Пайвандҳои дастрасӣ

Шавкат Мирзиёев ба бозбинии “рӯйхати сиёҳ” даъват кард


Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, аз имомону сокинони ин кишвар хост, ки хонаводаи афроди муттаҳам ба ифротгароиро радди маърака накарда ва дар инзиво қарор надиҳанд. Мирзиёев ин талаби худро рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо беш аз даҳ ҳазор имому намояндагони мақомот ва сокинон дар шаҳри Тошканд дар миён гузошт ва айни замон гуфт, омодааст, ки аъзои гурӯҳҳои террористиро аз ҳаққи шаҳрвандии Узбакистон маҳрум кунад.

Бояд коре кард, ки онҳо бинанд, донанд ва эҳсос намоянд, ки дили мо самимона месӯзад. Шояд, баъд аз ин, чашми дилашон боз шавад ва ба роҳи дуруст дароянд.

Дар гузашта дар баъзе аз минтақаҳои Узбакистон сокинони маҳаллаву ҷамоатҳо пайвандони аъзои гурӯҳҳои ифротиро зери бори таънаву маломат гирифта, аз маъракаҳои худ дур кардаaнд. Раиси ҷумҳури Узбакистон гуфт, ин роҳи наҷоти касоне нест, ки, ба қавли ӯ, гумроҳ шудаанд.

“Бояд коре кард, ки онҳо бинанд, донанд ва эҳсос намоянд, ки дили мо самимона месӯзад. Шояд, баъд аз ин, чашми дилашон боз шавад ва ба роҳи дуруст дароянд. Гумроҳшавии як нафар кулфат ба сари як оила не, балки тамоми ҷомеа аст”, - афзуд ӯ.

Шавкат Мирзиёев бо муфтии Узбакистон Усмонхон Алимов
Шавкат Мирзиёев бо муфтии Узбакистон Усмонхон Алимов

Яке аз имомон дар Андиҷон гуфт, мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо уламои исломӣ ҳафт соат идома кард. Ӯ гуфт, раиси ҷумҳури Узбакистон пешниҳод кардааст, номи сокиноне, ки барои кадом иштибоҳи кӯчак ба “феҳристи сиёҳ” ворид шудаанд, низ бозбинӣ гардад. “Мирзиёев гуфт, фақат ба хотири онки кадоме тавассути телефон паёмак фиристодааст, ӯро узви гуруҳҳои мамнӯъ дониста ва ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мекунанд. Новобаста аз онки ӯ одами хуб аст. Вай уламо ва мақомотро муваззаф кард, ки бо чунин одамон суҳбат кунанд, парвандаашонро бинанд ва бегуноҳонро сафед намоянд.”

Ба қавли ин имом аз Андиҷон, хатибону мақомот вазифадор шудаанд, ки то охири сол дар ин бора ба раиси ҷумҳур гузориш диҳанд. Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо уламои исломӣ аз иштироки шаҳрвандони Узбакистон дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва ҳамлаҳои маргбор дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ низ шадидан норизоӣ кард. Ӯ гуфт, ки аз шунидани чунин хабар ва таъкиди онки омилонаш шаҳрвандони Узбакистонанд, сахт озурда мешавад.

Абдуқодир Машарипов
Абдуқодир Машарипов

Ҳадди ақал дар ним соли охир ду шаҳрванди Узбакистон барои анҷоми ҳамлаҳои маргбор дар Туркия ва Шветсия айбдор шуданд. Абдуқодир Машарипов барои анҷоми ҳамлаи маргбор дар тарабхоани “Рейна”-и Истанбул айбдор гардид, ки шаби якуми январи имсол даҳҳо кушта ва захмӣ барҷо гузошт.

Шаҳрванди Узбакистон Раҳмат Оқилови 39-сола, рӯзи ҳафтуми апрел дар маркази Стокҳолм бо мошини борбар ба пиёдагардон ҳамла кард. Дар натиҷа чаҳор кас кушта ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Раиси ҷумҳури Узбакистон ҳарчанд дар мулоқоти ҳафтсоатаи худ аз ин қазияҳо ном набурд, вале гуфт, “шабҳо хобам намебарад, вақте мебинӣ, ки чӣ қадар аз ҷавонон ба роҳи нодуруст рафтаанд.”

Чунин муносибати раиси ҷумҳури Узбакистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс кашида шуд. Бархе аз корбарон агар ин рафтори ӯро боис ба таҳсин дониста бошанд, бархеи дигар гуфтанд, ки ин мулоқот зоҳиран самимӣ на буд, чун ба иддаои онҳо имомон пеш аз вохӯрӣ як давраи “тамрин”-ро гузаштаанд.

Раҳмат Оқилов
Раҳмат Оқилов

Яке аз корбарон навиштааст, “дар ин тамрин дар Донишгоҳи исломии Тошканд тақрибан сӣ имом ҳузур доштанд. Магар имомон то ин ҳад бесаводанд, ки онҳоро барои вохӯрӣ бо президент омода мекунанд? Албатта, не. Баъзе аз мансабдорон аз он ҳарос доштанд, ки мабодо ягон имом дар бораи содда кардани омӯзиши исломӣ пешниҳоде мекунад. Мо натиҷаҳои хубро интизор мешудем, агар ба он маҷлис чанд имоми ташаббускор мерафтанд.”

Қаблан гуфта мешуд, ки беш аз 5 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва аксари онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд. Ҷангҷӯёни узбактабор дар ҳайати гурӯҳҳои ҷангӣ дар Афғонистон ва бахшҳое аз Покистон ҳам ҳузур доранд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ҷангҷӯёни узбак, инчунин, ба гурӯҳҳои ҷангии уйғуртабори Чин, ки зидди Пекини расмӣ меҷанганд, ҳамроҳ шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG