Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё таъсис ёфт (ВИДЕО)


Раҳбарони Русияву Беларус ва Қазоқистон рӯзи 29 май дар Остона созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро имзо карданд.

Раисиҷумҳурони Русия, Беларус ва Қазоқиистон Владимир Путин, Аляксандр Лукашенка ва Нурсултон Назарбоев рӯзи 29 май дар Отсона, пойтахти Қазоқистон қарордоди таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ИИА)-ро имзо карданд. Ин созмони нави минтақавӣ дар паҳнои пасошӯравӣ аз 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Маросими имзои созишномаи таъсиси ИИА дар шаҳри Остона дар поёни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвроОсиё сурат гирифт.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, “бо шарофати азми созандаи ҳамагӣ, омодагӣ ва қобилияти ҳамаи ҷонибҳо ба гузашт, ба мо муяссар шуд, ки мушкилоти фаровонеро дар ин роҳ пушти сар кунем ва раванди таъсиси ИИА-ро сари вақт, яъне то 1 июни соли 2014 ба марҳалаи имзои созишнома бирасонем.”
Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё таъсис ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Путин гуфт, таъсиси ИИА ин 3 кишварро ба марҳалаи наави ҳамоиш мерасонад: “Бо ҳифзи комили истиқлоли давлатӣ, мо мушорикат ва ҳамкории иқтисодии боз ҳам танготангро ба роҳ мегузорем. Мо имрӯз муштаракан як маркази қавиву ҷолиби рушди иқтисодӣ ва як бозори бузурги минтақавие месозем, ки 170 миллион нафарро фаро мегирад.”

Путин аз ҷумла ба ин нукта таъкид кард, ки панҷяки захираҳои нафти дунё ва қариб 15 дарсади захираҳои ҷаҳонии газ ба Русияву Қазоқистон – ду узви созмони нави иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ – тааллуқ мегиранд.

Рамзи пешниҳодии Иттиҳоди нав
Рамзи пешниҳодии Иттиҳоди нав
Иттиҳодии иқтисодиии АвроОсиё бояд аз 1 январи соли 2015 ҷойгузини Иттиҳоди гумрукие шавад, ки Русияву Қазоқистон ва Беларус дар соли 2010 таъсис доданд. Маскав бахусус дар аҳди раёсати Виктор Янукович хеле талош кард, то Украинароҳам ба ин Иттиҳод ҷалб кунад, чунки бидуни Украина ин созмон он зарфият ва иқтидореро, ки Русия дар ИИА дидан мехоҳад, нахоҳад дошт.

Аммо баъд аз суқути давлати Янукович ва бавижа дар пасманзари ҳаводиси ахири Украина, ки бовар меравад, бо дахолати фаровони Русия сурат мегирад, Киев дигар роҳи ҳамоиш бо Аврупоро интихоб кардааст ва ҳатто масъалаи узвияти баъдиаш дар СНГ – нахустин созмони кишварҳои пасошӯравиро зери суол мегузорад. Чӣ расад ба ИИА, ки ҳатто ҳукумати Янукович чандон моили пайвастан ба он набуд?

Матни созишномаи таъсиси ИИА аз 28 банду 118 модда иборат буда, 32 замимаро ҳам дар бар мегирад ва дар маҷмӯъ аз 700 саҳифа иборат аст. Русияву Беларус ва Қазоқистон бар асоси ин созишнома, ӯҳдадор мешаванд, ҳамлу нақли озодонаи молҳо, хадамот ва нирӯи кориро замонат дода, дар соҳаҳои калидии иқтисодӣ – энергетика, саноат, хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт – сиёсати ҳамоҳангшударо пеш бубаранд. Тибқи тавофуқ,ниҳодҳои асосии идории иттиҳодияи нав дар Маскав мустақар шуда, додгоҳи иқтисодиаш дар Минск ва ниҳодҳои назорати бонкии ин созмон, бо шумули Бонки АвроОсиё, дар Алма-Ато фаъолият хоҳанд кард.

Мақомоти Русия мегӯянд, чанд кишвари дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Қирғизистону Арманистон низ барои узвият ба ин созмон таваҷҷӯҳ нишон додаанд. Дар бораи эҳтимоли ба ИИА ҷалб шудани Тоҷикистон низ сӯҳбатҳое садо медиҳанд, вале гуфта мешавад, ин дурнамо танҳо баъди ба узвияти ин созмони минтақаии таҳти назари Маскав пайвастани Қирғизистон метавонад воқеъӣ шавад. Чунки танҳо баъди ин Тоҷикистон соҳиби марзи мустақим бо ИИА хоҳад шуд. Ин ҳам яке аз шартҳои узвият дар ин ба истилоҳ “СССР”-и кӯчакест, ки Владимир Путин чанд сол боз орзуи сохтанашро дар сар дорад.
XS
SM
MD
LG