Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То поёни сол касе намонад." Шарти мақомот ба 33 оила дар Бедиҳои Нуробод

Сохтмони сарбанди “Роғун”, ки 335 метр баландӣ хоҳад дошт, боис ба кӯчидани беш аз 50 ҳазор нафар мешавад
Сохтмони сарбанди “Роғун”, ки 335 метр баландӣ хоҳад дошт, боис ба кӯчидани беш аз 50 ҳазор нафар мешавад

Мақомоти интизомӣ, идораи ҳолатҳои фавқулода ва кормандони ҳукумат аз 33 оила дар деҳаи Бедиҳо дар ноҳияи Нуробод талаб кардаанд, ки ҳарчи зуд хонаву дари худро холӣ карда, барои идомаи зиндагӣ ба шаҳри Турсунзода ва минтақаҳои дигар кӯчанд. Қарор аст, ин деҳа то моҳи августи соли 2027 ба гӯшае аз обанбори нерӯгоҳи азими “Роғун” табдил ёбад.

Сокинон мегӯянд, дар макони нав замин ва барои бунёди манзил пул ҷудо шудааст, аммо онҳо аз шарт ё ултиматуми мақомот норозӣ ҳастанд. Онҳо шикоят доранд, ки аз як сӯ зимистон наздик аст ва аз тарафи дигар дар фурсати кӯтоҳ ва бо имкониятҳои маҳдуди молӣ имкони сохтани хонаи навро надоранд.

“Боми чанд хонаву мактабу масҷидро канданд”

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Нуробод, ки номаш ба далели амниятӣ нашр намешавад, рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳар сурат, ба сокинони Бедиҳо то поёни имсол вақт дода шудааст. “То он дам бояд ягон хонавода дар инҷо намонад,” – афзуд ӯ.

Баъзе аз сокинони деҳаи Бедиҳо бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки ду ҳафта қабл мақомоти ноҳия боми бист хонаву мактабу масҷидро кандаанд, то онҳо фавран аз инҷо бираванд.

Деҳаи Бедиҳо, ноҳияи Нуробод
Деҳаи Бедиҳо, ноҳияи Нуробод

Абдуғаффор Одинаев, мудири пешини мактаби Бедиҳо, мегӯяд, ҳоло хонандагон бо душворӣ ҳафт километр роҳро тай карда, барои таҳсил ба деҳаи дигар мераванд. “Чанд муддат аст, ки баъзе талабаҳо, хусусан духтарон, бо назардошти душвории роҳ аз хондан маҳруманд,” – афзуд ӯ.

Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун”, ки ҳангоми пурра сохта шуданаш 335 метр баландӣ хоҳад дошт, дар умум боис ба кӯчидани беш аз 50 ҳазор нафар мешавад.

Муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи “Роғун” дар гузорише аз моҳи августи соли 2025 гуфтааст, ин раванд то соли 2032 ҷараён мегирад ва ба 69 маҳаллаи аҳолинишин дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нурободу Рашт рабт дорад.

Ба иттилои расмӣ, то як сол пеш тақрибан понздаҳуним ҳазор нафар аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ба Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод ва Турсунзода кӯчонда шудаанд.

“Ҷуброн доданд, аммо вақт кофӣ нест”

Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи “Роғун” дар гузориши худ аз як пурсиши Бонки Ҷаҳонӣ мисол овардааст. Тибқи он, аз 200 аъзои хонаводаи кӯчондашуда дар солҳои 2022-2024 қариб 90 дарсад аз ҷуброни пардохтаи мақомот розӣ будаанд. Даҳ дарсад изҳор доштаанд, ки “ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд, чун хароҷот аз ончи интизор доштанд, зиёдтар шуд”.

Чанде аз сокинони деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нуробод низ соли 2026 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки онҳо бояд хонаву ҷойи худро тарк кунанд, вале мақомот барои бунёди манзили нав ҳанӯз кумак накарданд ва ҷубронпулии хонаву боғҳояшон низ беқурб гаштааст.

Як сокини Бедиҳо, ки худро Исматулло Раҳимов муаррифӣ кард, гуфт, мақомот ҷуброни хонаву дари онҳоро тақрибан як моҳ пеш “100 дарсад” ба воситаи “Амонатбонк” пардохт карда, барои кӯчидан ду мошини борбар ҳам фиристодаанд. Вале шикояти онҳо аз чизи дигар аст.

“Дар муддати кӯтоҳ чӣ тавр бо бору кӯчамон равем? Дар кӯчондани деҳаҳои дигар аз 2 то 3 сол вақт доданд. Дар пеш ҳавои сард аст. Дар ҷойҳои наве, ки мо бояд равем, ҳоло сохтмон шуруъ нашудааст. Агар мақомот як сол муҳлат диҳанд, ҳама бе мушкилӣ метавонанд ба шаҳри Турсунзода ва ё деҳоти дигар бираванд,” – афзуд мусоҳиби мо.

Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” 335 метр баландӣ хоҳад дошт
Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” 335 метр баландӣ хоҳад дошт

То чанд вақт пеш дар деҳаи Бедиҳо дар ноҳияи Нуробод 93 оила мезист. Шаст хонавода барвақттар манзилу дари худро тарк карда, дар ҷойҳои дигар зиндагиро аз нав шуруъ намудаанд.

Мақомот сабаби шитоби худро барои кӯчондани сокинони боқимондаи деҳаи Бедиҳо нагуфтанд. Як корманди нерӯгоҳи “Роғун” бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳоло сатҳи оби обанбор ба 139 метр расида, дарозии он ба 70 километр расидааст, ки “бештар аз нақшаи пешбинишуда аст”.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Боми чанд хонаву мактабу масҷидро канданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

Тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар дарёи Вахш ҳанӯз дар замони Шӯравӣ рехта шуда, вале иҷрояш бо далели ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, набудани пул ва мухолифати кишварҳои поёноб, бавижа Узбекистон, ба таъхир уфтода буд. Сохтмони "Роғун" моҳи октябри соли 2016 авҷ гирифт. Он бузургтарин тарҳи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар маҷмуъ 6 чарха ё агрегат хоҳад дошт. Ҳукумати Тоҷикистон ин нерӯгоҳро ҳаёту мамоти кишвар медонад ва то имрӯз ду чархаи онро фаъол кардааст. Қарор аст, сохтмони “Роғун” соли 2035 ба поён расида, мардумро аз норасоии барқ ва кишварро ба содиркунандаи он табдил диҳад. Аммо маълум нест, ин тарҳ, ки ба иҷрояш Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва созмонҳои дигари молӣ низ таваҷҷуҳ кардаанд, оё интизории мардумро бароварда хоҳад кард ё не.

  • Акси 16x9

    Мирзонабии Холиқзод

    Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. 13 сол мудири дафтари радио дар Душанбе буд. Муаллифи “Гапи Озод”, баҳс доир ба мавзӯи доғи рӯз.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG