Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбол баъд аз ҷарроҳӣ метавонад бишинад


Ҷароҳии 5 соатаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи қушунҳои марзбонии Тоҷикистон табибони русро ба шифои ӯ умедвор кардааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 6-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷарроҳии Шаҳбол дар беморхонаи ба номи А.А. Вишневскийи вазорати мудофиаи Федератсияи Русия шаби гузашта муддати 5 соат гузаронида шуд ва ҳоло вазъи саломатияш хуб аст.

Ба гуфтаи падари Шаҳбол, табибон гуфтаанд, ки баъд аз ҷарроҳӣ то миёни вай ба ҳаракат медарояд ва акнун Шаҳбол метавонад бишинад. Барои анҷоми ин ҷарроҳӣ ва ва амалҳои дигар ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ, муодили тақрибан 14 000 доллар, лозим будааст. Аммо дар бораи маблағи ҷарроҳии якум падари Шаҳбол гуфт, ки табибон онро баъд аз анҷоми табобат талаб хоҳанд кард.

Шаҳбол Мирзоев рӯзи 28 апрел барои ҷарроҳӣ ба Маскав интиқол дода шуд. Ӯ феълан дар бемористони низомии шаҳри Красногорск, дар 8-километрии шаҳри Маскав табобат мегирад. Ҷарроҳии ӯ рӯзи 5 май дар ҳамин бемористон анҷом шудааст.

Шаҳбол Мирзоев, ки ним сол пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабаона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, моҳи март дар қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш сахт маъюб шуд. Азбаски мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон табобати ӯро бар ӯҳда нагирифтанд, барои кӯмак ба ин сарбоз як ҳисоби бонкӣ таъсис доданд. Волидони ин сарбоз мегӯянд, дар ин ҳисоб ҳудуди ҳамагӣ 1700 сомонӣ ҷамъ шудааст ва онҳо барои табобати Шаҳбол чизу чора ва ҳатто хонаашон дар ноҳияи Аштро фурӯхтаанд.
Онҳое ки ҳанӯз мехоҳанд ба Шаҳбол кумак кунанд, шумораи ҳисоби бонкии ӯро метавонанд аз инҷо дарёфт кунанд:

http://www.ozodi.org/content/how-you-can-help-the-injured-soldier-shahbol-mirzoev/25354184.html

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG