Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти генерал Ҳаёт Шарифхоҷаев


Тасвири Ҳаёт Шарифхоҷаев
Тасвири Ҳаёт Шарифхоҷаев

Генерал Ҳаёт Шарифхоҷаеви 51-сола, муовини собиқи раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, боздошт шудааст. Яке аз афсарони Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора рӯзи 2-юми апрел ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Як муфаттиши Додситонии кулли Узбекистон ҳам иттилоъро тасдиқ кард. Аммо дар дафтари матбуоти Додситонии кулл гуфтанд, ки "дар ин бора чизе намедонанд".

  • Феълан Ҳаёт Шарифхоҷаев дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Моҳи декабри соли 2013 Гулнора Каримова дар як мусоҳибааш бо нашрияи "Ҳуррият" гуфта буд, ки бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасод даст доранд.

Парвандаи Қодиров боз киро фурӯ мебарад?

Муфаттиши Додситонии кулл гуфт, Шарифхоҷаев дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи додситони кулли собиқ Рашид Қодиров ва собиқ муовини аввали додситони шаҳри Тошканд Мираглам Мирзоев боздошт шудааст. Ба қавли манбаъ, инчунин, Зиёдулло Иногамов, раиси пешини шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва қонунигардонии даромадҳо алайҳи ӯ шаҳодат

Рашид Қодиров
Рашид Қодиров

додааст.

Иногамов яке аз 25 нафаре аст, ки дар амалиёти рӯзи 20-уми марти Вазорати умури дохилии Узбекистон дастгир шуд. "Ҳаёт Шарифхоҷаев барои иддае "криша" буд. Зиёдулло Иногамов алайҳи ӯ баёнот додааст. Дар асоси баёноти ӯ генералро боздошт кардаанд", - шарҳ дод манбаъ.

Боздошти дувуми генерал дар се соли охир

Ба қавли ҳамсуҳбати мо дар Додситонии кулл, рӯзи боздошти генерал Ҳаёт Шарифхоҷаев манзили ӯ дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ва хонаи ҳамсари собиқаш дар Бешағоч кофтукоб шудааст.

Ин бори дувум аст, ки генерал Ҳаёт Шарифхоҷаев боздошт мешавад. Баҳори соли 2015 алайҳи ӯ бино бо гумони даст доштан дар фасоди молӣ ва азхудкунии амволи давлатӣ парванда боз шуда буд ва манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ дастгир шудааст. Аммо кай ва таҳти чӣ шароите озод шуд, маълум нест. Тобистони ҳамон сол Ҳаёт Шарифхоҷаев аз мақомаш рафт.

Интиқоди Гулнора Каримова аз Шарифхоҷаевҳо

Гулнора Каримова соли 2014 дар ҳабси хонагӣ буд
Гулнора Каримова соли 2014 дар ҳабси хонагӣ буд

​Моҳи декабри соли 2013 Гулнора Каримова дар як мусоҳибааш бо нашрияи "Ҳуррият" гуфта буд, ки бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасод даст доранд. Баъдан дар мусоҳибаи муфассалаш дар нашрияи швейтсарии Bilan Каримова дар бораи фасодкории Шарифхоҷаевҳо маълумоти бештар дод. Ҳаёт Шарифхоҷаев он вақт муовини Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон буд.

Ҷавдат 16 сол зиндонӣ шуд, генералро чӣ интизор аст?

Соли 2016 Ҷавдат – бародари хурдии Ҳаёт Шарифхоҷаев барои соҳибкории ғайриқонунӣ, фасод, тамаъҷӯӣ ва азхудкунии амволи давлатӣ айбдор шуд. Додгоҳи низомии Узбекистон ӯро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳаёт Шарифхоҷаев дар ҷашни шонздаҳсолагии истиқлоли Узбекистон бо ордени "Шон шараф" қадрдонӣ шудааст. Вай аз ду издивоҷ соҳиби чаҳор писару як духтар аст.

XS
SM
MD
LG