Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони Омск: "Маҳбуси тоҷик аз "сактаи қалб" мурд


Зиндони Омск
Зиндони Омск

Даҳҳо маҳбуси зиндони рақами 6-и вилояти Омски Русия, баъд аз ошӯби марбут ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон, бо фишор ва бадрафтории нозирони маҳбас рӯбарӯ шудаанд.

Раёсати Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия дар вилояти Омск дар як изҳороти расмӣ хабари Радиои Озодиро дар бораи ошӯби маҳбусон баъд аз куштори шаҳрванди Тоҷикистон Беҳзод Отабобоев рад кард, аммо гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз заъфи сахти дил даргузаштааст. Дар ин баёния омадааст, ки “13 май, соати 6-и субҳ Отабобоев, ки бино бар моддаи «маводи мухаддира» ба 10 соли ҳабс маҳкум шудааст, бе нишонаҳои зиндагӣ дар рахтихоби худ дарёфт шуд. Пизишки навбатдор зафъи шадиди дилро сабаби марги ӯ донистааст. Барои таҳқиқ намояндагони Кумитаи тафтишот ба маҳалли ҳодиса рафта, ҳоло тафтиш бар асоси бандҳои 144 ва 145-и Кодекси ҷиноӣ ҷараён дорад.”

Рӯзи 13-уми май баъд аз хабари ҳалокати Беҳзод Отабобоеви 25-сола зиёда аз 100 маҳбуси тоҷику ӯзбаки ин зиндон даст ба шӯриш заданд ва аз маъмурияти зиндон талаб карданд, куштори Беҳзод таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазо гиранд. Онҳо бар инанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи сардори бахши амнияти маҳбас ва ходимони ӯ шиканҷа шуда, ба ҳалокат расидааст. Яке аз маҳбусон ба Радиои Озодӣ гуфт, Беҳзодро баъд аз латукӯби сахт фармон медиҳанд, ки сад бор машқи “отжимание”-ро ба ҷо орад.

Раиси созмони ғайридавлатии “Ёрдам” дар Маскав Баҳром Ҳамроев, ки бо маҳбусони ин зиндон дар тамос аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 14-уми май маъмурияти маҳбас шаҳрвандони Тоҷикистон – Абдураҳмонов Муҳаммадрасул Раҳимҷоновичи 26-сола, Раҷабов Фарҳодҷон Эҳсоновичи 36-сола ва шаҳрванди Ӯзбакистон – Рустамов Абдураҳмон Назарбековичи 37-соларо, ки дар сафи шӯришгарон буданд, ба қатли Беҳзод Отабобоев айбдор карда, ба ҷои номаълуме бурдааст. То ҳол маҳбусони дигар аз сарнавишти ин се нафар иттилое надоранд.

Маҳбусон гуфтаанд, байни се нафар ва мақтул ҳеч гуна хусумат ё муноқишае рӯй надода, Беҳзод Отабобоев дар боздоштгоҳи пешакие, ки аз он «зонаи адаптатсия» ном мебаранд, бар асари шиканҷаи нозирони маҳбас ба ҳалокат расидааст. Маҳбусони нав одатан 9 моҳ дар зонаи «адаптатсия» меистанд ва танҳо баъд ба маҳбаси одӣ интиқол дода мешаванд.

Шаби 14 ба 15-уми май нозирони зиндон тоҷикон ва ӯзбакони маҳбасро латукӯб карданд ва аз онҳо хостанд, нафаронеро ба маъмурият супоранд, ки хабарҳои дохили маҳбасро ба берун баровардаанд. Ҳамзамон маъмурияти зиндон ваъдаи худро, ки ҳамаи маҳбусонро аз минтақаи “адаптатсия” ба маҳбаси одӣ хоҳад гузаронд, иҷро накардааст.

Бино бар маълумоти чанде аз маҳбусон, маъумрияти маҳбас барои “хомӯш” кардани ошӯб рӯзи 14-уми май ваъда дода буд, ки ҳамаи маҳбусонро аз ин минтақа ба маҳбаси одӣ интиқол хоҳад дод. Ҳамчунин маъмурони маҳбас ваъда доданд, ки қазияи марги шаҳрванди Тоҷикистон Беҳзод Отабобоев ба таври комил таҳқиқ хоҳад шуд.

Дар изҳороти расмии раёсати Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия дар вилояти Омск гуфта мешавад, ки маҳбус Беҳзод Отабобоев рӯзи 21-уми апрел аз боздоштгоҳи рақами 1-и муваққати Омск ба маҳбаси рақами 6 интиқол ёфта, мӯҳлати ҳабси ӯ 5-уми июни соли 2023 ба поён мерасид. Дар ҳоле ки ӯ бо иттиҳоми қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар аксари мавридҳо ин парвандаҳо сохта буда, 70 дарсади маҳбусони ин зиндон бо ҳамин гуна айбнома ба муҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Иттифоқан марги маҳбус дар зиндони Русия дар рӯзи нашри гузориши созмони Афви Байналмилал ба амал омад. Дар ин гузориш Русия низ интиқод шудааст, ки дар боздоштгоҳҳояш шиканҷа ба ҳайси як василаи дарёфти иттилоъ ё шикастани рӯҳу иродаи маҳбусон ба таври густарда истифода мешавад ва омилони он умдатан беҷазо мемонанд. Бар пояи маълумоти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳоло зиёда аз 5000 шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд.
XS
SM
MD
LG