Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Шинҷон як "гурӯҳи террористӣ"-ро боздошт кардаанд


Матбуоти давлатии Чин навиштааст, ки пулис аъзои як “гурӯҳи террорист”-ро дар минтақаи дурафтодаи Шинҷон боздошт кардааст. Бино ба гузоришҳо, аз онҳо 5 терорристи эҳтимолӣ ва ним тон маводе ба даст омадааст, ки аз он сохтани бам имконпазир аст.

Боздошт 26 май дар минтақаи Ҳотан дар вилояти Шинҷон анҷом гирифтааст. Дар давоми моҳи май 200 нафари машкук аз 23 гурӯҳи террористӣ боздошт шудаанд. Чин дар Шинҷон амалиёти яксолаи зидди террористӣ эълон кардааст. Дар ин минтақа аслан уйғурҳо ба сар мебаранд, ки аҳолии мусулмонанд.
XS
SM
MD
LG