Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як додрасро заданд. Латукӯби Саидаҳмад Зайдуллозода дар Панҷ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Саидаҳмад Зайдуллозода​ – додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон – нимирӯзи 16-уми ноябр аз тарафи як сокини ҳамин ноҳия латту кӯб шудааст. Тайи ду моҳи ахир бори дувум аст, ки додрасҳои ноҳияи Панҷ мавриди ҳамла ва латту кӯби сокинон қарор мегиранд. Моҳи сентябри имсол Давлатманд Раҳимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷро дар ҳуҷраи кориаш захмӣ карда буданд.

Диловар Олимов зоҳиран аз қарори додгоҳ, ки барои кумак ба кӯдаконаш ба ӯ "алимент" таъин кард, норозӣ буд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 17-уми ноябр хабари латту кӯб шудани додрас Зайдуллозода Сайдаҳмад Миршарифро тасдиқ карда, аммо тафсилот надоданд. Фақат гуфтанд, ки ӯ аз табобат дар бемористон даст кашидааст.

Мақомоти идораи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва таҳқиқ аз тарафи муфаттишони додситонӣ идома дорад. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ба Зайдуллозода марде ҳамла кардааст, ки аз ҳукми додгоҳ норизо будааст. Додгоҳ арзи ҳамсари ин мардро барои пардохти алимент ва маскун шудан дар хонаи шавҳари собиқ баррасӣ карда, ӯро қонеъ мекунад. Мард аз маскун шудани ҳамсари собиқаш эътироз карда, ба додрас ҳамла мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки пизишкон Саидаҳмад Зайдуллозодаро дар манзилаш муоина кардаанд. Ӯ гуфт, даст ва сару рӯи Зайдуллозода маҷруҳ шудааст.

Саидаҳмад Зайдуллозода тобистони имсол ба ҷойи додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён ба кор омад. Тоҷиддин Қурбониён бо сабаби “содир намудани кирдоре, ки эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ озод шуд. Ӯ дар ҳоли ҳозир ба гирифтани ришва муттаҳам аст.

Қаблан, дар моҳи сентябри имсол Давлатманд Раҳимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мавриди ҳамлаи ҷавобгари парвандаи "алимент" қарор гирифта, се ҳафта дар бемористон буд. Мақомот гуфтанд, рӯзи 31-уми август сокини 39-солаи ноҳияи Панҷ Диловар Олимов, ки додрас Давлатманд Раҳимзода парвандаашро баррасӣ карда буд, дар идораи додгоҳ бо табар ба ӯ ҳамла кард.

Олимов зоҳиран аз қарори додгоҳ, ки барои кумак ба кӯдаконаш ба ӯ "алимент" таъин кард, норозӣ буд. Дар пайи ин ҳамла, сару чашм ва дастони Давлатманд Раҳимзода осеб дид. Диловар Олимов бо иттиҳоми “ҳамла ба додрас” ва “сӯиқасди куштор” боздошт шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG