Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори "зинда ба зинда" сӯзонидани ду сарбози турк аз сӯи ДИИШ


Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" навори видеоиеро нашр кардааст, ки дар он саҳнаи "зинда ба зинда" сӯзонидани ду нафар намоиш дода мешавад. ДИИШ гуфтааст, ки ин ду нафар сарбозони артиши Туркия мебошанд.

Ин навор имрӯз, ҷумъаи 23 декабр дар саҳфаҳои вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудаааст. Ба дунболи нашри ин навор, ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон вебсайтҳои шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кардааст.

ДИИШ гуфтааст, ки ин амалро дар вокуниш ба пайвастани Туркия ба эътилофи кишварҳо алайҳи ин гурӯҳ, анҷом додааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ду нафар дохили қафаси оҳанин дида мешаванд ва баъдан ҷанҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" онҳоро зинда ба зинда ба оташ мекашанд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" гуфтааст, ки ин амалро дар вокуниш ба пайвастани Туркия ба эътилофи кишварҳо алайҳи ин гурӯҳ, анҷом додааст.

Ба гузориши хабаргузориҳои ББС ва "Алҷазира, мақомоти расмии артиши Туркия қаблан аз нопадид шудани ду сарбозион кишвар дар авохири моҳи ноябр хабар дода буданд. Аммо Анқара то ба ҳол ба таври расмӣ эълон накардааст, ки ин ду нафаре, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" онҳоро зинда ба зинда сӯзондааст, сарбозони артиши он кишвар мебошанд ё на. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" гуфтааст, ки ин ду сарбозро дар наздикиҳои шаҳри Ал-Боб ба асорат гирифтааст.

Ин навор дар ҳоле нашр шудаааст, ки ҷанг миёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва нерӯҳои артиши Сурия дар атрофи шаҳри Ал-Боб" дар шимоли Сурия ба шиддат идома дорад. Туркия мегӯяд, ки дар чаҳор моҳи гузашта беш аз 1000 узви гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро куштааст.

Муоз Ал-Касосбеҳ дар авоили соли гузашта аз сӯи ДИИШ зинда ба зинда сӯзонида шуд.
Муоз Ал-Касосбеҳ дар авоили соли гузашта аз сӯи ДИИШ зинда ба зинда сӯзонида шуд.

Ин барои бори аввал нест, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" навори зинда ба зинда сӯзонидани мухолифони худро мунташир мекунад. Аз ҷумла дар моҳи январи соли 2015 ин гурӯҳ бо пахши як видео иддао карда буд, ки халабони асири урдуниро зинда ба зинда сӯзондааст.

Урдун дар пайи нашри видеои зинда ба зинда созондани халабонаш Муоз Ал-Касосбеҳ аз сӯи ҷангиёни созмони тундгарои "Давлати исломӣ" Соҷида Ришовӣ, як зани ироқиеро, ки ба таҳияи ҳамлаи маргталабона айбдор мешуд, ҳамроҳ бо як ҷангии дигари ироқӣ эъдом кард. Соҷида Ришовӣ ба далели нақшаш дар се бомбгузориҳои меҳмонсароҳо дар Амон, пойтахти Урдун дар соли 2005, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, ба қатл маҳкум шуда буд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст. Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, садҳо нафар аз шаҳрвандони кишвар дар сафҳои ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG