Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавоби ҳамла бо табар – Диловар дар ростои то 18 соли зиндон


Додситонии вилояти Хатлон Диловар Олимов – мардеро, ки ба раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ Давлатманд Раҳимзода бо табар ҳамла карда буд, бо се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “сӯиқасд ба куштор”, айбдор кард. Бар асоси ин моддаҳо, ба Диловар Олимов аз 8 то 18 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини Исфара, дар додгоҳ ҷурми худро ба дӯш гирифта, гуфта буд, ки ба паёмади ин ҳодиса аз қабл омодагӣ дошт.

Ҳодисаи ҳамла бо табар бегоҳи 31-уми август дар утоқи кории раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ иттифоқ афтод ва баъди як рӯзаш Олимов боздошт гардид. Ҳоло парвандаи ӯро Додситонии вилояти Хатлон тафтиш мекунад.

Дар Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Диловар Олимов ҳамла ба табар ба корманди додгоҳро эътироф карда, дар айни замон гуфтааст, қасди куштани ӯро надошт. Ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ гуфт, “наздикони Диловар Олимов талош карданд, ки ӯ ба “сӯиқасд ба куштор” муттаҳам нашавад ва нисбаташ барои “расондани зарари сахти ҷисмонӣ” парванда боз гардад, вале тафтишоти маълум кард, ки вай қасди кушторро дошт”.

Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 31-уми август бо даъвои ҳамсари собиқи Диловар Олимов парвандаеро баррасӣ кард. Додгоҳ Диловар Олимовро вазифадор кард, ки барои тарбияи ду фарзандаш ҳар моҳ 260 сомонӣ алимент пардохт кунад, вале ӯ аз ин қарори додгоҳ розӣ нашуда, бо раиси додгоҳ вориди баҳс гардид. Пас аз анҷоми мурофиа ӯ ба додгоҳ бо табар ворид шуд ва ба раиси додгоҳ ҳамла кард.

Нурмамад Умронов, сардухтури ноҳияи Панҷ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки раиси додгоҳ ҷароҳати вазнин бардоштаст: “Пешонааш кафидааст, чашми рост, гӯш ва дасташ низ осеб дидааст. Худаш забонхат дод, ки барои табобат ба Душанбе меравад. Бояд аз ташхиси компютерӣ гузарад. Мо ба ӯ хун рехтем ва ҳар коре, ки аз дастамон меомад, анҷом додем.”

Ба қавли сардухтур, Давлатманд Раҳимзода аз ин пеш аз бемории қалб ранҷ мебурд ва таҳти назорати пизишкон қарор дошт. Пеш аз ин ҳодиса ӯ, дар беморхонаи Ибни Сино дар шаҳри Душанбе табобат гирифта будааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Кори даҳҳо сокини Тоҷикистон бо далоили мухталиф ба Додгоҳ афтодааст ва бархе аз онҳо аз баррасии нодурусти парвандаи худ ва афроди наздикашон шикоят доранд. Моҳи июли имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам дар як нишасти хабарӣ гуфт, "натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти судӣ нишон дод, дар ин давра баъзе судяҳо ба вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо роҳ додаанд. Баъзе қарорҳое, ки ғайриқонунӣ қабул шуда буд, аз тарафи судҳои болоӣ бекор гардид."

Ӯ гуфт, бо ҳадафи аз миёни бурдани камбуд дар кори додрасҳо дар нимсолаи дувуми соли 2017 чанд маърака ба нақша гирифта шудааст, ки “омӯзиш ва ҷамъбасти асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ” аз ҷумлаи он аст.

Ҳарчанд ҳодисаи ҳамла бо табар ба раҳбарияти Додгоҳ дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст, чанд соли қабл ҳодисаи пошидани тезоб ё кислота аз тарафи як сокини пиронсоли шаҳри Исфара ба сару рӯи раиси онвақтаи додгоҳ Абдуҳамид Давронов сабт шуда буд. Ин ҳодиса тобистони соли 2012 иттифоқ афтод ва баъдан дар моҳи октбяри ҳамон сол нафари муттаҳам ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар натиҷаи пошидани тезоб чеҳра, чашми чап ва дигар узвҳои Абдуҳамид Давронов сӯхтанд.

Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини Исфара, дар додгоҳ ҷурми худро ба дӯш гирифта, гуфта буд, ки ба паёмади ин ҳодиса аз қабл омодагӣ дошт. Ин сокини Исфара аз соли 2003-юм дар додгоҳи шаҳр баҳси соҳибмулкӣ ва истифодаи қитъаи замин дошта, ба гуфтаи худи ӯ, аз бархӯрди номуносиби додрас ба хашм омадааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG