Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи Маскав дар Минск ҷомаи амал мепӯшад?


Маскав мегӯяд, рӯзи 29 апрел дар нишасти Минск масъалаи ба узвияти Иттиҳодияи гумрукӣ ва Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё пазируфтани Қирғизистону Арманистон баррасӣ хоҳад шуд.

Сарони Русияву Беларус ва Қазоқистон рӯзи 29 апрел дар Минск дар ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё, тарҳи созиш дар бораи таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё ва қабули аъзои нав ба ин ниҳоди тозатаъсис ва ба Иттиҳоди гумрукиро баррасӣ мекунанд. Ба иттилои сомонаи интернетии президенти Русия, қарор аст, дар Минск Арманистону Қирғизистон ба узвияти Иттиҳодияи гумрукӣ ва Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё пазируфта шаванд.

Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки дар Минск тарҳи созиши таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё баррасӣ хоҳад шуд то баъзе аз ихтилофи назарҳо миёни се кишвар аз байн бурда шаванд. Интизор меравад, ки маросими расмии имзои санад охирҳои моҳи май дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шавад.

Эҳтиёткории Лукашенка ва Назарбоев

Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё бояд аз 1 январи соли 2015 ба фаъолият оғоз кунад. Аммо ба назар мерасад, ки Кремл ба рафъ шудани ҳама ихтилофи назарҳо оид ба тарҳи созиши таъсиси иттиҳодияи нав дар Минск мутмаин нест. Юрий Ушаков иқрор кард, ки раҳбарони Беларус ва Қазоқистон Александр Лукашенка ва Нурсултон Назарбоев ба бархе аз нуктаҳои тарҳи иборат аз тақрибан 600 саҳифа мухолифанд ва дар Минск мушаххас хоҳад шуд, ки кори шабонарӯзии гурӯҳҳои коршиносон ва нишастҳои махсус бо ширкати нахуствазирҳову муовинҳои онҳо то куҷо муассир буд.
Путин, Назарбоев ва Лукашенка
Путин, Назарбоев ва Лукашенка
Ба гуфтаи коршиносон, Александр Лукашенка ба пешниҳоди Маскав барои гузоштани баъзе монеъаҳо дар қоидаҳои гумрукӣ мухолиф аст ва баръакс талаб дорад, ки ҳама маҳдудиятҳо аз байн бурда шаванд. Нурсултон Назарбоев бошад аз он нигарон аст, ки Қазоқистон аз ширкат дар Иттиҳодияи гумрукӣ фақат зарар дидааст ва, аз ҷумла, солҳои ахир содирот 4 дар сад ё 7 миллиард доллар коҳиш ёфта, воридот 17 миллиард долар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти Остона, кишвар дар фурӯши маводи озуқа, аз ҷумла, гӯшт дар Русия ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Қазоқистон ба бозори нерӯи барқи Русия дастрасии озод надорад ва интиқоли нерӯи барқаш ба Русия ҳам осон нест. Аз сӯи дигар, Остона пайваста аз Маскав хостори содироти мустақилонаи гази Қазоқистон ба Аврупо тавассути сохторҳои ширкати “Газпром” мешавад ва аммо посухи рад мегирад.

Сергей Абашин, таҳлилгари рус мегӯяд, мегӯяд, дар Қирғизистон, ки як пой дар Иттиҳодияи гумрукист, сиёсатмадорону мардуми зиёде бо тасмими Бишкек оид ба узвият дар ин ниҳод мувофиқ нестанд. Ҳамин гуна вазъро дар Арманистон ҳам метавон дид.
Одил Байсалов
Одил Байсалов
Одил Байсалов, таҳлилгари қирғиз, ба радиои Озодӣ гуфт, иқтисоддонҳо аз паёмадҳои вуруди Бишкек ба Иттиҳодияи гумрукӣ ниграонанд, зеро хуб дарк мекунанд, ки сару садоҳо дар бораи эҷоди ҷойҳои нави кор ва фаъол шудани корхонаҳо баъди вуруди Қирғизистон ба Иттиҳодия афсонае беш нестанд. Аз нигоҳи ӯ, Қирғизистон баъди вуруд ба Иттиҳодия аз дастрасӣ ба молҳои арзони Чин, Ҳиндустон ва Туркия маҳрум мемонад, зеро ҷойҳои онҳоро молҳои Русия хоҳанд гирифт. “Ҳукумат мегӯяд, ки ба кишвар 300 миллион доллар ворид хоҳад шуд, ҳол онки андозаи ҷубронпулӣ аз хисороти оянда бояд 1,5-2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод,” - мегӯяд Одил Байсалов.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, раванди музокирот оид ба таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиёро бархе аз сиёсатмадоронро халалдор карданд. Манзур изҳороти раҳбари Ҳизби литберал-демократии Русия Владимир Жириновский аз тариқи шабакаи телевизионии “Русия” дар бораи лағви мустақилияти чанд кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ва ба як бахши Русия табдил додани ин минтақа аст. Ба гуфтаи таҳлилгари рус, раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ аз ҳама гуна аз ҳама гуна ишораҳо дар бораи лағви истиқлолашон сахт нороҳат мешаванд. Зимнан, Лукашенка ва Назарбоев ҳам чанд бор эълом доштанд, ки барои таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё омадаанд, вале на барои эҳёи Шӯравии собиқ.

Сару садоҳо дар бораи лағви созиши Беловежск, ки бо имзои он дар моҳи декабри соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, ҳам боиси нигаронии сарони ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ мешаванд. Шояд аз тарси дубора зери асорати Русия мондан аст, ки, ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, бисёр кишварҳо аз вуруд ба иттиҳодияи нав – Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё истиҳола мекунанд.

Ғайри Русия боз кӣ фоида мебинад?

Сиёсатмадори қирғиз меафзояд, ки мавзӯи таъсиси Иттиҳодия дар пасманзари ҳаводиси Украина ва шадидтар шудани таҳримҳо болои иқтисоди Русия барои Маскав хело муҳим боқӣ мемонад. Аз нигоҳи ӯ, се кишвари собиқ шӯравии соҳили Балтик узви Иттиҳодияи Аврупоянд ва бозгашти онҳо ба “шӯравии нав” ҳеҷ имкон надорад.
Харитаи СССР
Харитаи СССР
​Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев низ пешниҳоди вуруди кишвараш ба Иттиҳодияро ҳатман рад хоҳад кард, шояд ба он хотир, ки бо Арманистон дар як иттиҳодия будан намехоҳад. Мақомоти Гурҷистон ва Молдавия бештар тамоюл ба Ғарб доранд, ҳарчанд теъдоди аъзами мардумашон аз вуруд ба Иттиҳодияи гумрукӣ пуштибонӣ мекунанд. Ниёзов мегӯяд, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Қирғизистон фақат Тоҷикистон майли пайвастан ба Иттиҳодияи АвроОсиёро дорад, зеро теъдоди бузурги мардумаш дар Русия кор мекунад. Туркманистон, ки дорои захираи бузурги газ аст, бар пояи сиёсати давлатии бетарафӣ, ба ниҳоди нав шомил нахоҳад шуд.

Таҳлилгарон мутмаинанд, ки аз таъсиси Иттиҳодияи иқтисодиии АвроОсиё фақат Русия нафъи сиёсӣ ва иқтисодӣ хоҳад бардошт. Ва як сабаби пойфишории Маскав барои ҳарчӣ зудтар имзо кардани тарҳи созиши таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё низ ҳамин аст. Сергей Абашин мегӯяд, ҳоло Маскав барои аъмолаш дар Украина дар рӯ ба рӯи таҳримҳои нав қарор дорад ва дар оянда шояд Аврупо аз харидории гази Русия сарпечӣ кунад, ки барои иқтисоди Русия зарбаи ҷонкоҳе хоҳад шуд. Ба хотири ҷуброн кардани хисороти оянда мақомоти Русия аз ҳоло талоши пайцдо кардани ҷои пои ҳарчӣ бештар дар бозори энержии Чин ва кишварҳои Осиёро доранд.

Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, Русия метавонад гази худро ба Чин ва Покистону Ҳиндустон фурӯшад - ин кишварҳо ба нафту газ сахт ниёз доранд. Аммо аз нигоҳи Сергей Абашин барои ин, аз як сӯ, бояд лӯлаҳои нави интиқоли газ сохт, ки харҷи бузургро тақозо дорад ва аз сӯи дигар, гумон аст, ки Русия дар ин бозор гази худро бо қимати бештар аз 300 доллар барои ҳазор метри мукааб фурӯхта тавонад.
XS
SM
MD
LG