Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба мухолифини Сурия маҷмааи мушакӣ намедиҳем". САДО


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ҳеҷ барномаеро барои ба шӯришгарони Сурия додани мушакандозҳои қобили ҳамл ё маҷмааи мушакӣ пайгирӣ намекунад. Ин изҳорот посух ба Русия буд, ки аз хатари даст ёфтани ҷангҷӯёни исломӣ ба ин навъи силоҳ ҳушдор додааст. Сухан аз боби мушакандозҳест, ки бар зидди ҳавопаймоҳо истифода мешаванд.

Дар низои Сурия, ки аз соли 2011 то ҳол беш аз 250 ҳазор нафарро қурбон кардааст, Русия аз президент Башор Асад пуштибонӣ мекунад.

Марк Тонер, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико, гуфт, “мо мухолифини Сурияро бо ҳеҷ гуна маҷмааи мушакӣ таъмин намекунем”. Тонер баъди он изҳорот дод, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ин мавзӯъро рӯзи 27 декабр бо Котиби давлатии Амрико Ҷон Керри аз тариқи телефон матраҳ кард.

Кӣ ба шӯришиён силоҳ медиҳад? Баҳси Русия ва Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим

Рӯзи гузашта, инчунин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар як изҳороти иттиҳомӣ аз ин силоҳ ёдовар шуд. Вай маъмурияти президент Барак Обамаро барои тарҳи буҷаи дифоӣ, ки раиси ҷумҳур рӯзи 27 декабр имзо кард, мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Мария Захарова
Мария Захарова

Як банди қонуни дифои миллии Амрико Пентагонро аз харҷи маблағ барои харидани маҷмааи мушкаӣ барои шӯришгарони Сурия манъ мекунад. Магар инки котибони давлатӣ ва дифоъ дар ин бора ба кумитаҳои Конгресс гузориш фиристанд ва қарори худро шарҳ диҳанд. Гузориш бояд мушаххас кунад, ки кадом гурӯҳ чӣ кадар ва кадом навъи силоҳро мегирад ва таҳлили истихборот низ бояд таъмин шавад.

Аммо Русия мегӯяд, ки ин қонун дастрасии тундравонро ба силоҳи қобили ҳамл, аз ҷумла мушакандозҳои зиддиҳавоӣ осон мекунад. “Имкон надорад, маъмурияти Обама инро надонад, ки чунин силоҳ хеле зуд ба дасти ҷиҳодиҳо меафтад. Эҳтимол онҳо сари ончӣ иттифоқ меафтад, ҳисоб мекунанд”, - гуфт Мария Захарова рӯзи гузашта дар як изҳорот ва афзуд, “ин амал ба ҷуз талоши таҳрик додани террористҳо номи дигар надорад”.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ин навъ силоҳ ба ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, низомиён ва дипломатҳои Русия дар Сурия таҳдид мекунад. “Барои ҳамин, мо ин иқдомро душманона арзёбӣ мекунем”, - афзуд Мария Захарова. Ӯ дар изҳороти худ гуфт, “дар мубориза бо терроризм, Амрико ҳамкории густардаро бо мо рад кардааст.”

Аммо Иёлоти Муттаҳида Маскавро ба риоя нашудани оташбаси қаблӣ дар Сурия муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки бахши умдаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия шӯришгаронро ҳадаф қарор медиҳад, на гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро.

Башор Асад
Башор Асад

Дар низои Сурия, ки аз соли 2011 то ҳол беш аз 250 ҳазор нафарро қурбон кардааст, Русия аз президент Башор Асад пуштибонӣ мекунад. Ҳамлаҳои ҳавоии Русия аз моҳи сентябри соли 2015 ба Асад кумак карданд, ки қудраташро ҳифз кунад ва қаламравҳоеро ба мисли шаҳри Ҳалаб аз шӯришгарон бозпас гирад.

XS
SM
MD
LG