Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байналмилаии Save the Children ва ё Наҷоти кӯдакон бо нашри пажӯҳиши тозаи худ таъсири ҷанги давомдорро дар Сурия ба сиҳатии равонии атфол бозгӯ кардааст. Дар ин пажӯҳиш гуфта, мешавад, ки низоъ ва хунрезии шашсола ба равони кӯдакон дар ин кишвар зарба задааст, ки асараш то даҳсолаҳои оянда боқӣ хоҳад монд.

Пажӯҳишгарони ин созмон зимни анҷоми як назарсанҷии фарогир дар бораи сиҳҳатии равонӣ ба ҳангоми низоъ дар Сурия ошкор кардаанд, ки бештар аз ҳама кӯдакон осеби рӯҳӣ дидаанд, тарсу ва хашин шудаанд. Аксарияти атфол, ки пайвандонашон кушта шуданд, дар хона зери таркиши бомб мондаанд ва ё ҷароҳат бардоштаанд, аз ҳама зиёд рӯҳан азоб кашидаанд. Онҳо то ба ҳадде шикаста шудаанд, ки бехобӣ мекашанд ва қасди худкушӣ низ кардаанд ва бархеҳо ҳатто аз гап задан мондаанд.

Дар ин пажӯҳиш гуфта, мешавад, ки низоъ ва хунрезии шашсола ба равони кӯдакон дар ин кишвар зарба задааст, ки асараш то даҳсолаҳои оянда боқӣ хоҳад монд.

Пажӯҳиш дар 7 мавзеъи асосан таҳти назорати ошӯбгарон, аз ҷумла Идлибу Ҳалаб ва инчунин минтақаи курднишин бо ширкати беш аз 420 кӯдак, падару модарон,ва омӯзгорону равоншиносон анҷом шудааст. Низоъ дар Сурия боис ба марги садҳо ҳазор нафар гашт, 11 миллион суриягиро бехонумон кард ва дар умури гурезаҳои ҷаҳон бӯҳрони амиқро ба вуҷуд овард.

Созмони Save the children мегӯяд, "бархе кӯдакон барои зинда мондан маҷбур шуданд, ба гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳамроҳ шаванд. Онҳо медиданд, ки чӣ гуна дӯстонашон ва хонаводаҳо дар пеши назарашон ҳалок мешуданд ва ё дар зери боқимондаҳои хонаҳо, дафн мешаванд. Дар гузориши созмон омадааст, “онҳо-насли ояндае ҳастанд, ки бояд кишвари тахрибшударо барқарор кунанд."

Ба навиштаи ин созмон, агар кӯдакон муолиҷа нашаванд, зарбаи пайвастаи равонӣ метавонад барои шаклгирӣ ва рушди мағзи сари онҳо паёмади ногуворе дошта бошад. Эҳтимолан онҳо барои якумрӣ ба дарди қалб ва фишори руҳӣ гирифтор хоҳанд шуд. Сӯҳбат бо кӯдакон муайян кардааст, ки бештари онҳо хашинанд. Фирос, падари як писари сесола дар сӯҳбат бо пажӯҳишгарон гуфтааст, "писарам шабонгаҳ дар хоб фарёд мезанад ва бедор мешавад."

Кӯдакони суриягӣ.
Кӯдакони суриягӣ.

Дар ҳамин ҳол камбуди мактаб мушкилро амиқтар кардааст. Дар гузориши созмони Save the children гуфта мешавад, ки аз се як ҳиссаи мактабҳо ба вайрона табдил шуда, ҳамчун паногоҳ истифода мегарданд. Ё аз биноҳои валангор ба ҳайси қисмҳои низомӣ ё макони шиканҷа кор мебаранд. Як омӯзгор дар шаҳри муҳосирашудаи Мазоё мегӯяд, «хонандагон расмҳои кӯдаконеро мекашанд, ки дар ҷанг кушта мешаванд.»

Дар пажӯҳиш ҳамчунин ба афзоиши хушунат дар хонаводаҳое ишора мешавад, ки писарон ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ҷалб шудаанд ва духтарон дар синни 12 издивоҷ намудаанд.

Созмони Save the Children пешниҳод дорад, ки барномаҳои ҳифзи сиҳатии равонӣ дар Сурия тақвият дода шавад ва дар ин баробар барои омода кардани омӯзгорон маблағгузорӣ бештар шавад. “Аммо дар ниҳояти кор бояд ба сабаби асосии шикастии равонии кӯдакон-хушунате, ки то кунун дар шаҳру деҳоти Сурия идома дорад, хотима бахшид.”-хулоса шудааст, дар пажӯҳиш.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG