Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Амрико мулоқот кард


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафири Амрико дар Душанбе рӯзи 2-юми май роҷеъ ба масоили муҳими ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои Душанбеву Вашингтон дар арсаҳои гуногун, аз иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин ва Мануэл Микаллер будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо доир ба идомаи тамосу музокирот дар чаҳорчӯби платформаи "С5+1", гуфтугӯ карданд.

Ҷузъиёти дигари ин мулоқот маълум нест.

ИМА 32 сол пеш, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсисёбии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол бо Тоҷикистон равобити дипломатӣ барқарор карда, дар доираи васеи масъалаҳои сиёсию низомӣ ва гуманитарӣ бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

Дар ин муддат Амрико дар умум ҳудуди 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумакҳо кардааст.

XS
SM
MD
LG