Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Муаттара Ҷӯраева 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд


Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ бо рӯсарӣ ҳозир шуда буд
Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ бо рӯсарӣ ҳозир шуда буд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муаттара Ҷӯраева -- наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон ва номзад ба мақоми вакили парлумон дар интихоботи 2005-ро нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муаттара Ҷӯраева, наттоқи пешини телевизион ва довталаби курсии вакилӣ дар интихоботи соли 2005-ро ба иттиҳоми "қаллобӣ" 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Сафарбек Нуралиев, додраси парванда, ҳангоми қироати ҳукм гуфт, се сол аз ин ин мӯҳлати зиндони Ҷӯраева бар асоси қонуни афв кам шуда, ба далели он ки вай панҷ моҳ боз дар боздоштгоҳ аст, дар маҷмӯъ, 5 солу 7 моҳи дигар дар зиндон хоҳад монд.

Додрас дар идома афзуд, Ҷӯраева баъд аз раҳоӣ аз зиндон се соли дигар аз ҳаққи фаъолиятҳои соҳибкорӣ маҳрум аст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ барои ин наттоқи маъруфи телевизион 10 соли зиндон хоста буд.

Сафарбек Нуралиев
Сафарбек Нуралиев

​Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева бар асоси банди 4-уми моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобии такрорӣ ва дар ҳаҷми бузург айбдор шудааст, ки барои ин гуноҳ дар Тоҷикистон ҷаримаи бисёр бузург ва ё аз 8 то 12 соли зиндон муқаррар шудааст.

Вале Муаттара Ҷӯраева, ки бо рӯсарӣ дар додгоҳ ҳозир шуда буд, ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ иттиҳоми мақомот алайҳи ӯ дар мавриди "қаллобӣ"-ро беасос дониста ва аз додрас хост, аз боздошт озод кунад. Ҷӯраева гуфт, ӯ ҳаргиз ба қаллобӣ даст назада, балки бо ризояти худи сокинон аз онҳо қарз гирифта буд ва омодааст, баргардонад. Аммо ӯ таъкид кард, ин кор фақат дар сурати озодӣ ва ба кораш идома додани ӯ имконпазир хоҳад шуд.

Муаттара Ҷӯраева 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара, аз ҳукми зиндони духтараш норизоятӣ кард ва гуфт, барои ислоҳи он то зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ба қавли ӯ, қазияи боздошт ва зиндонӣ шудани Муаттара дар пайи “якдигарнофаҳмӣ” бо Насим ва Ҷамшед Муллоевҳо сурат гирифтааст. “Онҳо худашон ба духтарам қарз дода ва баробари сохта шудани тарабхона дарҳол маблағашонро талаб карданд. Агар кор кардан мемонданд, мо то ин дам аллакай пулашонро мегардондем”,-гуфт ӯ.

Аммо Ҷамшед Муллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамкорӣ бо Муаттара Ҷӯраеваро рад кард ва, бараъкс, ӯро ба қаллобӣ айбдор намуд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи январи имсол хабар дод, ки Муаттара Ҷураеваро бар

Муаттара Ҷӯраева
Муаттара Ҷӯраева

асоси шикояти чанд нафар рӯзи 15 октябри соли гузашта дастгир кардааст. Ба гуфтаи муфаттишони оҷонсӣ, Муаттара Ҷӯраева аз чандин нафар дар Душанбе аз роҳи фиреб пули зиёд гирифта ва то кунун барнагардондааст.

Аз ҷумла ба гуфтаи онҳо, ӯ моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ аз боварии шаҳрванд Муллоев Н.А. сӯистифода намуда, манзили истиқоматияшро ба шаҳрванд Фаттоев Р. ба гарав мегузорад ва аз ӯ 24 ҳазору 300 доллар қарз мегирад ва барнамегардонад.

Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯянд, барои иттиҳомоте, ки алайҳи диктори собиқи телевизиони Тоҷикистон эълон кардаанд, далелҳои зиёде доранд. Ба қавли онҳо, Муаттара Ҷӯраева моҳи январи соли 2013 низ аз шаҳрванд Юсупов Ш.А. бо баҳонаи пардохти қарзҳояш 5 000 доллар мегирад ва онро то ҳол барнагардондааст:

Муаттара Ҷӯраева, инчунин, барои гирифтани қолинҳо аз яке дӯконҳои бозори “Султони Кабир” ба маблағи 3 ҳазору 370 доллар муттаҳам мешавад. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар муҳокимаи Муаттара Ҷураева, 21 ҷабрдида ҳузур доранд.

Модараш Олиябону Ҷӯраева, мегӯяд, ин иттиҳомот беасос аст ва духтараш аз касе қарздор нест. Муаттара Ҷӯраева, ки солҳои зиёд дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ ё диктор кор кардааст, соли 2005 яке аз муддаиёни курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ашт буд, аммо дар даври дувум шикаст хӯрд. Баъд аз нокомияш барои дарёфти курсии вакилӣ Муаттара Ҷӯраева аз саҳнаи телевизион ҳам канор рафт ва чанд муддат ба чопи маҷаллаи муҷаллои “Ҷаҳоннамо” машғул буд.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар хонаводаи забоншиноси тоҷик -- Рустам Ҷӯраев - таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дар соли 2003 иловатан факултаи молия ва қарзи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст.

Ӯ соли 2000, вақте 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи "Ахбор" ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони "Субҳ" буд. Солҳои 2004-2005 сардабири идораи эҷодии "Субҳи Тоҷикистон" буд. Ӯ барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи журналистон дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG