Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рио-де-Жанейро Деҳаи олимпӣ ифтитоҳ ёфт


Деҳаи олимпӣ, ки дар он варзишгарон ҳангоми Бозиҳои XXI тобистонаи олимпӣ зиндагӣ мекунанд, дар шаҳри дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора оҷонсии АР хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, маҷмуаи истиқоматӣ, ки аз 31 бино ва 3600 манзили истиқоматӣ иборат буда, барои беш аз 28 ҳазор нафар одамон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар ин ҷо 10500 варзишгар ва 7000 аъзои ҳайатҳои вакилони дастаҳои мунтахаби кишварҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳудуди деҳа майдонҳои теннис, майдонҳои футбол, ҳафт ҳавзи шиноварӣ, дармонгоҳ, толори тренажёрӣ ҷойгир шудаанд. Ба варзишгарон 450 ҳазор рифола, аз он ҷумла 100 ҳазораш занона, дода мешавад. Ташкилкунандагони Бозиҳо тазаккур медиҳанд, ки ин ба вируси Зика, ки дар Амрикои Ҷанубӣ паҳн шудааст, ҳеҷ гуна иртибот надорад.

Масоҳати ошхонаи Деҳаи олимпӣ ба се майдони футбол баробар аст. Барои варзишгарон ғизои миллии бисёр кишварҳо пешкаш мешавад.

«Ман мехоҳам ба ҳамаи варзишгарон дар сатҳи олӣ хидмат бикунам, - мегӯяд муовини сардори раёсати маҷмуа Пристсилла Антонелло. —Яке аз вазифаҳои душвортарин ин омода кардани ғизост. Мо мекӯшем ҳар як варзишгар чизеро ки мехоҳад, ҳамонро бихӯрад».

Ҳаҷми маблағи сохтмони Деҳаи олимпӣ 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Зикр шудааст, ки маблағгузори лоиҳа Карвалю Хоскен ба иллати вазъи номусоиди иқтисодӣ дар кишвар зарари хеле зиёд дидааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ аз 5 то 21 августи соли равон дар Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд. Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG