Бонки Исломии Рушд барои идома сохтмони неругоҳи “Роғун” 550 миллион доллар медиҳад. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, қарори Шӯрои директорони Бонки исломии рушд 27-уми апрели имсол қабул шудааст. Манбаъ мегӯяд, 150 млн. доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб барои “Роғун” ҷудо карда мешавад. Аммо шарту шароити додани ин маблағ ба Тоҷикистон маълум нест.
Моҳи апрел Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳам дархост карда буд, ки дар сохтмони неругоҳи “Роғун” сармоягузорӣ кунад. То ин вақт ду чарха ё агрегати неругоҳи “Роғун” ба кор даромада, вале Тоҷикистон барои идомаи сохтмони он ба сармояи бузург эҳтиёҷ дорад.
Соли 2017 ҳукумат барои сохтмони “Роғун” 500 миллион доллар евробондро фурӯхт, ки баъдан коршиносон фоизи онро баланд гуфтанд. Тоҷикистон ҳоло неругоҳи “Роғун”-ро асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ месозад. Мақомот ва ҳам коршиносон мегӯянд, анҷоми пурраи чунин тарҳи бузург танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷа мушкил аст.