Пайвандҳои дастрасӣ

Шарофуддин Додов барои ҳамла ба додраси Панҷ муттаҳам шуд


Додситонии ноҳияи Панҷ нисбат ба Шарофуддин Додов, сокини ин ноҳия, бо иттиҳоми ҳамла ба додрас Саидаҳмад Зайдуллозода парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 16-уми ноябр иттифоқ афтод.

Додов бар асоси моддаи 328-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” айбдор мешавад. Ин банди қонун аз ду то панҷ соли зиндонро дар назар дорад.

Дар моҳи сентябри имсол Давлатманд Раҳимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мавриди ҳамлаи ҷавобгари парвандаи "алимент" қарор гирифта, се ҳафта дар бемористон буд.

Як манбаъ дар Додситонии ноҳияи Панҷ рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шарофуддин Додов ин амалро бо эътироз ба ҳалномаи додгоҳ содир кардааст. Додгоҳ баҳси ҳамсари Додовро барои маскун шудан дар хонаи собиқ шавҳар қонеъ мекунад. “Вақте ба Додов нусхаи ҳалнома дода шуд ва ба ӯ фаҳмонида шуд, ки ҳамсари собиқаш бо фарзандонаш ҳаққи зиндагӣ дар манзили зисти онҳоро дорад, ӯ эътироз кард. Баъд аз баҳси лафзӣ, ӯ бо мушт ба сару бадани додрас зарба задааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли манбаъ, Шарофуддин Додов дар пурсишҳои ибтидоӣ гуфтааст, ҳақорати додрас ӯро асабӣ кард ва сипас ба вай ҳамла намуд. Дар Додгоҳи ноҳияи Панҷ ҳодисаи ҳамла ба додрасро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот аз шарҳи бештар худдорӣ мекунанд.

Саидаҳмад Зайдуллозода тобистони имсол ба ҷойи додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён ба кор омад. Тоҷиддин Қурбониён бо сабаби “содир намудани кирдоре, ки эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ озод шуд. Ӯ дар ҳоли ҳозир ба гирифтани ришва муттаҳам аст.

Қаблан, дар моҳи сентябри имсол Давлатманд Раҳимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мавриди ҳамлаи ҷавобгари парвандаи "алимент" қарор гирифта, се ҳафта дар бемористон буд. Мақомот гуфтанд, рӯзи 31-уми август сокини 39-солаи ноҳияи Панҷ Диловар Олимов, ки додрас Давлатманд Раҳимзода парвандаашро баррасӣ карда буд, дар идораи додгоҳ бо табар ба ӯ ҳамла кард.

Олимов зоҳиран аз қарори додгоҳ, ки барои кумак ба кӯдаконаш ба ӯ "алимент" таъин кард, норозӣ буд. Дар пайи ин ҳамла, сару чашм ва дастони Давлатманд Раҳимзода осеб дид. Диловар Олимов бо иттиҳоми “ҳамла ба додрас” ва “сӯиқасди куштор” боздошт шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG