Пайвандҳои дастрасӣ

Марде, ки ба додраси Панҷ бо табар ҳамла кард, 15 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон Диловар Олимов, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро, ки ба табар ба пешонии раиси додгоҳи ноҳия зада ӯро захмӣ намуда буд, ба мӯҳлати 15 сол равонаи зиндон кард.

Рӯзи 24 ноябр додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки Диловар Олимов, сокини ноҳияи Панҷ, ки барои бо табар задани раиси суди ноҳия гумонбар буд, бо ҳукми додгоҳи вилоятӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ Диловар Олимовро вазифадор кард, ки барои тарбияи ду фарзандаш ҳар моҳ 260 сомонӣ алимент пардохт кунад, вале ӯ аз ин қарори додгоҳ розӣ нашуда, бо раиси додгоҳ вориди баҳс шуд

Ҳукми додгоҳ рӯзи 21 ноябр содир шуд ва ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Маҳкумшуда ҳақи аз болои ин ҳукм шикоят бурданро дорад.

Ҳамла ба судя барои муваззаф кардани пардохти алимент

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар додгоҳ гуноҳи Диловар Олимов пурра тасдиқи худро ёфт ва ин шаҳрванд барои бо табар ҳамла карданаш ба додрас Давлатманд Раҳимзода дар рӯзи 31 августи соли ҷорӣ гунаҳгор эълон шудааст.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, қозии ин парванда дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гуноҳи Диловар Олимов аз рӯи моддаи "тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасди ҷиноят" пурра исбот шуд.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода гуфт, Диловар Олимов аз ҳукми додгоҳ дар бораи муқаррар кардани алименти падарии ӯ нисбати ду фарзандаш норозӣ шуд ва даст ба ҷиноят зад: "Раиси суд Давлатманд Раҳмимзодаро дашном дод. Раиси суд гуфт, ки "дар ҷоят шин". Вале ӯ асабонӣ шуда рафта дар як ошхона каме нӯшид ва бо худ табар гирифта ба раиси суд ҳамла кард".

Дар тафсилот ин ҳодиса гуфта шуд, ки ин сокини ноҳияи Панҷ ҳукми додгоҳ дар бораи пардохткани алимент ба фарзандонаш ба нишони эътироз ба утоқи кории раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ даромада бо табар ба ӯ ҳамла кардааст.

Хешовандон: "Таваккалаш ба худо"

Диловар Олимов, марде, ки ба раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ бо табар ҳамла кардааст 38- сол дошта, сокини маҳаллаи Қодир Зоидови маркази ноҳияи Панҷ аст, ки баҳси ӯ дар додгоҳ бо ҳамсари аввал ва модари се фарзанди ноболиғаш сари рӯёнидани алимент ё кумаки молӣ ба фарзандон аз аввали соли ҷорӣ сар зада будааст.

Ҳамсари собиқӣ ӯ намехоҳад дар ин бора суҳбат кунад, наздикону пайвандони Диловар Олимов ҳамлаи ӯро бо табар ба раиси додгоҳи ноҳия "обурӯрезӣ" гуфта намехоҳанд, ки дар ин маврид изҳори назар кунад. Назикони марде, ки барои 15 сол бо табар кашидан ба раиси додгоҳ зиндони шудааст мегӯяд, ки намехоҳад дар ин мавзу суҳбат кунад.

Наздикони Олимов: "Тавакалаш ба Худо"

Диловар Олимов 38 сол дошта, сокини маҳаллаи Қодир Зоидови маркази ноҳияи Панҷ аст. Бо ҳамсари аввал ва модари ду фарзанди ноболиғаш сари рӯёнидани алимент ё кумаки молӣ ба фарзандон аз аввали соли ҷорӣ вориди баҳси судӣ шуд. Ҳамсари собиқӣ ӯ намехоҳад дар ин бора суҳбат кунад. Вале наздикону пайвандони Диловар Олимов ҳамлаи ӯро бо табар ба раиси додгоҳи ноҳия "як обрӯрезӣ" меноманд.

Як бародари Диловар Олимов бидуни зикри номаш ҳасрат хурд, ки бародараш сари асабоният ва ҷаҳл даст ба ҷиноят задааст, вале гуфт, ки онҳо аз ҳукми содиркардаи додгоҳ шикоят надоран. Вай гуфт: "Кори шудагӣ шуд, намехоҳем чизе гуфта, тавакалаш ба Худо."

280 сомонӣ алимент

Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 31-уми август бо даъвои ҳамсари собиқи Диловар Олимов парвандаеро баррасӣ кард. Додгоҳ Диловар Олимовро вазифадор кард, ки барои тарбияи ду фарзандаш ҳар моҳ 280 сомонӣ алимент пардохт кунад, вале ӯ аз ин қарори додгоҳ розӣ нашуда, бо раиси додгоҳ вориди баҳс шуд. Пас аз анҷоми мурофиа ӯ ба додгоҳ бо табар ворид шуд ва ба раиси додгоҳ ҳамла кард.

Нурмамад Умронов, сардухтури ноҳияи Панҷ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 16 сентябр гуфта буд, ки раиси додгоҳ ҷароҳати вазнин бардошт: “Пешонааш кафидааст, чашми рост, гӯш ва дасташ низ осеб дидааст. Худаш забонхат дод, ки барои табобат ба Душанбе меравад. Бояд аз ташхиси компютерӣ гузарад. Мо ба ӯ хун рехтем ва ҳар коре, ки аз дастамон меомад, анҷом додем.”

Ҳукми Диловар Олимов барои ҳамла ба раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ дар ҳоле содир шуд, ки рӯзи 16-уми ноябр ба як додараси дигари додгоҳи ин ноҳия ҳамла сурат гирифт.

Мақомоти ноҳияи Панҷ гуфтанд, ки Шарофиддин Додов, як сокини ноҳия бо норизоӣ аз ҳалнома барои маскун кардани ҳамсари собиқаш ба Сайдаҳмад Зайдуллозода ҳамла кардааст. Додов бар асоси моддаи 328-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” айбдор мешавад. Ин банди қонун аз ду то панҷ соли зиндонро дар назар дорад.

Ҳодисаҳои ҳамла ба додрасҳо дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад. Вале ҳамлаи марди 73-сола ба як додрас дар соли 2012 бисёриҳоро таконзада кард. Моҳи октябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд сокини Исфара Зиёвуддин Ҷӯраевро барои ба рӯи судяи додгоҳи шаҳри Исфара Абдуҳамид Давронов сирко (кислота) пошиданаш ба мӯҳлати 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Пирамард гуфт, ки ба нишони эътироз аз ҳукми додрас оиди баҳси молу мулкӣ, ки на ба фоидаи Ҷӯраев ҳал шудааст, даст ба ин кор зад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG