, ки таҳти назорати ҷангҷӯёни Толибон қарор мегирад.
Дар поёни моҳи сентябр ҷангҷӯён шаҳри аз нигоҳи стратегӣ муҳими Қундузро дар шимоли Афғонистон барои чанд рӯз тасарруф карданд ва ба нирӯҳои давлатӣ танҳо баъди ҷалби нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, ки чирикиҳоро аз Қундуз берун кунанд.
Ҳамин тавр, беш аз як моҳ боз вулусволии Дарқади вилояти Тахор, воқеъ дар марз бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон, таҳти назорати ҷангиёни Толибон боқӣ мемонад. Дар ибтидои моҳи декабр дар бораи тасарруфи вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшон аз сӯи чирикиҳо гузориш шуда буд.
Дар пасманзари ин ҳама нигарониҳо дар ҳоли афзоиш аст, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон тавони муқобилаи комил ба мавҷи афзояндаи таҳрикҳои чирикиро надоранд. Аммо бо ин вуҷуд дар ҳоли ҳозир ҳанӯз масъалаи бозгашти дигарбораи нирӯҳои хориҷӣ ба ин кишвари ҷангзада матраҳ нест. Паймони низомии НАТО дар нишасти ахираш қарор кард, ки маъмурияташ дар Афғонистонро дар соли 2016 дар сатҳи соли равон, яъне бо ҳудуди 12 000 афсару аскар, ҳифз кунад ва асосан машғули кумак ва тамрини нирӯҳои амниятии маҳаллӣ шавад.
Умуман дар вакташ низ Махмадсаид Убайдуллоев натавонист пеши боло бурдани нарху наворо гирифта.Лекин як шахсе буд, ки дастхояш пеши бар хал мекард ин проблемарро, ба ном Муродали Алимардонов. Чун ки ин марди Худо аз хисоби худ таъмин мекард хамаи бозорхоро. Шахрдор - Рустами Эмомалиро, мебояд барои обу ру худ хамин тавр амал кард.
Агар кудакон масчид раванд, сохиби эмону маънавиёт мешаванд. Агар ин гуна шаванд, чашмашон ба зулму ноадолатии хукумат боз мешавад. Ва ин дар интереси хукуматдорон нест! (Онхо медонанд ки то 18 сола агар фарзанд масчид наравад, пасон хело шанси кам аст ки масчидрав шавад) Лекин ИншоАллох ин конунхои золимона ба наздики аз байн хохад рафт!
Завчаам дар яке аз муассисахои таълими пойтахт муаллима шуда кор мекунад! Пас,аз эмгузарони чор руз таб,баландшавии фишор дард дар бугумхо ва бехоливу бемадори пайдо шуд,ки чор руз ба кор набаромад!
Аз с1853 то Хол зимоми такдирсози иктисоди ва сиеси дар Осиеи М дасти русхост афсона нахонед.Халлок инсонро бо ризкаш меофарад Ана ин идеяи Милли аст Чун аз асосхои динии мо ин мафхум сарчашма мегирад.инвеститсия рохи начот аст.Точикистон сохахои бисери даромадноки инвеститсиони дорад.Пас Ки ва Чи монаи рохи инвеститсия ва Рушди мамлакат аст...?Нагзаш идеологиям шукронаро такмил дихем
Барои ҳамин мегуянд, ки дин бозичаи дасти ҳокимон аст. Дар сари мардум вируси динро, ки андохтӣ, ба номи он ҳар кори дилат хостаро мекунӣ. Мисли ҳамин мардуми мо, ки ба ҷои талош ва талаби ҳақиқат, ҳамаро аз он персонажи афсонавии яҳудиёни қадим мебинад. Мардумро бесавод карда, ба ҷои саводу мантиқу шуур, динро ҷо карда истодаанд. Ин се чиз, ки коста шуд, ақл ҳам коста мегардад. Ақл, ки коста гардид, тарс фарогир мешавад. Тарс меваи бесаводист!