Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, Русия дар Амрико ба "шӯрандозӣ" машғул аст


Кристин Ниелсен
Кристин Ниелсен

Вазири амнияти дохилии Амрико мегӯяд, маъмурони иттилоотӣ шоҳиди “талошҳои мудавоми Русия” ҳастанд, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоил мехоҳад дар байни мардуми Амрико тафриқа ангезад.

Кирстен Нилсен рӯзи 14-уми июл дар як ҳамоише дар аёлати Филаделфия гуфт, русҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода “аз афроди ҳамақида ва дигар ҷабҳаҳо мехоҳанд, дар байни мардуми Амрико, носозгорӣ ва тафриқа барангезанд.”

Айни замон ба гуфтаи ӯ, ин талошҳо “лозиман ба сиёсатгузорони хос ва ё маъракаҳои сиёсӣ мутаммарказ нашудаанд”. Вазири амнияти дохилии Амрико ҳамчунин гуфт, ки ҳеҷ аломате нест, ки нишон бидиҳад, Русия интихоботи миёндавраии имсоларо бо “миқёс ва вусъати" ҳамла ба интихоботи соли 2016 ҳадаф гирифта бошад.

Як рӯз пеш аз баёнияи Кирстен Нилсен, додгоҳи Амрико 12 маъмури иттилооти Русияро ба рахна кардани шабакаҳои компютерии Ҳизби демократи Амрико ва дуздидани номаҳои электронӣ ва дигар маълумоти маъракаи интихоботии соли 2016 муттаҳам кард.

Ҳамаи 12 афсар дар ГРУ, муҳимтарин хадамоти ҷосусии Русия ва ҳам ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия кор мекардаанд.

Вазорати адлияи Амрико гуфт, афсарони ГРУ “дар доираи салоҳиятҳои расмии худ ба талошҳои пайваста барои рахна кардани Кумитаи тарғиботии Ҳизби демократ ва Кумитаи миллии Ҳизби демократ ва маъракаи таблиғотии номзад ба мақоми раиси ҷумҳур Ҳилларӣ Клинтон машғул будаанд.”

Род Розенштейн
Род Розенштейн

Иттиҳомотро Род Розенштейн, муовини вазири адлияи Амрико дар остонаи мулоқоти раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин эълон кард. Қарор аст, мулоқот рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ҳелсинки дар Финландия баргузор шавад ва нахустин мулоқоти як ба яки ду раҳбар хоҳад буд.

Аз Доналд Трамп пурсиданд, ки оё масъалаи дахолат дар интихоботро бо Владимир Путин матраҳ мекунад. Ӯ, ки ҳамеша иттиҳомоти дахолати Русияро беарзиш нишон додааст, гуфт, “Фақат инро метавонам пурсам, ки оё ин корро кардӣ? Дигарбора накун. Вале мумкин аст, ӯ рад кунад.”

Ҳукумати Русия ҳамагуна иттиҳомоту тахминҳо дар бораи дахолат ба интихоботи Амрикоро пайваста рад кардааст. Вазорати умури хориҷии Русия эълони иттиҳомот ба зидди афсаронро “мазҳакаи ҳиҷолатовар” номид ва гуфт, ҳадаф аз он халал расондан ба мулоқоти раҳбарони ду кишвар аст.

Вазири амнияти дохилии Амрико зимни суханронӣ дар ҳузури мақомоти расмӣ гуфт, ки вазорат ба шаҳру иёлот кӯмак мекунад, то шабакаҳои электронии интихоботии худро аз рахнагариҳои эҳтимолӣ аз тарафи Русия ва ҷойҳои дигар эмин нигаҳ доранд.

“Бо вуҷуди онки раъйҳо дар соли 2016 тағйир дода нашуданд, вале ҳаргуна кӯшиши бенатиҷа ва ё бонатиҷа барои дахолат дар интихоботҳои мо, ҳамлаи мустақим ба демократияи мо аст” – гуфт, Нилсен Кирстен.

Баъзе аз мақомоти расмӣ, ки дар нишаст дар аёлати Филаделфия ҳузур доштанд, гуфтанд, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп бояд дар баробари Русия мавзеъгирии қатъӣ дошта бошад, то эътимоди ҷомеа ба интихоботи оянда нигаҳ дошта шавад.

XS
SM
MD
LG