Пайвандҳои дастрасӣ

Як соли ҷаҳон. Кӯшиши табаддулот, пирӯзии Трамп ва... ВИДЕО


Соли 2016 соли ҷангу хушунат дар Ироқу Сурия, табадуллоти нофарҷом дар Туркия, раъйпурсии Бритониё барои ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва соли пирӯзии ғайриинтизори Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шуд. Ҳоло нигоҳе дорем ба чанд рӯйдоди муҳимтарини соле, ки гузашт:

Рӯзи 8 ноябр Доналд Трамп, соҳибкор ва миллиардери Амрико, ғайриинтизор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шуд ва Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократро шикаст дод.

16 январ, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия эълон кард, ки Эрон барои имзои созиши атомӣ талаботи қудратҳои ҷаҳониро пазируфт ва акнун Амрико таҳримҳо алайҳи Эронро аз байн мебардорад. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, имзои созиши атомиро “саҳифаи тиллоӣ” дар таърихи кишвар номид.

12 феврал Попи Рум Франсис бо усқуфи аъзами Русия Кирил дар шаҳри Ҳавана гуфтӯгу карданд. Ин нахустин мулоқоти пешвои ду равияи дини насронӣ баъд аз ҷудо шудани онҳо дар соли 1054 буд. Усқуфи аъзами Русия гуфт, барои расидагии муштарак ба мушкили насрониҳои мавриди таъқиб дар Ховари Миёна ба мулоқот омад.

Барак Обама бо Раул Кастро
Барак Обама бо Раул Кастро

14 март дар наздикии шаҳри Идомении Юнон садҳо паноҳҷӯ ва муҳоҷир худро ба об андохтанд, то ба Македония ворид шаванду ба дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо раванд. Рӯзи 9 март Македония марзашро баст, вале аз ин роҳ тақрибан 1 миллион нафар худро ба кишварҳои ғарби Аврупо расонданд. Ҳазорон нафари дигар дар урдӯгоҳҳои паноҳандагон дар Юнон дармондаанд.

20 март Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳамроҳи хонаводааш ба Ҳавана, пойтахти Куба омад ва аввалин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шуд, ки баъди соли 1928 ба ин кишвар сафар кардааст. Обама бо раиси ҷумҳур Раул Кастро мулоқот кард ва ду тараф созишнома дар бораи барқарории муносибатҳои дипломатӣ имзо карданд.

Акси гумонбари таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел аз камераҳои назоратӣ
Акси гумонбари таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел аз камераҳои назоратӣ

22 март дар натиҷаи бомбгузорӣ дар фурудгоҳи Брюссел дар Белгия 35 нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

22 май дар Тоҷикистон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ сурат гирифт, ки ҳадаф аз он ба гуфтаи мухолифони давлат таъмини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд. Бар асоси тағйирот, раиси ҷумҳури феълӣ метавонад, бе маҳдудият номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад.

12 июн як фарди мусаллаҳ бо тирандозӣ дар як клуби ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландо дар аёлати Флорида 49 нафарро кушт. Умар Матини 29-сола баъди се соати муқовимат ба нерӯҳои пулис кушта шуд. Ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароён маргбортарин тирандозӣ дар таърихи муосири Амрико ба ҳисоб меравад.

23 июн дар як иқдоми бесобиқа барои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, аксар мардуми Бритониё ба тарафдории берун шудани кишварашон аз ҳайати ин иттиҳодия раъй доданд. Натиҷаҳои раъйпурсӣ қимати фунти Бритониёнро поён бурд ва бозорҳои ҷаҳонии молиро ба ларза овард.

28 июн се фарди мусаллаҳ ба фурудгоҳи байналмилалии Отатурк дар шаҳри Истанбули Туркия ҳамла карданд ва 45 нафарро куштанд. Камераҳои амниятӣ вуруди ҳар се нафарро сабт кардаанд. Туркия дар соли гузашта шоҳиди ҳамлаву бомбгузориҳои зиёде шуд, ки онҳоро кори дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ё ҷудоиталабони курд медонанд.

2 июл дар натиҷаи таркиши ду бомб дар як фурӯшгоҳи пуродам дар Бағдод дар моҳи Рамазон 300 нафар ҷон доданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ҳамлаи хунбортарин дар 13 соли ахир дар Ироқро, гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

14 июл як ҷавони тунисӣ дар рӯзи фатҳи Бастилия дар шаҳри Ниси Фаронса мошини боркашеро дар сӯи мардум ронд ва 84 нафарро кушт. Бештар аз 200 тани дигар захмӣ шуданд. Маъмурони пулис ҳамлаварро бо зарби тир куштанд.

Рӯзҳои 15 ва 16 июл сарбозони турк пули болои гулӯгоҳи Босфорро бастанд ва фармондеҳони артиш хостанд, ҳукуматро ба даст бигиранд. Бо баланд шудани садои таркишу тирандозӣ дар Анкара, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар телевизион зоҳир шуд ва гуфт, ки ҳукумат дар дасташ аст. То субҳи 16 июл тақрибан якуним ҳазор нафар аз сарбозон ва фармондеҳони дахил дар табаддулоти нофарҷоми давлатиро дастгир карданд.

3 сентябр ҳазорон нафар аз ҷумла раҳбарони чанд кишвар ба шумули Тоҷикистон дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар шаҳри Самарқанд иштирок карданд. Ислом Каримов, баъди 27 соли ҳукумат ва дар 78-солагӣ бар асари хунрезии мағзӣ даргузашт.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

8 ноябр Доналд Трамп, соҳибкор ва миллиардери Амрико, ғайриинтизор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шуд ва Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократро шикаст дод. Агарчӣ хонум Клинтон раъйи аксарияти мардумро ба даст овард, аммо бар асоси системаи печидаи интихоботӣ ва Доналд Трамп раъйи бештари интихобкунандаҳои аёлатҳоро ба даст овард ва пирӯз шуд.

25 ноябр Фидел Кастро фармондеҳи инқилобӣ ва раиси ҷумҳури собиқи Куба даргузашт. Ӯ панҷоҳ сол раҳбари ин кишвар буд ва соли 2006 ҳукуматро ба бародараш Раул Кастро супурд. Раул Кастро марги бародарашро аз тариқи телевизион эълон кард.

19 декабр як маъмури пулиси Туркия Андрей Карлов, сафири Русия дар кишварашро зимни суханронӣ дар як осорхона кушт. Мавлуд Олтинтоши 22-сола, ки берун аз маъмурияташ ба осорхона ворид шуда буд, ҳангоми тирандозӣ, “Аллоҳу Акбар” гуфта фарёд мезад ва таъкид мекард, ки Ҳалабро фаромӯш накунед.

25 декабр сокинони Маскав зери пайкараи Александр Александров, бунёдгузори ансамбли маъруфи Александров гул мегузоранд, ки 68 узви он дар натиҷаи суқути ҳавопаймояшон дар Баҳри Сиёҳ ҳалок шуданд. Онҳо барои иҷрои консерт барои сарбозони Русия ба Сурия мерафтанд. Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар умум 92 нафар ҷон доданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG