Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон ба хидматҳои академик Семёнов арҷ гузоштанд


Академик Александр Семёнов дар соли 1906 дар Тошканд.
Академик Александр Семёнов дар соли 1906 дар Тошканд.

Имрӯз, ҷумъаи 13-уми декабр ба муносибати 130-солагии академик Александр Семёнов, ҳамоише дар мавзи "Саҳми академик Семёнов дар омӯзиши таъриху фарҳанги мардуми тоҷик" баргузор шуд.

Маҳфили гиромидошти хотираи академик Александр Семёнов ба муносибати 130-солагии ӯ бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ ва Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва этнографияи Академиияи улуми Тоҷикистон аз Александр Семёнов ба унвони донандаи хуби таъриху фарҳанг ва санъати мардумони Осиёи Марказӣ ном бурд ва гуфт, "осори барҷастаи вай дар бораи таърихи Тоҷикистон, далели он аст, ки академик Семёнов, бунёдгузори таърихшиносии тоҷик аст."

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Масов, "академик Семёнов, шарқшиноси бузург буданд ва аз мутахассисони таърихи ислом, ба хусус таърихи исмоилиҳо дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфтанд ва тадқиқоти илмиеро дар ин замина анҷом додаанд."

Дигар аз олимону донишмандони тоҷик зимни ҳамоиш ба хидмат шоёни академик Семёнов дар шинохти таъриху фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, ба хусус тоҷикон таъкид карданд.

Александр Семёнов
Александр Семёнов
Дар чаҳорчӯби ҳамоиш муаррифии китоби "Александр Семенов. Осори мунтахаб" баргузор шуд, ки ин асар аз сӯи кормандони Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон таҳия шудааст.

Зимнан, Александр Александрович Семенов, соли 1873 дар вилояти Тамбови Русия таваллуд шудааст. Соли 1900 Институти забонҳои шарқи Лазаревски Маскавро хатм карда ва забонҳои арабӣ, форсӣ - тоҷикӣ ва туркиро балад буд.

Фаъолияти эҷодии академик Семенов ба омӯзиши таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ бастагӣ дорад ва яке аз таълифоти илмиаш низ "Очеркҳои этнографии кӯҳистони Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз" аст, ки соли 1903 чоп шудааст.

Аммо соли 1906 генеарал - губрнатори Туркистон таъин мешавад, вале ба ин ҳам нигоҳ накарда, омӯзиши илмиро идома медиҳад. Ҳамин тавр пас аз Инқилоби октябри соли 1917 то охири умраш академик Семенов ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ машғул мешавад.

Ин аст, ки академик Семенов, ҳамчун шарқшиноси бузурги русу шуравӣ, доктори илмҳои таърих, бунёдгузори Донишгоҳи Тошканд ва нахустин раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон (1951 - 1958), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ва аъзои корреспонденти академияи илмҳои Узбакистон шинохта шудааст. Академик Александр Семенов соли 1958 дар синни 85 солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузаштааст.

Ҷашни 130-солагии академик Александр Семёнов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00
XS
SM
MD
LG