Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се билет барои интиқоли Шаҳбол ба Маскав


Яке аз бемористонҳо дар пойтахти Русия барои ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев изҳори омодагӣ кардааст ва наздикони ин сарбози бемор дар ҳоли ҳозир дар пайи таҳияи билет барои сафар ба Маскав ҳастанд.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол рӯзи 23-юми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки феълан дар фурудгоҳ қарор дорад ва бояд чаҳор билет, яке барои худаш ва се билети дигар барои Шаҳбол харидорӣ намояд, чунки писараш нишаста наметавонад ва ӯ бояд дар ҳоли хобида интиқол дода шавад. Аз ин рӯ, се ҷои нишасти ҳавопайморо барои Шаҳбол дуруст хоҳанд кард.

Ба қавли падари Шаҳбол, беморхонае, ки изҳори омодагӣ барои ҷарроҳӣ кардааст, дар маркази Маскав буда, барои сарфу харҷи ин амали мушкил, наздики ним миллион рубл зарур будааст: «Ман як ҳавлие, ки дар ноҳияи Ашт доштам, фурӯхтам ва боз захираҳоро ҷамъ намуда, барои ҷарроҳии фарзандам омода кардам.»

Дар мавриди суратҳисобе, ки бо хоҳиши сокинони кишвар дар «Агроинвестбонк» боз карда шуд, падари Шаҳбол мегӯяд, ки маъмурини бонк гуфтаанд, ки миқдоре маблағ ворид шудааст.

Ин дар ҳолест Бемористони Сино воқеъ дар маркази Душанбе бо пахши як баёния дар сомонаи худ гуфтааст, ки Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари лату кӯб ҷароҳати сангин бардошта ва сутунмӯҳрааш шикастааст, бояд ба зудтарин фурсат амали ҷарроҳӣ шавад.

Пизишкони эронии Бемористони Сино зикр кардаанд, ки Шаҳбол "ба ҷарроҳии кушодаи ҷобаҷокунии мӯҳраҳои ноҳияи гардани сутунмӯҳра ва мустаҳкам кардан ба лавҳа (КОGE)" зарурат дорад. Пизишкони эронӣ бар асоси ташхиси гуфтаанд, ки "чунин тасаввур, ки бемор баъд аз ин ҷарроҳӣ зуд ба по мехезад ва ба зиндагии маъмулӣ бармегардад, нодуруст аст. Мароҳили табобату сиҳатёби ӯ то дусол идома хоҳад кард. ”

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона овардаанд.

Аммо нирӯҳои марзбонӣ дар изҳороти худ аз 20 март хабарҳои нашршуда дар бораи бар асари латтукӯб дар маҳалли хидмат маъюб шудани сарбози қатории қисми ҳарбии 2620-и нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоевро беасос хонда, гуфт, Усмоналӣ Ғайратов қасдан Шаҳбол Мирзоевро зада маъюб накардааст, балки барои бартариашро дар назди дигарон нишон додан бо ӯ ... гуштӣ гирифтааст.

Ёдовар мешавем, барои табобати Шаҳбол Мирзоев 64 000 евро зарур аст. Баъди онки мақомоти Тоҷикистон аз таъмини табобати Шаҳбол саркашӣ карданд, Нӯъмон Мирзоев - падари Шаҳбол Мирзоев - ин ҳисоби бонкиро боз кард ва аз ҳамаи ҳамватанон хост ёрии худро, чӣ қадар ки метавонанд, фиристанд.
XS
SM
MD
LG