Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 варзишгари рус ба Рио мераванд. ВИДЕО


Русия эълон кард, ки беш аз 250 варзишгар дар бозиҳои олимпии Рио дар моҳи август иштирок мекунанд. Владимир Путин, президенти Русия тасмими боздошта шудани сафари беш аз 100 варзишгари дигарро, ки исмашон дар моҷарои марбут ба допинг олуда шудааст, “таассуфовар” ва “табъйизомез” қаламдод кард.

Раиси Кумитаи олимпии Русия Александр Жуков рӯзи 26 июл гуфт, ки аз миёни 387 варзишгари олимпӣ исми беш аз 250 нафарашон барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ ба истилоҳ “пок” шудааст. Дар миёни онҳо ширкатдорони сабқатҳои дастхобонӣ, шамшерзанӣ, асптозӣ, тенниси рӯи миз ва дигарҳо ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтаанд. Дар миёни онҳое, ки ба Олимпиада роҳ наёфтанд, тамоми аъзои тими атлетикаи сабук ном бурда мешаванд, ки натавонистанд озмоиши допингиро гузаранд.

Ин варзишгаронро дар он муттаҳам мекунанд, ки допинг истеъмол мекарданд ва ин барномаи махфӣ таҳти пӯшиши ҳукумати Русия қарор дошт. Путин шикоят кард, ки дар феҳристи варзишгарони мамнӯъшуда барои ширкат дар Олимпиада ситораҳои варзиши сабук ба мисли Елена Исинбаева, нафаре, ки ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ бо допинг ба даст наафтодааст, ҳам ворид шудаанд.

“Мо ихроҷи бебандубори варзишгаронеро, ки аз назари истеъмоли допинг комилан тоза ҳастанд, қабул карда наметавонем”, гуфт Путин дар маросими хосе дар Кремлин, ки дар он варзишгарони аз Олимпиада маҳрумшуда иштирок карданд. “Ин табъизи ошкорро мо қабул карда наметавонем”. Путин гуфт, ки ин ҳодиса на танҳо варзишгарони бегуноҳро меранҷонад, балки зарба ба тамоми ҷаҳони варзиш ва ҳам бозиҳои олимпӣ аст. “Мусалламан, набуди рақибони рус, ки дар бисёр бахшҳои Олимпиада пешсафанд, маззаи пирӯзиро ҳам дигар мекунад”.

Путин гуфт, арзиши медалҳои Олимпиада поин меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Дар ин маросим Исинбаева, барандаи ду медали тиллои олимпӣ дар канори Путин истода, бо чашмони гиряолуд аз дигар варзишгарон даъват кард, ки “тамоми ҳунари худро ба хотири худ ва мо” намоиш диҳанд.

Жуков гуфт, ки феҳрасти ниҳоии варзишгароне, ки ба Рио мераванд, рӯзи 30 июл пахш мешавад. Ҳанӯз дар бораи сарнавишти 21 гимнасти рус чизе маълум нест, дар ин бахши варзиш суннатан Русия баландтарин нишонҳоро ба даст меорад. Федератсияи байналмилалии гимнастика дар оғози ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки барои сафари баъзе варзишгарони рус дар ин бахш шонсе ба даст омадааст ва ҳоло бояд сухани охиринро дар ин замина Кумитаи байналмилалии Олимпӣ бигӯяд.

Ҳамин кумита ҳафтаи гузашта аз манъи ширкати варзишгарони Русия дар бозиҳои Рио худдорӣ кард, дар ҳоле, ки шаҳодати истеъмоли сартосарии допинг аз ҷониби варзишгарони ин кишвар фош шуд ва таҳқиқот собит кард, ки ин амал таҳти пӯшиши ҳукумати Русия анҷом мешуд. Ин кумита амр дод, ки федератсияҳои ҷудогонаи варзишӣ дар алоҳидагӣ тасмим бигиранд, ки кадоме аз варзишгаронро ба Олимпиада роҳ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG