Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадрдонии иштирокчиёни амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим дар ВКД


Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҷустуҷӯи аъзои боқимондаи гурӯҳи мусаллаҳои генерал Абдуҳалим Назарзода дар атрофи Душанбе то ҳол идома дорад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҷаласаи тантанавӣ вазири умури дохила аз кормандоне, ки дар амалиёти махсуси зидди гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода "маҳорату малакаи баланди касбӣ" нишон доданд, қадрдонӣ кардааст. Ба ин афрод аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои пулӣ ва бо фармони вазири умури дохила нишонҳои сарисинагӣ ва тӯҳфаҳо супурда шудаанд.

Бино ба гузориши сомонаи расмии вазорат, вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода дар ин ҷаласа ҳамчунин бо изҳори дигарбораи ҳамдардӣ ба наздикону пайвандони кормандоне, ки дар амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода кушта шуданд, гуфтааст, ки "онҳо аз худ шуҷоату далерӣ ва корнамоӣ нишон дода, ҳастии худро барои Ватан бахшиданд."

Дар амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, 14 тан аз мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон, аз ҷумла Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон ва афсарони ОМОН-и вазорати умури дохила ва шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ҷон бохтанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни ин амалиёт 139 тан аз аъзои гурӯҳи Назарзода боздошт ва 27 тани онҳо кушта шудаанд.

Идомаи ҷустуҷӯи аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи чанд тан аз аъзои боқимондаи гурӯҳи мусаллаҳи генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим дар навоҳии атрофи Душанбе то ҳол идома дорад.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 23 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи ин афрод бар асоси шоҳидии дигар аъзои боздоштшудаи ин гурӯҳ сурат мегирад.

"Боздоштшудаҳо ба тафтишот ҳамчунин аз вуҷуди нафарони дигаре, ки қаблан бо ин гурӯҳ барои ҳамлаи мусаллаҳона омодагӣ медиданд, аммо рӯзи 4-уми сентябр ин гурӯҳро ҳамроҳӣ накарданд, хабар доданд. Ин гумонбарон ҳам дар ҷои истиқомати худ нестанд ва ба самтҳои ҳанӯз номаълум фирор кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, онҳо дар дасташон силоҳ надоранд, вале ҷустуҷӯи онҳо хеле эҳтиёткорона сурат мегирад," - гуфт ин манбаъ.

Ин манбаъ дақиқ нагуфт, ки чанд нафар ва мушахасан дар кадом навоҳии атрофи Душанбе ҷустуҷӯ мешавад, аммо гуфт, бар пояи маълумоти шоҳидон, ҳамроҳии онҳо бо гурӯҳи Назарзода қабл аз ҳуҷуми рӯзи 4-уми сентябр тасдиқ шудааст.

Субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дастикам 9 нафар аз мақомоти интизомиро кушта ба ҷо гузошт. Мақомот ҳамон рӯз масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим бор карданд ва ӯ худи ҳамон рӯз бо далели "бино бар содир кардани ҷиноят" аз мақом барканор карда шуд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон бегоҳии рӯзи 16-уми сентябр бо нашри хабари кушта шудани Абдуҳалим Назарзода эълон карданд, ки амалиёт алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат анҷом ёфтааст.

Дар пайи анҷоми амалиёт дар дараи Ромит 13 тан аз раҳбарону фаъолони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла ду муовини раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит, боздошт шуданд. Додситонии кул ба дунбол эълон кард, ки Ҳоҷӣ-Ҳалим бо ҳидоят ва таҳти раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ амал мекард ва барои ошӯби мусаллаҳона аз хориҷ тавассути сандуқҳои хайрия пули калон гирифта буд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ ҳар навъ даст доштанаш дар ин ошӯбро рад кард ва гуфт, ин қазияро мақомот мехоҳнад ба баҳонаи дигаре барои бастани ҳизби наҳзат табдил диҳанд ва ҳамчунин бо бастани номи ӯ ба ин ошӯбъ мехоҳанд роҳро барои таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузоштани худи ӯ ҳамвор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар огоҳии охиринаш ба мақомоти давлатии Амрико дар ин кишвар, ки рӯзи 21 сентябр нашр шудааст, менависад, "ҳарчанд гурӯҳҳои хурди тарафдорони муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода таҳти ҷустуҷӯ боқӣ мемонанд ва бовар меравад, ки дар минтақаҳои кӯҳии дур аз шаҳрҳои бузург пинҳон шудаанд, амалиёти густардаи низомӣ ва интизомӣ бо ҳадафи боздошти аъзои гурӯҳи Назарзода такмил шудааст ваё коҳиш меёбад."

Дар пасманзари оромтар шудани вазъ, сафорати Амрико дар Дуганбе маҳдудиятҳо дар роҳи сафарҳои кормандони идораҳои давлатии Амрико дар Тоҷикистонро сабуктар кардааст: "Дар ҳоли ҳозир сафарҳои расӣ ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, вале коргарони давлатии Амрико ҳанӯз таҳти дастуре қарор доранд, ки дар рӯзҳои итисроҳат дар атрофи Душанбе ва дигар шаҳрҳо кӯҳбароӣ накунанд."

XS
SM
MD
LG