Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати танфурӯшон: "Моро ҷарима накунед" ВИДЕО


Тазоҳурот рӯзи 14-уми декабр дар Киев пойтахти Украина баргузор шуд.

Даҳҳо нафар аз фаъолон ва танфурӯшони феълӣ ва собиқ бо тазоҳурот дар Киев хостанд, ҷазо барои танфурӯширо аз байн баранд ва зӯроварӣ нисбат ба онҳоро хотима диҳанд.

Тазоҳурот бо ташаббуси созмонҳои «Легалайф» ва Иттиҳоди сиҳатии омма баргузор шуд. Тазоҳургарон симои худро бо коғази сафед пӯшонда буданд. Дар ин коғазҳо калимаҳои “хушунат ва зӯроварӣ” навишта шудаанд. Ба гуфтаи Юлия Дорохова раҳбари Легалайф, танфурӯшон осебпазиртарин қишри ҷомеаи Украина ҳастанд.

«Мо мегӯем, ки моро муҳофизат намекунанд, ҳукумат мушкилоти моро нодида мегирад. Моро назар ба дигарон бештар азият мекунанд, чунки мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда наметавонем. Мо берун аз қонун ҳастем» - гуфт, ӯ ба хабаргузории Ройтерз.

Ба гуфтаи фаъолон дар Украина бештар аз 80 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғуланд. Дар поёни тазоҳурот, як нафар дар либоси пулис, ниқоби тазоҳургаронро гирифт. Рамзи ин амал даъват барои лағви ҷазо барои танфурӯшон аст, ки ба ин кор ҷарима мешаванд.

Муроҷиати танфурӯшон: Моро ҷарима накунед!
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:08 0:00

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG