Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати зиндони Омск се маҳбусро масъули қатли Беҳзод медонад


Акс аз бойгонӣ

Зиндониёни тоҷику ӯзбаки маҳбаси рақами 6-и вилояти Омски Русия мегӯянд, маъмурияти ин ниҳод ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Ӯзбакистонро дар қатли Беҳзод Отабобоеви 25-сола айбдор карданист.

Раиси созмони ғайридавлатии “Ёрдам” дар Маскав Баҳром Ҳамроев, ки бо маҳбусони ин зиндон дар тамос аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, барояш паёмак фиристодаанд, ки маъмурияти маҳбаси рақами 6-и вилояти Омски Русия намехоҳад марги шаҳрванди Тоҷикистон Беҳзод Отабобоевро таҳқиқ кунад, ки гуфта мешавад, аз шиканҷа ва латукӯби нозирони маҳбас фавтидааст.

Дар бораи ҳалокати ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 13-уми май иттилоъ расида, баъд аз ин ҳодиса зиёда аз 100 маҳбуси тоҷику ӯзбак даст ба шӯриш заданд ва аз маъмурияти зиндон хостанд, куштори Беҳзод таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазо гиранд. Баҳром Ҳамроев мегӯяд, бино бар маълумоте, ки ба созмони ӯ расидааст, ҳоло маъмурияти маҳбас шаҳрвандони Тоҷикистон – Абдураҳмонов Муҳаммадрасул Раҳимҷоновичи 26-сола, Раҷабов Фарҳодҷон Эҳсоновичи 36-сола ва шаҳрванди Ӯзбакистон – Рустамов Абдураҳмон Назарбековичи 37-соларо, ки дар сафи шӯришгарон буданд, ба қатли Беҳзод Отабобоев айбдор кардан мехоҳад.

Маҳбусон гуфтаанд, байни се нафар ва мақтул ҳеч гуна хусумат ё муноқишае рӯй надода, Беҳзод Отабобоев дар боздоштгоҳи пешакие, ки аз он «зонаи адаптатсия» ном мебаранд, бар асари шиканҷаи нозирони маҳбас ба ҳалокат расидааст. Маҳбусони нав одатан 9 моҳ дар зонаи «адаптатсия» меистанд ва танҳо баъд ба маҳбаси одӣ интиқол дода мешаванд. Дар ин ҷо 20 нафар аз узбакҳову тоҷикҳо буданд ва ошӯбгарон то ҳоло тавонистанд, 4 нафари онҳоро аз ин зона бароранд. Пештар хабар расида буд, ки маҳбусон бо маъмурият созиш ҳосил карданд, ки то рӯзи ҷумъа ҳамаи онҳо аз «адаптатсия» бароварда шаванд.

Ҷаноби Ҳамроев мегӯяд: «Бино бар паёмҳояшон имаҳбусон ҳоло хеле нороҳатанд, ки маъмурият гуноҳи қатли як маҳбусро ба гардани маҳбусони дигар бор карданист. Барои ором кардани вазъ маъмурият ҳамчунин аз нерӯ истифода кардааст. Маҳбусонро намегузоранд, ки бо ҳам суҳбат кунанд ва даҳҳо нафарро ба ҳуҷраҳои ҷаримавӣ бурдаанд. Мегӯянд, онҳо дар ин ҷо латукӯб мешаванд.»

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13-уми май мақомоти маҳбас ба шӯришгарон ваъда дода буданд, ки қазияи марги Беҳзод Отабобоев ҳамаҷониба таҳқиқ ва гунаҳкорони он муҷозот хоҳанд шуд.

Аммо навбатдори маҳбас лейтенант Ерёменко дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч гуна шӯроише дар ин боздоштгоҳ ба амал наомадааст: «Ман, навбатдор, лейтенанти калон Ерёменко ҳастам. Ман наметавонам, шӯриш ном барам, ин як дурӯғи маҳз аст. Ҳеч кас дар маҳбаси мо кушта ҳам нашудааст. Ин ҷо оромии тамом, ҳама хуб.»

Як маҳбуси дигари ин зиндон ба намояндагони созмони ғайридавлатии “Ёрдам” дар Маскав гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон Беҳзод Отабобоев аз тарафи сардори бахши амнияти маҳбас ва ходимони ӯ шиканҷа шуда, ба ҳалокат расидааст. Созмони мазкур мехоҳад, дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ин қазияро пажӯҳиш кунад. Аммо роҳбари ин созмон Баҳром Ҳамроев изҳори нигаронӣ мекунад, ки телефони ҳамаи маҳбусоне, ки аз дохили ин зиндон бо ӯ суҳбат мекарданд, ҳоло хомӯшанд ва дигар ба онҳо занг зада намешавад.

Иттифоқан марги маҳбус дар зиндони Русия дар рӯзи нашри гузориши созмони Афви Байнулмилал ба амал омад. Дар ин гузориш Русия низ интиқод шудааст, ки дар боздоштгоҳҳояш шиканҷа ба ҳайси як василаи дарёфти иттилоъ ё шикастани рӯҳу иродаи маҳбусон ба таври густарда истифода мешавад ва омилони он умдатан беҷазо мемонанд. Бар пояи маълумоти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳоло зиёда аз 5000 шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG