Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси табиби маъруф баъди "маҳфили палави салафиҳо"


Акси Саломов дар девори Маркази бемориҳои дил дар Хуҷанд
Акси Саломов дар девори Маркази бемориҳои дил дар Хуҷанд

Як табиби қалбе, ки нахустин ҷарроҳии шунтии қалбро дар Хуҷанд анҷом додааст, бо гумони иртибот бо гурӯҳи тундрави динӣ боздошт шудааст.

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст. Боздошт моҳи сентябр сурат гирифта, вале мақомот то ҳол тафсилоти ин боздоштро шарҳ намедиҳанд. Аз рӯи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъди боздошт ва ҳам шурӯи тафтишот Саломов дар боздоштгоҳ (СИЗО-и №2)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Тафтиши парвандаро мақомоти Кумитаи амнияти Суғд пеш мебарад.

Ҳамнишинӣ бо аъзои "маҳфили палави салафӣ"

Мақомоти додситонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Суғд боздошти Саломовро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши ин қазия, дар парванда зикр шудааст, ки Абдумалик Саломов бо гурӯҳ иртибот дошт, ки ба пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” гумонбар дониста мешавад ва дар “маҳфилҳои палави” онҳо ширкат мекард. Вале ин манобеъ нагуфтанд, ки иртибот ва ҳамнишинии ӯ бо гумонбарони узвият дар “Салафия” чӣ паёмаде доштааст ва оё ӯ танҳо боздошт шудааст ё дар гурӯҳ бо дигар гумонбарон? Ҳамунин феълан маълум нест, ки оё мушаххасан духтури маъруф дар нақзи кадом модда гумонбар дониста мешавад.

Як манбаи наздик ба тафтиши парванда аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Озодӣ гуфт, ки ба далели ҳифзи сирри тафтиш наметавонанд ҷузъиёти бештари аъмоли Саломовро ошкор кунанд. Ӯ афзуд, баъди қарори додгоҳ, ки гунаҳкор ё бегуноҳии Саломовро собит хоҳад кард, метавонад дар ин бора суҳбат кунад.

Табибе, ки дар Душанбеву Маскав хондааст

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас, дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

"Тоҷикистон аз як мутахассиси олии бемориҳои дил маҳрум мешавад"

Ҳамкоронаш Абдумалик Саломовро як мутахассиси ҳифаӣ ва инсони хуб мегӯянд, ки тӯли фаъолияти кориаш дар ҷарроҳии қалби беш аз 100 бемор иштирок карда, онҳоро аз марг наҷот додааст. Онҳо мегӯянд, боздошти ҳамкорашон барои онҳо ғайричашмдошт буд.

Як ҳамкори Саломов, ки аз хабари боздошти ӯ афсурдаву нороҳат аст, бидуни бурдани номаш гуфт, “худо накарда Саломовро маҳкум кунанд, Тоҷикистон аз як табиб ва мутахассиси дараҷаи олии бемориҳои дил маҳрум мешавад. Шумо медонед, ки барои омода кардани мутахассисони соҳаи бисёр нодири дил чӣ қадар заҳмату солу пул лозим аст? Саломов ба ҳеҷ сурат одами хатарнок нест, балки як ифтихори соҳаи тиби Тоҷикистон аст ва мақомот набояд дар қазияи ӯ ба хато роҳ диҳанд”.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мақомоти Маркази ҷарроҳии дилу шарён ҳам, ки ба ҳайси муассисаи давлатӣ соли 2012 дар назди беморхонаи давлатии дил таъсис шуду ҳамчун “маркази кардиологияи Хуҷанд” маъруф аст, гуфтанд, ки аз боздошту гумонбар шудани Саломов дар таконзада шудаанд.

Мубинҷон Иноятов, мудири шуъба дар маркази мазкур рӯзи 18 уми октябр гуфт: “Саломов як мутахассиси олии касби худ, ҷарроҳии дил буд. Хуб, медонам, ки ӯ намозхон буд, ба ҳаҷҷи умра рафта буд. Ба ягон кас сахт гап намезад, бо беморон муносибати хеле хуб дошт.”

Беморон ноумед шуданд

Вале то ҳол маълум нест, ки худи Абдумалик Саломов дар бораи дастгир шуданаш чӣ назар дорад ва оё дар робита бо иртиботи эҳтимолиаш бо афроди марбут ба гурӯҳи ифротии динӣ ба мақомот чӣ гуфтааст. Феълан барои Радиои Озодӣ имкон надод, ки мавқеи ӯву хешу наздиконаш пурсида шавад.

Ҳоло баъд аз боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифтани як ҷарроҳи ҳирфаии маркази мазкур, бемороне, ки барои ба дасти сабуки Саломов ҷарроҳӣ шудан худро номнавис карда буданд, аз даргоҳи ин бемористон ноумед бармегарданд.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир бо ақидаҳои ифротӣ ва созмонҳои мубаллиғи ин ақидаҳо, назири “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва дигарҳо муборизаи шадид эълон кардааст, садҳо нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар бархе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо худро то охир бегуноҳ меноманд ва мегӯянд, қурбони тӯҳмат шудаанд. Ин гурӯҳи маҳкумшудаҳо мегӯянд, дар зиндагӣ ба ҷуз намозхониву риояи меъёрҳои зиндагии як мусалмони оддӣ кори дигаре накардаанд, вале онҳоро мисли як тундгаро ва шахси ифротӣ муҷозот кардаанд.

XS
SM
MD
LG