Фурӯравии боми мактаб дар Кӯлоб ва он ҳам ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз анҷоми сохтмонаш дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки Тоҷикистон аз рӯзи 1 феврал ба ин тараф бо сармову барфрезиҳои шадиде рӯбарӯст. Бар асари рехтани барфи зиёд ҳаракати нақлиёт дар ҷодаҳо дучори мушкил шуда, роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳатто муддате баста шуд.
Ҳамин тавр, фурудгоҳи Душанбе ду дафъа қабулу гусели ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Рӯзи 2 феврал як ҳавопаймо, ки дар масири Маскав - Кӯлоб парвоз мекард, ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Душанбе бар асари ях бастани хатти нишаст аз роҳ берун шуд ва шассии пешаш шикаст. Ҳавопаймои дигаре, ки дар масири Санкт-Петербург -Қӯрғонтеппа парвоз мекард, ба иллати аз барф тоза нашудани фурудгоҳи Қӯрғонтеппа маҷбур шуд дар фурудгоҳи Душанбе бинишинад.
Шарҳҳоро бинед (5)
Боз кардани шарҳи бештар