Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ: «Вазъ дар марз бо Чин ором аст»


Дар робита ба ошӯб ва куштор дар минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистони Чин хадамоти марзбонии тоҷик мегӯяд, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Чин ором ва зери назорат аст.

Дар ҳоле ки хабаргузории расмии Чин «Синхуа» аз ҳалокати 13 нафар дар ошӯбҳои се шаҳри Вилояти мухтори Шинҷону Уйғур хабар медиҳанд ва гуфта мешавад, ду шаҳр дар наздикии марз бо Тоҷикистон воқеанд, Хадамоти марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин нооромиҳо ба марзи байни ду давлат таъсире надоштаанд.

Рӯзи 29-уми июл дар шаҳракҳои Элишкуи ноҳияи Шаче Ксиан, Хуандӣ ва Ёрканди Чин, дар марз бо Тоҷикистон, бар асари ошӯбҳо 13 нафар қурбони ҳамлаи норозиён шудаанд.

Як манбаи мӯътамад дар Сарраёсати сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки бо супориши генерал Раҳмоналӣ Раҷабалӣ -- фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон вазъи амниятии сарҳади Тоҷикистон бо Чинро шарҳ медод, гуфт, ки вазъи марзи Тоҷикистон бо Чин ҳамаҷониба ором аст.

Ин манбаъ афзуд, нооромие, ки дар Урумчии Чин рух додааст ва ҳарчанд минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, вале ин ба вазъи марзи Тоҷикистон ҳеҷ иртибот надорад ва хатти марзи муштарак ҳамаҷониба таҳти назорати қисми сарҳадии Тоҷикистон қарор дорад. Ба гуфтаи ин манбаъ, вақте дар Урумчӣ додгоҳи маҳаллӣ ҳукми қатли 13 нафарро эълон мекунад, эътирози мардумро ба вуҷуд оварда, боиси ноооромиҳо шудааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии Чин «Синхуа» даҳҳо нафари мусаллаҳ дар шаҳраки Элишкуи ноҳияи Шаче Ксиан бо аслиҳаи сард ба идора ва муассисаҳои давлатӣ ва посгоҳҳои полис ҳамла карданд. Қисме аз онҳо дертар ба шаҳраки Хуандӣ ҳамла кард. Дар он ҷо онҳо ба раҳгузарон дарафтоданд ва мошинҳои оддиву полисро ба оташ кашонданд.

Вилояти мухтори Шинҷону Уйғур яке аз минтақаҳои барои Чин мушкил аст, зеро сомзону гурӯҳҳои пинҳонкори он барои ҷудоии ин минтақа аз Чин мубориза мекунанд. Онҳо ҳукумати Чинро масъули поймол шудани ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ мешуморанд. Манобеи давлати Чин мегӯянд, дар ин ҷо гурӯҳ ва созмонҳои тундрави исломӣ амал мекунанд ва пайваста суботро дар ин ҷо баҳам мезананд.

Вилояти Шинҷон-Уйғур бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз буда, ақалияти бузургтарини қавмиаш уйғурҳоянд, ки забонашон аз хонаводаи забонҳои туркист. Дар минтақаи Тошқӯрғони вилояти Шинҷон тақрибан 70 000 тоҷикҳо низ ба сар мебаранд, ки ба лаҳҷаи сарикӯлӣ ҳарф мезананд.

XS
SM
MD
LG