Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим): "Додоҷон тӯҳмат мекунад"


Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим

Сӯҳбати ихтисосии радиои Озодӣ бо Абдуҳалим Назаров, сардори Раёсати хадамоти қушун ва бехатарии Вазорати дифои Тоҷикистон.

Исми Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ҳафтаи гузашта пас аз он расонаӣ шуд, ки ҷунбиши “Ватандор” бо сарварии Додоҷони Атовуллоҳ як изҳорот пахш кард ва дар он гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон бар зидди шахсиятҳои маъруфи мухолифи ҳукумат як амалиёти вижаеро пиёда мекунад. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст, ки бар асоси ин амалиёт гӯиё Ҳоҷӣ Ҳалим аз ҳукумат 1 миллион доллар гирифта, онҳоро, ба шумули Додоҷони Атовуллоҳ аз байн мебарад.

Нахуст аз Абдуҳалим Назаров ҷавоби ин суолро пурсидем, ки изҳороти "Ватандор"-ро чӣ гуна қабул кардааст?

Назаров: Воқеиятро гӯем, намедонам, чӣ гӯям ба саволи Шумо, зеро аслан аз ҳамин гуна гапҳо дарак надорам ва ин дурӯғи маҳз аст. Инро ҳам намедонам, ки ягон нақша бошаду касеро аз байн бардоранд. Фикр мекунам, ин маҳсули тахайюли Додоҷон аст. Намефаҳмам, ки чаро Додоҷон номи маро овардааст, чӣ ҳадаф дорад. Аммо ин тӯҳмати маҳз аст. Ман омодаам исбот кунам. Бигузор худи Додоҷон ин тӯҳматро шарҳ диҳад, ки ин хабарро аз куҷо гирифтаасту аз кӣ.

Озодӣ: Додоҷон Атовуллоев мегӯяд, барои ин изҳороташ манбаи боварбахш дорад. Агар рӯбарӯ бо ӯ нишинед, исбот карда метавонед, ки изҳороти ӯ воқеият надорад?

Назаров: Бе баҳс. Додоҷон агар хоҳад, ман рӯбарӯ бо ӯ сӯҳбат мекунам. Омодаам, ки худам равам, дар ҳар куҷое, ки хоҳад, ҷояшро гӯяд, бигзор Амрико бошад, Германия, ё Русия. Ман бо ӯ баҳс мекунам. Дар паси худ ягон ғаждиро намебинам ва худамро гунаҳкор намеҳисобам.

Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро “Ватандор” ягон каси дигарро неву маҳз номи Шуморо овардааст?

Абдуҳалим Назаров (нафари дувум аз тарафи рост)
Абдуҳалим Назаров (нафари дувум аз тарафи рост)
Назаров: Ҳамин саволро ман ҳам мехоҳам аз Додоҷон пурсам, ки чӣ далел дорад. Ман ҳолати ӯро дар назар гирифта, ҳеҷ чиз намегӯям, ба хотири он ки ӯро дар Маскав корд зада буданд. Маълум, ки аз чизе метарсад. Як хабаре шунидаасту дурӯғу рост будани онро таҳлил накарда, аз тарси ҷон изҳорот додааст. Чаро дар бораи чанд нафар мегӯяду фақат номи худро меорад? Дигарон киҳо ҳастанд? Чаро маҳз ман - Ҳоҷӣ Ҳалим, ягон кас ё гурӯҳи дигар не. Вақте гап мезанад, нисбат ба чанд нафар тӯҳмат мекунад, бояд ба ҳарфи худ ҷавоб гӯяд.


Озодӣ: Шумо Додоҷонро мешиносед?

Назаров: Ӯро аз соли 1992 мешиносам. Наздиктар мешинохтагиам ҳамон сол буд, ки ҳамроҳ ҳаҷ рафтем. Охирин маротиба 6 сол пеш дида будам.

Озодӣ: Додоҷон Атоуллоев ҳамчунин дар Фейсбук навиштааст, ки Шуморо кадом як “кишварҳои дӯст” барои як қатор ҷиноятҳо ҷустуҷӯ мекунанд, яъне агар он ҷойҳо равед, Шуморо боздошт хоҳанд кард...

Назаров: Мутаассифона, барои ман фаҳмо нест, ки чаро Додоҷон ҳамчунин ҳарфҳоро нисбат ба ман мебофад. Ман аз ӯ талаб мекунам, ки далелҳояшро биёрад. Бигӯяд, ки ҳамон кишварҳои бо ӯ дӯст кадомҳоянд. Ман ҳамон кишвар ҳам меравам. То имрӯз ҳар кишваре, ки нарафтам, мушкиле надоштам, зеро дар паси худ ҷиноятеро намебинам ва аз худ дилпур ҳастам.

Озодӣ: Чанде қабл ҳафтаномаи “Нигоҳ” мусоҳибаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистонро нашр кард. Дар он аз ҷумла ишора мешавад, ки гӯё дар боздошти ӯ дар Маскав ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон нақши Шумо ҳаст, яъне содда карда гӯем, Шумо ӯро даъват кардеду ӯро боздошт карданд. Оё ин дуруст аст?

Акси Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Акси Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Назаров: Ин қиссаи хеле дароз аст, аммо кӯтоҳ мегӯям, ки дар боздошти вай ман гуноҳ надорам. Маҳмадрӯзӣ сиҳату саломат аз зиндон барояд, зиндаву саломат бошем, бародарона нишаста, дар ҳузури шоҳидон сӯҳбат мекунем. Боз чанд нафари дигар ҳам ҳастанд, ки шаҳодат медиҳанд. Аммо ҳоло чанд лаҳзаи боздошти Искандаров дар Маскавро бароятон рӯшан мекунам. Маҳмадрузӣ дар мусоҳиба гуфтааст, ман ба ӯ занг задам, ки пеши ман ояд. Аммо Худо шоҳид аст, ки ӯ пеши ман омад. Ман ӯро даъват накардаам, балки худи ӯ пеши ман омад. Он рӯз назди хонаи ман дар қарибии метрои Шоссе Энтузиастов омада, занг зад ва баъд ман пеши Маҳмадрузӣ рафтам. Ин як. Дуюм. Баъд аз он вохӯрӣ ӯро боздошт карда, баъд аз он ҷавоб доданд. Маротибаи дуюм вақте ӯро боздошт карданд, ман дар Душанбе будам.

Озодӣ: Дар Маскав он шабу рӯз Шумо чӣ кор мекардед?

Назаров: Ман аз соли 2003 то 2005 дар Академияи ҳарбии Фрунзеи Маскав мехондам, шунаванда будам.

Озодӣ: Чӣ фикр доред, оё миёни ин ду сӯҳбат - яке, изҳороти Атоуллоев, дигарӣ, сӯҳбати Искандаров - Шумо ягон алоқамандие ҳаст? Воқеан, якбора ду маротиба тайи як моҳ дар бораи шумо сӯҳбат мешавад. Шояд ягон сабаб бошад?

Назаров: Ман ҳатто дар ин бора фикр ҳам накардаам. Агар ин ду ба ҳам иртибот ҳам дошта бошанд, ман ҳатто намедонам, ки чӣ мақсад доранд. Агар ин ҳар ду изҳорот ба ҳам иртибот дошта бошанд, пас, ин ҷо як гурӯҳе ҳаст, ки амалеро тарҳрезӣ карданӣ ҳастанд. Инро бояд аз Додоҷон пурсему аз Маҳмадрӯзӣ...

Озодӣ: Чун дар бораи собиқ муҷоҳидон суҳбат рафт, дар ҷомеа ҳам савол медиҳанд, дар бораи шахсияти шумо ва шахсияти Шоҳ Искандаров. Чӣ тур шуд, ки масалан, собиқ фармондеҳони муҷоҳидин - Мирзо Зиёев, Раҳмон Сангинову Мулло Абдуллою дигарон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз шумо машҳуртар буданд, куштаву зиндонӣ шуданду аммо Шумо худро нигоҳ дошта тавонистед, ҳатто ба мартабаи генерал-майор расидед? Чӣ сирре ин ҷо ниҳон аст?

Назаров: Соли 1997 ман бо пешниҳоди худораҳматӣ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, командири баталёни 25 шудам. Рутбаи полковникиро ба ман вазири дифоъ дод. Сирри ман чӣ аст? Вақте Устод амр кард, ки мо сулҳ кардаем, силоҳро супоред, мо силоҳамонро супоридем. Ман дар шаҳри Душанбе бо 5-6 мошини сиёҳшиша мегаштам. Қонун бароварданд, ки бо мошини сиёҳшиша гаштан мумкин нест. Ман аз аввалинҳо шуда, шишаҳои мошинамро пок кардам. Дар шоҳидии кормандони телевизион ман плёнкаҳои сиёҳро аз мошинҳоям кандам. Ман ҳамеша ба қонун итоат карда будам. Аз ман мепурсиданд, ки ҳамчун қумондон чӣ орзу доред, ман посух додам, ки орзуи ягонаи ман дар кӯчаи Душанбе бе ҳозирбошу бе силоҳ гашта тавонам, бо фарзанду набераи худам. Бовар мекунед, ман баъзан аз қумондон будан шарм мекардам. Шарм мекардам, ки дар тан ҳамин либоси палангиро дорам. Аз соли 1997, ки ман ба Душанбе омадам, аз рӯи қонун коре накардам, ки маро ба зиндон ё ҷанг кашад. Ҳар кас барои амалаш бояд худаш ҷавоб диҳад. Вай Мирзо Зиё аст, Мулло Абдулло, ё Раҳмон Сангинов. Ҳар кадоми онҳо барои корҳои кардаи худашон ҷавоб доданд. Имрӯз агар маро бо Раҳмон, бо Мансур, ё мулло Абдулло, муқоиса кардан мехоҳанд, бояд аз мардуми ҳамон минтақаҳо пурсанд, ки онҳо кӣ буданду Ҳоҷӣ Ҳалим кӣ аст. Ин гапе, ки Шумо мегӯед, дар миёни афроди сиёсӣ аст, на мардуми оддӣ. Ман чӣ гуфтаниам? Ҳар фармондеҳе, ки бад кард, ба мардум зулм расонд, ҷазояшро дид. Ман, Худоро шукр, коре зидди давлат накардам.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки рӯзе мерасаду сарнавишти Шумо ҳам ба мисли фармондеҳони собиқ давр мехӯрад? Ин нигарониро ҳам доред?

Назаров: Русҳо мегӯянд, ки “аз зиндон касе суғурта нашудааст”. Бародароне бошанд, ки тӯҳматат кунанд, дӯстоне бошанд, ки туро фурӯшанд, чаро бадтарин рӯз ҳам ба сари кас наояд? Ин зиндагӣ аст, ҳарчӣ мешавад. Аммо бо боварӣ мегӯям, ки агар маро ба номардӣ нагиранд, бо мардӣ муттаҳам карда наметавонанд. Шукри Худо, ман қонунҳои Худову давлатро риоя мекунам, дилам ба покии худам пур аст. Аз Худо метарсам ва ҷинояте дар ҳаққи инсонҳо накардаам. Ҳар чӣ кардам, ба нафъи давлату мардуми Тоҷикистон кардам. “Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад”. Ҳар чӣ ояд, мардона қабул дорам, зеро аз тақдир ҷои гурез нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG