Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо бепарвоянд, аммо таҳримҳо -- "камаршикан"


Рӯзи сешанбеи 29-уми июл Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро бештар кард ва аввалин бор бахшҳои алоҳидаи иқтисоди ин кишварро ҳадаф қарор дод.

Аврупо то дирӯз низ дар заминаи ишғоли Қрим таҳримҳоеро зидди Русия ҷорӣ кард, ки ба афрод ва ширкатҳои алоҳида дахл доштанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, таҳримҳои ахир аз ончӣ дар гузашта вуҷуд дошт, фарқ доранд ва метавонанд камари иқтисоди Русияро бишиканад. Гуфта мешавад, ки таҳримҳои бахш ба бахши Аврупо барои 12 моҳ ҷорӣ мешаванд ва асосан бозорҳои бонкиву молӣ, додугирифти соҳаи мудофеа ва манъи фурӯши силоҳро фаро мегиранд.

Таҳримҳои Иттиҳоди Аврпуо дастрасии бонкҳои таҳти назари давлати Русияро ба бозори сармояи Аврупо мебанданд. Ҳамзамон фурӯши саҳҳом ва қоғазҳои қимматбаҳои Русия дар бозорҳои бурси Аврупо манъ мешавад. Ба рӯйхати таҳримҳои ахир бузургтарин муассисаҳои кредитии Русия, монанди “Сбербанк” ва БТБ шомил шудаанд. Дар баробари ин аз вуруди фанновариҳои қобили истифодаи дугона ва дастгоҳҳои технологӣ барои соҳаи нафту гази Русия, ки ин кишвар ба дарёфти онҳо ниёз дорад, ҷилавгирӣ мешавад. Аммо "ғули энержӣ", ширкати “Газпром” сарнавишти “Ростнефт”-ро такрор накард ва аз рӯйхат берун монд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин ширкат ҳадафи бастаи нави таҳримҳо навбатӣ хоҳад буд.

Дар пасманзари тангтар шудани ҳалқаи таҳримҳо дар гулӯи иқтисоди Русия шаҳрвандони ин кишвар ба таври ҳайратангез хушбин шудаанд. Бинобар назарсанҷии “Левада”, Маркази омӯзиши афкори умуми Русия 60 дар сади бошандагони ин кишвар гуфтаанд, таҳримҳо алайҳи Русия дар заминаи рафтораш бо Украина онҳоро нороҳат намекунад. Левада мегӯяд, ки теъдоди хушбинҳо ё оптимистҳо дар муқоиса бо оғози моҳи март бештар шудаанд.

Аммо барои коршиносон рӯшан аст, ки ин гуна хушназарӣ дер давом намекунад. Раҳбари Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои стратегии ширкати ФБК, Игорь Николаев мегӯяд, ки пайомади таҳримҳои байналмилалӣ барои Русия ва бошандагони он ҳузнангез хоҳад буд.

Қатъи қарзу пул – роҳ ба сӯи бӯҳрони иқтисодӣ

“Маълум аст, ки баъзе сокинон дар асл хатарро намебинанд, чун ҳоло таъсирашро эҳсос накардаанд. Таҳримҳое, ки то ҳол ҷорӣ шуд танҳо бастаи аввал буд ва бахше ҳам зидди афроди алоҳида. Аммо таҳримҳои бахш ба бахш чизи дигар аст. Ин таҳримҳо, ки ба вазъи иқтисодӣ асар мекунанд. Ин маҳдудияти тарҳҳои молӣ аст, ин аз даст додани имкони гирифтани қарзҳои арзон аз Ғарб аст. Қарз нест-пул нест, пул нест-рушд нест ва ин роҳ ба сӯи бӯҳрони иқтисодист,”-- мегӯяд Игор Николаев.

Ҳоло Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврпуо ба истифодаи таҳримҳои бахш ба бахш оғоз кардаанд ва қисматҳои алоҳидаи иқтисоди Русияро ҳадаф гирифтаанд. Қадами аввал дар ин самт даст кашидан аз қарзҳои дарозмуддат ба бонкҳои давлатии Русия ва ширкатҳои бузурги ин кишвар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоди Русия бар пояи қарзҳои хориҷӣ қомат афрохтаааст. Ба гуфтаи сарвари бонки БТБ24 Михаил Задорнов, натиҷаи таҳримҳои ғарбӣ кишварро ё ба фирори сармояҳо ё ба қатъи сармоягузориҳо рӯ ба рӯ мекунанд. “Мо ба вуруди сармояҳо ниёз дорем, таҳримҳо на танҳо ин сармояҳоро кам мекунанд, балки ба фирори онҳо роҳ мекушоянд,” – мегӯяд Михаил Задорнов.

Коршиносон бар инанд, ки баъд аз баста шудани бозорҳои молии ғарбӣ ба рӯи бонкҳо ва ширкатҳои таҳти назари давлат, эҳтимолан Русия барои дарёфти сармояҳои дарозмуддат рӯ ба Чин орад. Аммо Михаил Крутихин, шарик ва таҳлилгари ширкати RusEnergy мегӯяд, сару кор гирифтан бо ин ҳамсояи шарқӣ кори осон нест. “Чин ба “Ростнефт” қарзҳои бузург медод, "Ростнефт" маҷбур шуд қариб тамоми маҳсулоти худро барои солҳо ба Чин бидиҳад. Чин ҳатто се конро, ки маълум нест, нафт доранд ё не, солҳо пеш аз худ кардааст. Мо мебинем, ки “Газпром” ба ботлоқи қарзҳои Чин фурӯ меравад. Чиноиҳо ба ин ширкат 25 миллиард доллар, бахше аз сармояугзории лӯлаи “Сила Сибири”- ро ваъда доданд. Аммо шояд дар оянда ҳамон кореро кунанд, ки бо “Ростнефт” карданд. Онҳо дар оғоз тибқи қарордод аз “Ростнефт” нафт мегирифтанд, вале баъдан гуфтанд, ки ин нарх бисёр гарон аст, арзонаш кунед. “Ростнефт” маҷбур шуд ба онҳо сабукӣ диҳад,“ -- мегӯяд Михаил Крутихин.

Шеваи таъсири таҳримҳо ба мардуми оддӣ

Ҳоло таҳримҳои ғарбиро танҳо бизнесҳои бузурги Русия эҳсос мекунанд, аммо дар дурнамои наздик ин ба мушкили иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ табдил мешавад. Барои мардуми маъмулӣ таъсири таҳримҳо дар шакли боздошта шудани маошҳо ва ҳатто ихтисори ҷойҳои кор ва кормандон зуҳур хоҳад кард. “Ин ҳамаро аҳолии Русия аз мавҷи аввали бӯҳрони иқтисодӣ дар ёд доранд,”- мегӯяд раҳбари Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои статегии ФБК Игор Николаев. “Мӯъҷиза вуҷуд надорад, иқтисод сарозер шудааст, аз ҷумла зери фишори таҳримҳо. Иқтисод бе ин ҳам рӯ ба коҳиш буд, аммо таҳримҳо суръати фаро расидани бӯҳронро тезтар мекунанд. Таъсири он ба сатҳи зиндагии мардум ҷои баҳс надорад.”

Ба гуфтаи коршарик ва таҳлилгари RusEnergy Михайил Крутихин, агар раҳбарияти Русия аз тарҳҳои ғайритиҷоратӣ ва сиёсии, монанди “Амвоҷи ҷанубӣ” ва “Сила Сибири” даст накашад, ягона роҳ барояш даст задан ба ҷайби мардум ва боло бурдани молиёту андодз боқӣ мемонад. Он гоҳ ҳар шаҳрванд таъсири таҳримҳоро бевосита ва ҳамарӯза эҳсос хоҳад кард.

Роҳгузарҳои пойтахти Русия тахмин мезананд, ки таҳримҳо то куҷо ба онҳо таъсир хоҳанд дошт?

Таҳримҳои зидди Русия. Назари шаҳрвандон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

XS
SM
MD
LG