Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт сокини Панҷ барои оташ задани хонаи додрас аз озодӣ маҳрум шуданд


Додгоҳи вилояти Хатлон панҷ нафарро барои оташ задани хонаи Тоҷиддин Қурбониён, додраси додгоҳи Панҷ аз 5 то 9 сол ва ду нафарро барои хабар надодан аз ин ҷиноят мутаносибан ба мӯҳлати шаш моҳӣ аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ ҳукми ин гурӯҳро, ки авбошӣ, дуздӣ, роҳзанӣ ва барқасдона оташ задани манзили зисти додрас муттаҳам буданд, рӯзи 5-уми декар содир кард.

"Танҳо оташ задани будем, вале..."

Як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 3-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳаммад Талабзодаи 26-сола, сокини ноҳияи Панҷ, ки нӯҳ сол зиндонӣ шуд, аз ҳукми додрас Қурбониён шадидан норозӣ буд ва ба додрас нафрат дошт. Соле пеш ин ҷавон бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуд ва додрас Тоҷиддин Қурбониён ӯро ба пардохти даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима муввазаф кард.

Ҳукми ҳафт нафар бо иттиҳоми оташ задани хонаи додраси додгоҳи ноҳияи Панҷ дар ҳолест, ки дар соли гузашта ду додраси дигари додгоҳи ин ноҳия лату кӯб шуданд.

Муттаҳами авбошӣ дар додгоҳ гуфт, тавони пардохти ҷаримаро надошт ва ба барои ҷамъоварии маблағ ба Русия рафт. Баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ, Талабзода рӯзи 21-уми июн шунид, ки Тоҷиддин Қурбониёнро Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод боздошт кардааст. Ӯ аз ин хабар хурсанд шуд, аммо онро барои муҷозоти Қурбонов кофӣ надонист ва барномаи оташ задани хонаи додраси собиқро кашид.

Тоҷиддин Қурбониён, додраси ноҳияи Панҷ бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт ва моҳи октябр ба мӯҳлати ҳафт сол аз озоди маҳрум шуд. Муҳаммад Талабзода бо панҷ муттаҳами дигар дар додгоҳ гуфтаанд, ки дар оғоз мехостанд, аз додрас танҳо интиқом бигиранд ва хонаи ӯро оташ зананд, вале ҳангоми ворид шудан ба манзили зист молу ашёи ӯро ба яғмо бурданд.

Ангеза: "Додрас бо занҳои маҳаллӣ алоқаи маҳрамона дорад"

Ба гуфтаи мақомот, то оташ задани хонаи додрас, ин гурӯҳ, ки аксаран доғи судӣ ва нисбат ба додрасҳо нафрат доштаанд, дар даҳ ҷинояти дигар, аз ҷумла дуздии чорвои сокинон ва лату кӯбу маҷрӯҳ кардани ду сокини ин ноҳия даст дошта, дар ҳоли фирор қарор доштаанд.

Бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ.
Бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ.

“Муҳаммад Талабзода ба ҳамроҳонаш гуфтааст, ки додрас Қурбониён ӯро ноодилона ҷарима кард ва аз Душанбе омада, бо чанд зани сокини ноҳияи Панҷ алоқаи маҳрамона дорад. Бо ин гуфтаҳо ба эҳсоси ҳамроҳонаш нохун зада, онҳоро ба ҷиноят таҳрик додааст”-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба ин тартиб, Маҳмадҷон Амиракови 24-сола ҳафт сол, Акбаршо Раҳматови 40-сола шаш сол, Саидумрон Абдуллоеви 31-сола ва Муҳамадӣ Қаноатови 34-сола баробар ба панҷ солӣ зиндон шуданд. Давлат Исматов ва Анвар Ашуров, ду сокини дигар барои хабар надодан шаш моҳӣ равонаи зиндон мешаванд.

Шоҳидии Қурбониён: "Костюми панҷсад доллараам сӯхт"

Тоҷиддин Қурбониён, додраси боздоштшуда нисбати оташ задани манзили зисташ дар додгоҳ нишондод додааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, манзиле, ки ин гурӯҳ оташ зад, манзили муваққатии додгоҳи ноҳияи Панҷ буд.

"Қурбониён гуфт, ки либосҳои қимматбаҳояш ба маблағи наздик ба 10 ҳазор сомонӣ дар ин сӯхтор нобуд шудаанд. Аз ҷумла, костюмаш, ки чор ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва се туфлиаш, ки ҳар кадоме панҷ сад сомонӣ нарх доштанд.”-гуфт ин манбаъ.

Пайвандони гурӯҳи маҳкумшуда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дигар аз ҳукми додгоҳ шикоят намекунанд. Қурбон Мирзоев, як тан аз пайвандони Муҳаммад Талабзода рӯзи 3-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар рафти мурофиаи додгоҳӣ далелҳои пешниҳодшудаи вакилони дифоъ ба эътибор гирифта нашуд. “Мо намегӯем, ки ӯ гунаҳкор нест, вале мо барои кам кардани мӯҳлати ҳабсаш кӯшиш кардем, ба инобат нагирифтанд. Дигар ҳеҷ даъвое надорем”-гуфт ӯ.

Бинои пулиси ноҳияи Панҷ.
Бинои пулиси ноҳияи Панҷ.

Ҳукми ҳафт нафар бо иттиҳоми оташ задани хонаи додраси додгоҳи ноҳияи Панҷ дар ҳолест, ки дар соли гузашта ду додраси дигари додгоҳи ин ноҳия лату кӯб шуданд. Рӯзи 31-уми август ба Давлатманд Раҳимзода, раиси додгоҳи Панҷ Диловар Олимов, сокини 38 солаи ин ноҳия бо табар ҳамла кард.

Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 31-уми август бо даъвои ҳамсари собиқи Диловар Олимов парвандаеро баррасӣ кард. Додгоҳ Диловар Олимовро вазифадор кард, ки барои тарбияи ду фарзандаш ҳар моҳ 280 сомонӣ алимент пардохт кунад, вале ӯ аз ин қарори додгоҳ розӣ нашуда, бо раиси додгоҳ вориди баҳс шуд. Пас аз анҷоми мурофиа ӯ ба додгоҳ бо табар ворид шуд ва ба раиси додгоҳ ҳамла кард.

Рӯзи 16-уми ноябри соли гузашта низ Сайдаҳмад Зайдуллозода, додраси дигари додгоҳи Панҷ аз ҷониби Шарофиддин Додов латукӯб шуд.

XS
SM
MD
LG