Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони табиби гумонбар дар узвияти "Салафия" аз президент кӯмак хостанд


Пайвандони Абдумалик Саломов, ҷарроҳи қалб, ки бо гумони иртибот бо гурӯҳи мамнӯи “Салафия” ду моҳ аст дар боздошт қарор дорад, бо ирсоли номае ба унвони раисҷумҳур аз ӯ хостаанд, барои таҳқиқи одилонаи қазияи пизишк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мусоидат кунад.

Абдумалик Саломови 41-сола як ҷарроҳи Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд аст, ки моҳи август бо гумони ҳамнишинӣ бо аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ва ширкат дар як “маҳфили палави салафиҳо” боздошт

Ӯ мегӯяд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст ва намедонад дар кадом асос ӯро дастгир кардаанд. Танҳо ҳамин чизро гуфта истодаанд

шуд. Нисбати Абдумалик Саломов мутобиқи банди 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, бо айби иштирок дар фаъолияти равияи мамнӯи “Салафия” парванда боз шудааст. Ин модда муҷозотро аз 3 то 5 соли зиндон пешбинӣ мекунад. Тафтишро мақомоти кумитаи амнияти Суғд пеш мебаранд.

Бахтиёр Воҳидов, яке аз вакилони дифои Саломов рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бовар надоранд, ки мақомот Саломовро бар асоси далелҳои раднопазир ва аз рӯи қонун дастгир кардаанд. Вай гуфт, муҳим аст, ки қазияи ин духтур “дуруст ва одилона” таҳқиқ шавад. Воҳидов аз номи хонаводаи Саломов гуфт:

“Онҳо ба иртиботи бародарашон бо гурӯҳи тундрав бовар надоранд. Мегӯянд, ки чӣ тавр як ҷарроҳи дил (Абдумалик Саломов) ҳамзамон дар як гурӯҳи ифротгарои динӣ фаъолият мекардааст? Онҳо дар номаи худ аз раисҷумҳур дархост намуданд, ки новобаста ба он ки Саломов гунаҳкор аст ё не, мақомоти тафтишотӣ қазияро таҳқиқ кунанд ва баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”

Саломов иттиҳомотро рад мекунад

Бахтиёр Воҳидов гуфт, зерҳимояаш дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад. Ба қавли ӯ, зерҳимояаш иртиботи худ бо равияи мамнӯи «Салафия»-ро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст ва намедонад дар кадом асос ӯро дастгир кардаанд. Танҳо ҳамин чизро гуфта истодаанд”.

Зарринахон Саломова, ҳамсари Абдумалик Саломов, ки дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси духтури амрози занона кор мекунад, гуфт, чанд рӯз қабл бо шавҳараш дидор дошт. Ӯ гуфтааст, умед дорад, ки парвандааш мунсифона баррасӣ мешавад ва бегуноҳии ҳамсараш ҳам исбот хоҳад шуд ва ӯ ниҳоят озод мешавад.

Саломовҳо аз 22 соли зндагии муштарак чор фарзанд ба дунё овардаанд. Духтари калониашон дар донишгоҳ таҳсил мекунад ва сеи дигар мактабхонанд. Хонум Саломова гуфт, замони кору фаъолияти ҳамсараш дар Маскави Русия ҳамроҳаш буд ва дар як дармонгоҳ кор мекард. Ӯ мегӯяд, меҳри ватан буд, ки баъд аз 10 соли зиндагӣ дар пойтахти Русия онҳоро дубора ба Хуҷанд овард.

«Оши палав бо ҳамсинфон боиси боздошти ӯ шуд»

Дар Хуҷанд Абдумалик Саломов дар ҷои кори пештарааш - бемористони дил ба кор пардохт. Ба гуфтаи ҳамсараш, ӯ соатҳои бештари шабонарӯзро дар коргоҳаш мегузаронид ва ҳолатҳои зиёде ҳам буд, ки мебоист шабонарӯз дар маркази ҷарроҳӣ кор кунад. Зарринахон Саломова гуфт, ки ҳамсараш танҳо ҳафтае як бор дар чойхонаи маҳалла дар маҳфили оши палави ҳамсинфонаш иштирок мекард ва бо амри тақдир, билохира ҳамин маҳфил ҳам боис ба боздошти мармузи ӯ шудааст.

Бо ин ки Саломов аз 19 август дар боздошт ба сар мебарад, то ҳол мақомот ин қазияро шарҳ намедиҳанд. Вале манобеи наздик ба тафтиши ин қазия, ки аз ифшои номи худ худдорӣ мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки

Абдумалик Саломов бо гурӯҳе иртибот дошт, ки ба пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” гумонбар дониста мешавад ва дар “маҳфилҳои палави” онҳо ширкат мекард. Вале ин манобеъ нагуфтанд, ки иртибот ва ҳамнишинии ӯ бо гумонбарони узвият дар “Салафия” чӣ паёмаде дошта ва оё ӯ танҳо боздошт шудааст ё дар гурӯҳ бо дигар гумонбарон? Ҳамчунин маълум нест, ки Саломов мушаххасан барои кадом иртиботаш бо ин гурӯҳ айбдор дониста мешавад.

Сохторҳои тафтишорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба далели ҳифзи сирри тафтишот наметавонанд ҷузъиёти бештари аъмоли Саломовро ошкор кунанд. «Баъди қарори додгоҳ, ки гунаҳкор ё бегуноҳии Саломовро собит хоҳад кард, мешавад дар ин бора суҳбат кунем», гуфт як манбаи огоҳ аз қазия.

Боздошт дар манзили зист

Ҳамсар ва бародари Саломов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдумалик Саломов субҳи 19 августи соли ҷорӣ дар манзили зисташ дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд дастгир шуд. Ҳамчунин ҳамон рӯз 6 ҳамсинф ва дӯстони ӯ низ, ки якҷоя дар ошхонаи маҳалла дар “маҳфили палав” ҷамъ омадаанд, боздошт шудаанд. Сипас мақомот 4 нафари онҳоро раҳо карда, танҳо алайҳи ду тани онҳо ва Абдумалик Саломов парванда боз кардаанд. Вакилони мудофеъ аз ду ҳамсинфи ҳамроҳи Саломов дастгиршудааш ном набурданд. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки яке аз онҳо хати арабиро хонда метавонистааст. Онҳо дар як маҳалла зиндагӣ мекардаанд.

Абдулатиф Саломов
Абдулатиф Саломов

Абдулатиф, бародари калонии Абдумалик Саломов мегӯяд, бародарашро аз ҷумла дар он гумонбар медонанд, ки гӯё барои сохтани манзил ба як ҳамсинфи дастгиршудааш, ки барои пайравӣ аз равияи мамнӯи «Салафия» гумонбар дониста мешавад, ёрӣ расонидааст: “Вале бародарам гуфт, ки ин корро накардааст. Ҳол он ки он ҳамсинфаш хонаашро аз хишту чӯбу чахси хонаи кӯҳнаи вайронкардааш бардошт. Гуфт, ки фақат боре модари беморашро муоина карда, доруву дармон навишта додааст.”

«Намозхон асту ҳаҷи умраро анҷом додааст»

Ба қавли Абдулатиф Саломов, бародараш намозхон аст ва ҳамроҳи ҳамсинфонаш ҳаҷҷи умраро ҳам адо карда буд. Вале таҳаммулпазир буд ва дар маҳфилҳое ҳам, ки шароб менӯшиданд, иштирок мекард, вале касеро мазаммат ё ба сараш ягон ақидаи диниро бор намекард. “Ӯ то дастгир шуданаш ба масҷиди маҳалла барои намозхонӣ ҳам мерафт. Баъзан мегуфтам, ки «Абдумалик, нашавад, ки барои намозхониат туро ғам диҳанд, беҳтар аст намозатро дар хонаат хондан гир». Ӯ мегуфт, ки «охир, ман ягон кори бад намекунам, фақат масҷид меравам, ки намоз хонам”.

Мусоҳибам мегӯяд, онҳо се бародар ва як хоҳаранд ва падару модар надоранд. Онҳо бо саъю талош ва заҳматҳои худ касбу кор омӯхтаву хонаву дар сохта ва дар ҷомеа номи нек пайдо кардаанд. Ҳарчанд солҳои охир даҳҳо сокини касбу корашон мухталиф, умдатан бекорон ва аз табақаи миёна дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми пайравӣ аз равияи мамнӯи «Салафия» дастгир шудаанд, бори аввал аст, ки як табиби номӣ бо ихтисоси нодири ҷарроҳии қалб бо ин иттиҳом дастгир ва ба маҳбас андохта мешавад.

Вакили мудофеъ ва пайвандони Абдумалик Саломов мегӯянд, онҳо интизори баррасии мунсифонаи қазияи боздошт, ҳабси пешакӣ ва эълони иттиҳом алайҳи ӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG