Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 соли зиндон барои полковники собиқи амниятии Ӯзбакистон


Дар Ӯзбакистон Ҷавод Шарифхоҷаев, полковники пешин ва 8 афсари баландпояи Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМӮ) маҳкум ба зиндон шудаанд.

Додгоҳи низомии Ӯзбакистон Ҷавод Шарифхоҷаевро ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, фасод, тамаъҷӯйӣ ва азхудкунии маболиғи бузурги давлатӣ ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи манобеъи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, ҳукми ҷаноби Шарифхоҷаев дар охири соли гузашта дар мурофиаи пӯшидаи Додгоҳи низомии Ӯзбакистон эълом шуда ва ҳоло дар дар зиндони Бекободи ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад. Бар асоси ҳукми додгоҳ ӯ аз тамоми нишону медалҳо ва рутбааш маҳрум шудааст.

Ҷавод Шарифхоҷаев, ки рӯзи 28 августи соли 2009 бо нишони "Шараф" сазовор шуда буд, бародари генерал Ҳаёт Шарифхоҷаев, собиқ муовини аввали раиси Хадамоти миллии Ӯзбакистон аст.

Сурати Ҳаёт Шарифхоҷаев, ки аз ҷониби рассоми номаълум наққошӣ шудааст
Сурати Ҳаёт Шарифхоҷаев, ки аз ҷониби рассоми номаълум наққошӣ шудааст

Ин дуюмин мурофиа нисбати Ҷавод Шарифхоҷаев дар зарфи яку ним соли ахир аст.

Бино ба иттилои манобеъи Озодӣ, пас аз барканор шудани Ҳаёт Шарифхоҷаев аз мақоми муовини аввали раиси ХАМӮ дар қиболи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва парвандаи Ҷавод, бародари ӯ дубора баррасӣ шудааст.

Зимнан, Ҷавод Шарифхоҷаев дар моҳи декабри соли 2014 аз мақомаш сабукдӯш шуда ва Додгоҳи низомии Ӯзбакистон ӯро ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ ба 4 сол зиндон маҳкум карда буд. Бародараш Ҳаёт Шарифхоҷаев, ки муовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллӣ буд, қасд дошт бародарашро дар муддати кӯтоҳ дар маҳбас нигоҳ дошта ва сипас, бар асоси афви умум озод кунад.

Тибқи иттилои дигар, шароити буду боши Ҷавод дар зиндони Бекобод хуб буда, ӯ на дар утоқи маҳбусон, балки дар утоқ барои мулоқотҳо зиндагӣ мекард ва аз телефони мобилӣ истифода менамуд.

Хабари "аз хадамоти миллӣ ронда шудан"-и Ҷавод Шарифхоҷаев дар номае, ки дар бораи Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов иншо шуда буд, зикр гардидааст.

Ин нома дар мақолае таҳти унвони "Ҳаёт ва саломатии духтари бузурги президенти Ӯзбакистон зери хатар аст" оварда шуда буд, ки блоггер Аскар Қосимов дар моҳи июли соли 2014 дар торнамои хабарии "The Russian Times" мунташир шуда буд.

То замони маҳкумияти Ҷавод 12 корманди Хадамоти миллӣ, ки таҳти раҳбарии ӯ фаъолият мекарданд, боздошт шуда ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Ин гурӯҳ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, Латвия шабакаҳои соҳибкорӣ доштаанд.

Яке аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ полковники ХАМӮ ва раҳбари намояндагии Интерпол дар Ӯзбакистон Юрий Савинков дар соли гузашта боздошт ва ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.

Гуфта мешавад, Шӯҳрат Ғуломов, раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон бо Ҳаёт Шарифхоҷаев душманӣ дошт. Аввалӣ аз манофеъи Гулнора Каримова ва дуюмӣ аз манофеъи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон ҳимоят мекарданд.

Шӯҳрат Ғуломов пас аз саркӯб шудани тазоҳурот дар Андиҷон дар соли 2005 мавриди таваҷҷӯҳи Президент Каримов қарор гирифта ва ба унвони "Қаҳрамони Ӯзбакистон" мушарраф шуд.

Гулнора Каримова дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия дар соли 2014 таъкид дошт, ки бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасод даст доранд.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Сипас, Гулнора Каримова дар мусоҳибаи дигар бо маҷаллаи "Bilan" Ҳаёт Шарифхоҷаевро дар фасодзадагӣ муттаҳам кард.

Ҳамчунин, хонуми Каримова дар саҳифаи Twitter-и худ номҳои мақомоти баландпояи давлатӣ, аз ҷумла бародарон Шарифхоҷаевҳоро дар ба зӯрӣ гирифтани тиҷорати дигарон, фасод ва сирқати маболиғи давлатӣ гунаҳкор карда буд. Пас аз чопи мусоҳиба ва матолибиTwitter кори бародарон Шарифхоҷаевҳо баякбор бад шуд.

Як чекисти собиқадор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, зиндонӣ шудани кормандони баландпояи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон, ки дар мусодираи духтари бузурги раиси ҷумҳурии ин кишвар ширкат доштанд, маънии амиқе дорад.

XS
SM
MD
LG