Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ-Ҳалимро ба хок супурдаанд


Абдуҳалим Назарзда.
Абдуҳалим Назарзда.

Ҷанозаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, ва наздикони кушташудаи ӯ шоми 18 сентябр дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда шудааст.

Ҷанозаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, шоми 18 сентябр бо баргузории як маросими маҳдуд дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар маросими дафни генерал Назарзода ва наздиконаш танҳо як шумори маҳдуд аз хешу табори ӯ ширкат доштаанд. Маросимро нирӯҳои интизомӣ ҳамроҳӣ мекардаанд.

Таҳвили ҷасадҳои аъзои кушташудаи гурӯҳи Назарзода рӯзи 17 сентябр оғоз ёфт. Аммо ба хешовандони кушташудаҳо шарт гузоштаанд, ки ҷасадҳоро рост ба қабристон баранд ва бидуни маросими бузург ба хок бисупоранд.

Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ-Ҳалим чанд нафар ва мушаххасан кадоме аз наздикони ӯро ба хок супурдаанд. Шоҳидон дар бораи дафни ҷанозаҳои дастикам ду бародари ӯ – Салим ва Низом, ки ҳамроҳи бародарашон дар ҷараёни амалиёт дар дараи Ромит кушта шуданд, хабар медиҳанд. Вале сарнавишти боз як бародари ӯ – Мирзоҳаёт, ки дар рӯзи аввали амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим – 4 сентябр – дастгир шуда буд, ва ҳамин тавр, фарзандони Абдуҳалим Назарзода рӯшан нест.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр аз кушта шудани Ҳоҷӣ-Ҳалим ва ду сарҳанги вазорати дифоъ Ҷунайдулло Умаров, маъруф ба Эшони Ҷунайд, ва Умар Юнусов, маъруф ба Мулло Умар, хабар дода, эълон карданд, ки бо ҳамин амалиёти зидди ин гурӯҳи мусаллаҳ ба анҷом расид.

Ба ҳисоби мақомот, тайи 12 рӯзи амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев, ва аз тарафи муқобил 27 нафар кушта шуда, 139 тани дигар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, алайҳи 100 нафар аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Ҷасади ҳамроҳони Ҳоҷӣ Ҳалимро ба хешовандонашон месупоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд ва Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд.

Абдуҳалим Назарзодаи 51-сола дар соли 1997 фармондеҳии баталйони 25-умро, ки бар асоси созишномаи сулҳи байни ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ташкил шуда буд, бар ӯҳда гирифт. Аз соли 2007 раҳбарии раёсати амнияти дохилии вазорати дифоъро бар дӯш дошт ва моҳи январи соли 2014 муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин шуд. Ҷунайдулло Умаров ва Умар Юнусов ва ҳамин тавр, аксари аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим низ, ба гуфтаи мақомот, размандагони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳороти вижа Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро айбдор кард, ки дар ошӯби ахири гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, даст дорад. Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.”

Додситонӣ ҳамин тавр, тасдиқ кард, ки боздошти 13 тан аз раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ дар робита ба таҳқиқи парвандаи ошӯби генерал Назарзода сурат гирифтааст.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, ки аз моҳи март ба ин тараф дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро ба шиддат рад кард ва гуфт, бо бастани номи ӯ ба ин ошӯб мехоҳанд барои ҷустуҷӯи байналмилалиаш роҳро ҳамвор кунанд. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон дар воқеъ таҳияи аснод барои таҳти таъқиби Интерпол гузоштани Кабириро оғоз кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG