Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Замин мегирем, аммо кӣ ёрӣ мекунад, то аз нав хона созем?" ВИДЕО


Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) ба сокинони осебдидаи Порвору Мулёб дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) замин пешниҳод кардаанд, то барои худ манзилҳои наву амн бунёд кунанд. Аммо на ҳама омода шудаанд, ки маҳалли зисти худро ба минтақаи дигар дар фосилаи 250 километр дуртар иваз намоянд.

Замин мегирем, аммо кӣ ёрӣ мекунад, то аз нав хона созем? Ҳарчанд ариза навиштам, ки замин бидиҳанд, вале то сохтани хона инҷоро тарк намекунам. То сохтани хона мо дар куҷо зиндагӣ мекунем?”

Сокинон мегӯянд, ки дар шароити кунунӣ бунёди хона барояшон гарон хоҳад уфтод. Офати табиии шаби 20 ба 21 апрели имсол дар рустои Порвору Мулёб панҷ хонаро комилан ва ҳудуди 30 манзилро қисман хароб кард. Дар натиҷа, зиндагии наздики 90 сокини маҳаллӣ дар хонаҳояшон номумкин гардид.

Асомуддин Шокиров, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон дар лаҳзаи аввали офат барои кӯчидан розӣ буданд, аммо баъдан аз раъйашон гаштанд. “Шумори сокинони осебдида ба 87 нафар мерасад. 22 нафаре, ки хонаҳояшон дар минтақаи хатарзо ҷой гирифтааст, бояд пеш аз дигарон кӯчонда шаванд. Ин ногузир аст”, - афзуд муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Пешниҳоди кӯч бастани сокинони деҳаҳои Порвору Мулёб дар ҳолест, ки аксар сокинони ин деҳот мегӯянд, имкони сохтани хонаҳои навро надоранд. Онҳо гуфтанд, ки ҳарчанд барои гирифтани қитъаи замин аз ноҳияи Ҷайҳун ариза навиштанд, вале наметавонанд ҳамин ҳоло деҳаро тарк карда, аз пайи бунёди хонаи нав шаванд.

Гузориши видеоӣ: Порвору Мулёб дар "муҳосира" мондаанд

Порвору Мулёб дар "муҳосира" мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

Сафаргул Ҳакимова, сокини деҳаи Порвор, гуфт, ҳамсараш чандин сол дар Русия карда, бо маблағи ҷамъовардааш хона сохта буд ва ҳоло бемор асту имкони молӣ надорад. Ҳакимова мегӯяд, “ҳарчанд номнавис кардем, вале ҳеҷ гоҳ хонаро тарк карданӣ нестем. Шавҳарам дигар қувваи кору аз нав сохтани хонаро надорад.”

Сафаргул Ҳакимова гуфт, ки “замин мегирем, аммо кӣ ёрӣ мекунад, то аз нав хона созем? Ҳарчанд ариза навиштам, ки замин бидиҳанд, вале то сохтани хона инҷоро тарк намекунам. То сохтани хона мо дар куҷо зиндагӣ мекунем?”

Ин бори аввал нест, ки ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои кӯчондани сокинон бо мушкил рӯбарӯ мешавад. Соли 2014 дар натиҷаи як офати табиӣ дар ҷамоати Саричашма 13 нафар қурбон шуда, даҳҳо хона валангор гашта буд. Баъд аз ин, кумисюн қарор кард, ки сокинон ба ноҳияи Данғара кӯчонда шаванд, аммо ин тасмим амалӣ нагардид. Сокинон он вақт низ пешниҳоди кӯчидан ба ноҳияи Ҷайҳунро рад карда буданд.

Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, ки онҳо дар баробари замин барои сохтани хона кумак ҳам мерасонанд ва то севуним ҳазор сомонӣ қарзҳои дарозмуддат ҳам медиҳанд. Вале сокинон мегӯянд, ин маблағ на барои сохтани хона кифоят мекунад ва на барои харҷи дигаре ба мисли хариди маҳсулоти сохтмонӣ.

Зимнан, дар деҳаи Порвор 200 ва дар рустои Мулёб 100 хонавода ба сар мебаранд, ки дар маҷмӯъ беш аз 1,5 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад. Наздиктарин бемористон дар фосилаи даҳҳо километр дуртар дар маркази ноҳия ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG