Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбар ва муассисони "Ҳафтбурҷ" ба кунҷи зиндон рафтанд


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе яке аз раҳбарон ва ду тан аз муассисони ширкати "Ҳафтбурҷ"-ро мутаносибан ба 8, 8.5 ва 9 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар пайи даъвои такрории муштариёни ширкати пирамидавии "Ҳафтбурҷ" яке аз раҳбарон ва ду муассиси ин ширкатро аз 8 то 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин ҳукмро рӯзи 2 ноябр додрас Амирзода Тоҷиддини Муҳиддин қироат кард ва гуфт, ки Осимҷон Маъруфов -- мудири иҷроияи "Ҳафтбурҷ" бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди "б", яъне қаллобӣ ба 8 сол ва бо ҳамин модда Олим Маъруфов ва Ориф Расулов, муассисони ширкат, барои 8.5 ва 9 сол равонаи зиндон шудаанд. Тибқи ин ҳукм муҷримон ҷазои худро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳанд кард.

Ин ҳукм дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Сино Олимҷон Маъруфов ва Ориф Расуловро ба ҳаштунимсолии зиндон маҳкум карда буд. Вале муштариёни ширкати "Ҳафтбурҷ" аз зиндонӣ шудани онҳо норизоятӣ карда, аз мақомоти додгоҳӣ хостанд, ки онҳоро озод намоянд, то пулашон баргардонда шавад. Масъулони додгоҳ гуфтанд, баъди ин шикояти муштариёни ширкати "Ҳафтбурҷ" дубора қазияи раҳбарону муассисони ин ширктаро ба баррасӣ гирифтанд ва ҷуз аз эълони ҳабси онҳо чораи дигаре надиданд.

Ҳукми зиндони раҳбар ва муассисони "Ҳафтбурҷ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Бар асоси ҳукми нави додгоҳ Осимҷон ва Олимҷон Маъруфовҳо пас аз адои ҷазо барои 4 сол ва Ориф Расулов барои 4 солу 6 моҳ ҳаққи ишғоли вазифаҳои раҳбариро нахоҳанд дошт. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми қироати хукми додгоҳи Сино ҳудуди 20 тан аз ҷабрдидагони ширкати "Ҳафтбурҷ" ҳузур доштаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба мудир ва муассисони ширкати "Ҳафтбурҷ" 16 апрели соли ҷорӣ дар додгоҳи ноҳияи Сино шурӯъ шуда буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар қароре аз 18 июли соли 2013 фаъолияти ширкати “Ҳафтбурҷ”-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон дар номае дар бораи сабаби баста шудани ин ширкат, ба хатари пирамидаи молӣ будани он ва эҳтимоли зиёни молӣ дидани шаҳрвандон, ишора карда буд.

Додситонӣ гуфта буд, "Ҳафтбурҷ" бо ширкати "Sanfond Financial Inc.", ки дар ҷазираҳои Сейшел сабти ном шудааст, шартнома дорад ва мувофиқи меъёрҳои "Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба шустани пул", ҷазираҳои Сейшел ба феҳристи оффшорҳо шомил мешавад.

Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешуданд.

Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоварданд. Ширкати "Ҳафтбурҷ" аз 25 январи соли 2011 расман ба фаъолият шурӯъ карда ва гуфта мешавад наздик ба 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муштарии он мебошанд. Ҳоло ин муштариён даъвои бозпас гирифтани пулҳои пардохтаашонро доранд, вале зоҳиран бо ҳабси муассисону раҳбари "Ҳафтбурҷ" ин фарёди онҳо фарёдрас пайдо нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG