Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандози Маскав як хонандаи аълохон будааст (2 ВИДЕО)


Дарвозаи мактаби рақами 263-юми Маскав
Дарвозаи мактаби рақами 263-юми Маскав

Як хонандаи мактаб дар Маскав рӯзи 3 феврал бо силоҳ ба дарс омада, як омӯзгор ва беш аз 20 хонандаро муддати 2 соат дар яке аз синфхонаҳо гаравгон гирифтааст.

Тафсилоти расида дар бораи қазияи тирандозӣ ва гаравгонгирӣ дар мактаби рақами 263-юми шаҳри Маскав ҳокист, ки тирандоз як хонандаи ҳамин мактаб буд, баъд аз зӯҳри 3 феврал бо камон ба мактаб омадааст. Ин хонанда як омӯзгор ва беш аз 20 хонандаи синфҳои болоии ҳамин мактабро дар яке аз синфхонаҳо муддати беш аз 2 соат гаравгон гирифта, тирандозӣ ҳам кардааст.

Ин қазияи гаравгонгирӣ дар минтақаи Отрандное пойтахти Русия рух дода, бино ба хабарҳо, аз тири ҳамлагар чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шудаанд. Вале шумори қурбониҳои ин фоҷиа ҳанӯз мушаххас нашудааст. То ҳол танҳо хабари ҳалокати як омӯзгор ва посбон ё корманди пулис тасдиқ шудааст.

Мақомоти вазорати умури дохилаи Русия мегӯянд, ки "ҷинояткорро безарар гардондаанд." Аммо ҳанӯз маълум нест, ки зери мафҳуми "безарар гардондан" чӣ нуҳуфтааст?

Дар ин видеои Ройтес худи хонандагони мактаби 263 дар бораи ин қазия қисса мекунанд:

Хонандагони мактаби рақами 263 дар бораи гаравгонгирӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Мактаббачаҳое ки беш аз ду соат гаравгон буданд, ҳамагӣ раҳо ёфта, тайи муддати асорат ҳеҷ кадоми онҳо осеб надидаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин қазия онҳоро танҳо аз лиҳози равонӣ такон додааст. Дар ин соатҳо мақомот бозпурсии гаравгонҳои раҳоёфтаро идома медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар ҳалли ин қазияи гаравгонгирӣ падари он хонандаи силоҳбадаст низ ба ҳайси миёнарав ҷалб шуда буд. Дар Интернет муноқишаи эҳтимолии ин хонанда бо омӯзгорон ва аз ғояти эҳсосот даст ба силоҳ бурдани ин наврасро аз фарзияҳои мумкини гаравгонгирии рӯзи 3 феврал дар мактаби Отрадное меноманд. Дар бораи хонандаи ҳамлагар гуфта мешавад, ки ӯ бо баҳои аъло таҳсил мекард ва ҳатто бояд медали тило мегирифт. Ба гуфтаи манобеъ, ба ӯ дар ҳоли ҳозир кумаки равонӣ расонда мешавад. Мақомот сабабҳои чунин амали як хонандаи аълохонро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

​Қаблан гузориш шуда буд, ки як шахси ношинос дар мактаби рақами 263-юми шаҳри Маскав тир кушода, шуморе аз толибилмонро гаравгон гирифтааст. Сомонаи интернетии Lifenews хабар дод, ки ҳамлагар ғолибан маст будааст.

Ин навори видеоӣ низ аз сомонаи Lifenews дастрас шудааст:

XS
SM
MD
LG