Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон талоши ғасби панҷ ноҳияи Ҳилмандро доранд


Мақомоти вилояти Ҳилманд аз эҳтимоли аз даст рафтани панҷ ноҳия бонги изтироб мезананд, аммо вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки, баръакс, дар ҷангҳо толибон талафоти зиёд додаанд.

Муҳаммад Ҷон Расулёр, муовини волии Ҳилманд дар як нома тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки чанд ноҳияи ин вилоят шояд ба удӣ дар ихтиёри мусаллаҳони толибон қарор бигиранд. Ӯ аз сарвари давлат илтиҷо кардаст, ки ҳарчӣ зудтар ба Ҳилманд нерӯи иловагӣ фиристад, дар акси ҳол чанд ноҳия аз назорати ҳукумат хориҷ мешавад.

Айни ҳол дар чанд минтақа, аз ҷумла, мавзеъи Сангин набардҳои шадид идома доранд ва эҳтимолан толибон ба зудӣ вориди ин мавзеъ мешаванд, гуфтааст Муҳаммад Расулёр.

Абдулҳай Охунзода, муовини раиси комиссиюни амнияти дохилии парлумони Афғонистон аз Ҳилманд ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даргириҳои шадид дар панҷ ноҳия идома доранд ва эҳтимоли суқути онҳо хело бузург аст. Ӯ ҳам хостори фиристодани нерӯҳои тознафас ба ин минтақаҳо шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар Ҳилманд қаблан ҳам даргириҳои шадид ба вуқӯъ пайвастаанд, аммо ҳоло агар ба ноҳияҳои Сангин, Вошер, Насраҷ, Авқонишин нерӯҳои иловагӣ фиристода нашаванд, таҳти назорати толибон гузаштани ин манотиқ аз эҳтимол дур нест.

Генерал Давлат Вазирӣ
Генерал Давлат Вазирӣ

Генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 20 декабр ҷангҳо дар Ҳилмандро тасдиқ кард ва аммо гуфт, ки дар ҳама набардҳо Толибон талафоти бузург додаанд. “Муовини волӣ ҳарчӣ мегӯяд марбут ба худашон аст, аммо нерӯҳои мусаллаҳи пурифтихори мо қаҳрамонона ба муқобили душман меҷанганд ва қимати хуну сари худ аз кишвару мардуми худ дифоъ мекунанд”, изҳор намуд ӯ.

Ба гуфтаи генерал Вазирӣ, ба иттилои расмӣ, дар ноҳияи Гиришк 59 нафар, дар Вошер 67 нафар ва дар Хоннишини Ҳилманд 21 нафар аз мухолифини давлат кушта шудаанд.

Сухангӯи вазорати дифоъ тайид кард, ки нар набардҳо 11 сарбози ҳукуматӣ ҳам ҷон бохтаанд.

Афзоиши ноамниҳо дар вилояти Ҳилманд дар ҳолест, ки вазорати дифои ИМА ахиран дар як гузориш ба Конгресси Амрико гуфтааст, вазъи амниятӣ дар Афғонистон дар нимаи дуввуми соли равон вахимтар шудааст.

Вилояти Ҳилманд дар гузаштаҳо низ яке аз марказҳои шӯришиён ба шумор мерафт ва онҳо баъд аз хуруҷи неруҳои эътилофи байналмиллалӣ ҳамлаҳои худро афзоиш додаанд. Дар ин вилоят то хатми амалиёти НАТО дар Афғонистон дар соли гузашта, пойгоҳҳои низомии нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёвӣ ҷойгир шуда буданд.

Ҳилманд аз марказҳои бузургтарини парвариши хашхош дар ҷаҳон ҳам маҳсуб мешавад. Ба иттилои Кобул, толибон тобистони соли равон баъди ишғоли се ноҳияи вилояти Ҳилманд дар ин ҷо пойгоҳ ёфта, ҳоло тавлиди афюн ва роҳҳои асосӣ ба сӯи Эрону Покистонро, ки барои қочоқи ҳероин ба Аврупо истифода мешаванд, назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG