Додситонии Олмон рӯзи 21 декабр бо нашри ду акс аз Анис Омирӣ, ҷавони гумонбаршудаи тунисӣ дар ҳамлаи Берлин, барои пайдо кардани ӯ ба маблағи 100 ҳазор евро ҷоиза таъйин кард. Ба гузориши хабаргузории Франс-Пресс, мақомҳои олмонӣ бо эълони ном ва сурати ин ҷавони тунисӣ гуфтаанд, ӯ 24-сола буда ва ҳамчун гумонбари эҳтимолӣ таҳти назорат будааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Олмон, Анис Омирӣ ҳадди ақал 8 шиносномаи ҷаълӣ ё тақаллубӣ доштааст.
Додситонии Олмон Анис Омириро мусаллаҳ ва хатарнок хонд ва гуфт, ӯ тобистони соли гузашта вориди Олмон шуд ва тақозои паноҳандагӣ кард, аммо ин дархости ӯ дар моҳи июни соли ҷорӣ рад гардид. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз рӯзномаҳои олмонӣ гузориш додаанд, ки вай иҷозаи иқомати муваққат дар ин кишварро пайдо карда буд.
Ба навиштаи хабаргузории Франс-Пресс ба нақл аз додситонии Олмон, ихроҷи Анис Омирӣ бинобар мушкилоти идорӣ ва шиносоӣ нашуданаш дар Тунис анҷом нашуда буд. Бар пояи гузоришҳо, ҳукумати Тунис рӯзи 21 декабр санадҳои заруриро барои ихроҷи вай аз Олмон, пешниҳод кардааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи The New York Times иттилоъ додааст, ки гумонбар дар ҳамлаҳои Берлин Анис Омирӣ барои робитааш бо исломгароён, ба хадамоти истихбороти Амрико маълум будааст. Ба навиштаи ин нашрия, Омирӣ дар шабакаи интернет маълумот дар бораи чигуна сохтани бомбаҳоро ҷустуҷӯ намуда ва бо истифода аз каналҳои рамзгузоришуда, бо аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Русия табодули маълумот кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, номи Анис Омирӣ дар феҳристи афроде шомил будааст, ки тариқи ҳавопаймо ҳаққи вуруд ба Амрикоро надоранд. Ба навиштаи The New York Times, хадамоти амниятии Олмон низ аз робитаи Омирӣ бо исломгароҳо огаҳӣ доштанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Олмон, Анис Омирӣ ҳадди ақал 8 шиносномаи ҷаълӣ ё тақаллубӣ доштааст.
Анис Омирӣ муттаҳам аст, ки шоми душанбе бо рондани як мошини борбар дар як бозорчаи солинавӣ дар Берлин, 12 касро кушт ва 48 тани дигарро захмӣ кард. Вазири умури дохилии Олмон эълон кард, ки вазъи 14 тан аз 24 фарде, ки дар бемористон бистарӣ ҳастанд, вазнин мебошад ва байни маргу зиндагӣ дасту по мезананд. Шабакаи "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" рӯзи 20 декабр дар баёнияе эълом кард, ки "як сарбози ДИИШ" амалиёти Берлинро анҷом додааст ва шаҳрвандони кишварҳои "эътилоф" ҳадафи ин ҳамла будаанд.
Бо вуҷуди онки Олмон яке аз кишварҳои узви эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар мубориза бо ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия аст, аммо ҳанӯз санаде дар мавриди иддаои сайти "Аъмоқ" ба даст наомадааст. Дар ин байн, ба гузориши хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз рӯзномаҳои олмонӣ, кормандони пулис дар ҷустуҷӯи ин ҷавони тунисӣ як маркази паноҳандагон дар ғарби Олмон дар наздикии марз бо Ҳолландро бозрасӣ кардаанд.
Куллу нафсин зоиқату-л-мавт. Ақаллан Қуръону Ҳадисро дуруст хонед, баъд гап бизанед.
Аз ин кишвар харчи зудтар гурехтан, бехтарин икдом аст! Зудтар 🚀🚀🚀
Инора америка пачак кардесаю , ино бошан се чор мамлакате ки катишонан хаминора гам додесан. Баъд як чизи дигар ки , аз таможний союзи казокистону ,арманистону, киргизистон чи фоида боша . Ба худо гузарондан хамино лекин. Хай махкам кнед тамоман то икадар як хел бечора ба гаму тарс кор кардана. Безор ай чон кардан хамин расия. Кай инора ба мо зор мекада боша намедонм. Як бор зоре шида бдан ки то бас гуфтана. Худо накунад ин даъфа ба фикрм хама противи расия мешава. Наход мардуме ки аз таги пою дасти фашист шумора халос кна шумо хамихел ба мукобилшон рафтор кнед. Хозир якхелаш мешина мега кошке немисода ёрдам мекадем . Вактащда чойи хоб додем, бобову, бародарора ай даст додем барои руссхо имруз рафтору кирдору гапзании инора бин. Министр МВД -и Рассия мега ваших нелегалов на моих земля. . Ана биёву биги. Чархофалака ждат мекнем да акнун
Мардуми содда. Ин ягон бало аз дасташ намеояд ва мувофики накшаи солонааш ба ин кишвархо сафар дораду тамом.
Жалко ребят. Статья терроризм и по 17 лет обеспечена.