Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфе ки кишварро ғофилгир кард...(ВИДЕО)


Барфи бузург зоҳиран Тоҷикистонро ғофилгир кард ва ба ҳамаи риштаҳои зиндагии кишвар асар гузошт.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, барфи калон сабаби фуруд омадани баҳман ё тарма шуда, дар километри 71-уми шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе беш аз 100 мошин дармондаанд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёт ба самти Хоруғ низ қатъ гаштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон талош дорад, ба осебрасидагон мадад кунад.

Аммо дар ҳоле ки дармондани мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ рӯйдоди наве барои фасли сармо нест, ҳаракати нақлиёт дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ бо мушкил рӯбарӯ шуд. Сари фурсат поккорӣ нашудани барф ҳаракатро дар ҷодаҳо ба маротиб суст ва душвор карда, шумораи нақлиёт дар шаҳр ду баробар камтар ба назар мерасид. Дар натиҷа садҳо нафар натавонистанд, сари вақт ба коргоҳи худ расанд.

Барф Тоҷикистонро ғофилгир кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Ронандагон гуфтанд, ҳолати роҳ барои онҳо хатари зиёд пеш овард. Аз ҷумла таксирон Ҷамшед Шораҳматуллоев мегӯяд, «чун мо дар марказ зиндагӣ мекунем. Аз ҳар кӯча одам мебарояд, инро бояд ба назар гирифт ва хеле эҳтиёт кард бояд роҳҳо тоза карда шаванд то ин ки мошинро аққалан напаротояд. Пойро дар педал намонда, мошин ба ҳар тараф меравад, аз пушти ин мошин 4-5 мошини дигар истодааст ва амал омадани садама имкон дорад.»

Душанбеи ғарқи барф
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Ҳарчанд ин ҳама муддат дар пиёдароҳҳо шумораи зиёди занону мардони роҳруб кор мекарданд, рафтуомади одамон бениҳоят душвор ва дар бархе аз қитъаҳо номумкин буд. Баландии барф дар чунин қитъаҳо то 16-18 сантиметр мерасад.

Барфи калон ба рӯзе рост омад, ки таътили якмоҳаи зимистонаи мактаббачагон ба поён расид ва онҳо мебоист, рӯзи душанбе 3-юми феврал ба мактабҳо бармегаштанд. Вале бо назардошти вазъ вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тамоми мактабҳо, кӯдакистонҳо ва донишгоҳҳоро то 10-уми феврал таътил кард.
Сухангӯи ин вазорат Маҳмуд Шоев ба Радиои Озодӣ гуфт: «пас аз 10 феврал таҳсил дар муасисаҳои таълимӣ оғоз хоҳад шуд. 10 рӯзи таътили феълӣ дар нимаи дувуми соли таҳсил тариқи дарсҳои иловагӣ ҷуброн хоҳад шуд.»

Барфи сахт ва ҳавои сард кори фурудгоҳи Душанберо низ ба мушкил мувоҷеҳ кард. Шабонарӯзи охир ҳамаи парвозу фуруди ҳавопаймоҳо дар ин ҷо қатъ шуда, танҳо аз нимаи дувуми рӯзи 3 феврал дубора ба қабулу гусели ҳавопаймоҳо шурӯъ карда аст. Ин амр мояи нигаронии теъдоди зиёди мусофирон шуд, ки аксарияти онҳо аз ноҳияҳои дурдаст омадаанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити ногуворе қарор доранд ва барояшон аслан ягон ҷойи иқомат пешниҳод нашудааст.

Гулистон Каримова, як сокини пойтахт, ки ба гусели домодаш омадааст, мегӯяд, аз дирӯз ба ин сӯ дар фурудгоҳ саргардон аст. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, дар фурудгоҳ на танҳо шароити буду бош ва интизор будан барои парвоз ҳавопаймо муҳайё нест, балки ҳеҷ яке аз масъулон ҳоли онҳоро намепурсанд. Ин мусоҳиби мо гуфт, «чи қадар пуле буд, тамом шуда истодааст, бегоҳ мошинҳои таксӣ аз 60 то 80 сомонӣ нарх доранд. Мо-ку дар дохили шаҳр зиндагӣ мекунем, аммо аксарият аз роҳҳои дуранд ва ҷое барои рафтан надоранд. Онҳо гушнаву ташна мунтазиранд. Ана ин кӯдаконро бинед, ки ҳатто ҳарораташон баланд аст. Мо низ мефаҳмем, ки боду ҳаво хуб нест, аммо масъулини фурудгоҳ низ ба мисли фурудгоҳҳои кишварҳои дигар бояд ҳоли мусофиронро дарк кунанд. Ақалан ҷойи нишаст нест, мардум бештар дар замин нишастаанд.»

Барои бисёриҳо рӯшан нест, ки чаро мақомоти фурудгоҳ натавонистаанд, хатҳои парвозу фуруди ҳавопаймоҳоро сари вақт аз барф пок кунанд.

Бо вуҷуди он ки ин ҳолат натиҷаи як офати табиӣ ва ҳолати фавқулода шумурда мешавад, ақидаи умумӣ ин аст, ки ниҳодҳои зербиноии кишвар натавонистанд, ба барфи калон ва сардии ҳаво аз пеш омода шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази ҳавошиносони Тоҷикистон ҳанӯз як ҳафта қабл огоҳ карда буд, ки кишварро барфи сахт ва ҳавои сард дер пеш аст. Ин марказ мегӯяд, сардиҳо ва бориши барф то охири ҳафта давом карда, сардии ҳаво то ба 17 дараҷа хоҳад расид. Ҳанӯз мақомоти расмӣ нагуфтаанд, вазъи ногувор ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар чӣ қадар зиён расондааст.

XS
SM
MD
LG