Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF: Аз "Тамоюли хатарнок"-и Тоҷикистон то ҷасорати матбуоти Афғонистон. ВИДЕО, САДО


Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” вазъи матбуот дар Тоҷикистонро дар соли 2017 таҳқиқ карда онро бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод кардааст. Ин созмон, ки аз назари муҳити кори журналистони мустақил ва ҳам озодии баён Тоҷикистонро дар мақоми 149-ум қарор додааст, мегӯяд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст.

Дар шарҳи мухтасари муҳаққиқон аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар кори ҳамарӯзаи худ журналистони мустақил дар Тоҷикистон бо пурсишҳои ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва таҳдид рӯбарӯ мешаванд. Инчунин

Ҳукумати Тоҷикистон ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст. RSF

муҳаққиқони ин созмони байналмилалии мeдофеи озодии баён, ки дафтараш дар Фаронса воқеъ аст, менависанд, ки “назорат аз васоили мухобирот як таҷрибаи маъмулӣ буда, масдудсозии вебсайтҳои хабаррасон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ доимӣ шудааст”.

Ин созмон инчунин аз басташавии чанд расонаи мустақил дар соли 2016 ва ҳам ҷоришавии назорати давлатӣ аз сиёсати таҳририяи расонаҳо ҳамчун намунаи маҳдудшавии шароити кори расонаҳои мустақил хабар додааст.

Гузоришгарони бидуни марз вазъи матбуот дар Тоҷикистонро таҳлил карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

Салимзода: Озодии матбуот дар Тоҷикистон муроот мешавад

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои муҳаққиқони байналмилалиро ба гузориши созмони "Гузоришгарони бидуни марз" зери суол бурдаанд. Аз ҷумла, ​Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 26 апрел гуфт, ин хулосаҳо "воқеият надорад". Вай гуфт, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон "беҳтар аст".

Вай гуфт: "Бояд хусусиятҳои миллӣ ё минталитети миллатро ба назар гирифт. Дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён дар Тоҷикистон беҳтар аст. Масалан, дар миёни 11 агентии хабарӣ танҳо як агентӣ давлатӣ аст. Боқӣ хусусӣ ва мустақил ҳастанд. Нашрияҳои мустақил чунин вазъият доранд ва халои иттилоотии кишварро пур мекунанд ва мардумро бо иттилои саривақтӣ таъмин мекунанд.

Салимзода: Озодии матбуот дар Тоҷикистон муроот мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Аз сӯи дигар, аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки бештари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст Тоҷикистон дар канор намондааст. Болоравии нарху наво, гарон шудани маводи чоп домангири бархе аз рӯзномаҳо аст. Аммо мушкилоти иқтисодиро ба озодии баён рабт додан аз рӯи инсоф нест".

Дар мавриди баста шудани баъзе нашрияҳо, Салимзода гуфт, ин расонаҳо "қонуни матбуот ва Қонуни Асосии кишварро" риоя накарданд. Вай гуфт, ин ба "маънои фишор овардан болои расонаҳои мустақил" нест ва ба эътимоди ӯ, озодии баён дар Тоҷикистон муроот мешавад.

Шикояти рӯзноманигорон аз мушкили дастрасӣ ба иттилои расмӣ

Вуҷуди мушкилоти молӣ дар кори мунтазами расонаҳоро худи масъулини матбуоти мустақил ҳам тасдиқ мекунанд. Соли 2016 мушкили чопи нашрияҳо, ироаи маоши кормандон ва таъмини хароҷоти дигари кориро созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳам таъкид карданд. ​Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳам рӯзи 26 апрел гуфт, "расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло бештар зери фишори сангини бӯҳрони шадиди иқтисодӣ қарор доранд. Ба ин далел нашрияҳои чопи пайи ҳам баста шуда истодаанд. Кормандони нашрияҳо наметавонанд моҳҳо маоши худро гиранд.Харидор ё муштарии рӯзномаҳо низ хеле коҳиш ёфта ва ҳатто ба сифр баробар шудааст".

​Вай гуфт, дар ин шароит инчунин "дастрасии журналистон ба манобеи расмӣ дар Тоҷикистон воқеъан душвор аст. Умдатан дар вазорату идораҳо танҳо бо иҷозаи мақоми аввал иттилоро дар ихтиёри хабарнигор мегузоранд".

Соли 2016 созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар бораи басташавии чор расона ва як оҷонсии хабарӣ иттилоъ доданд.

Интиқод аз Доналд Трамп ва Канадаву Британия

Гузориши нави созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар маҷмӯъ ҳушдор медиҳад, ки озодии матбуот дар кишварҳои дорои ҳукуматҳои худкома ва ҳатто он давлатҳое таҳти хатар аст, ки бояд ба унвони намунаи демократия хизмат кунанд. Дар миёни кишварҳое, ки дар мавқеи як сол пеши худ поин рафтаанд, Канада, ИМА ва бархе давлатҳои пешрафтаи аврупоӣ зикр мешаванд.

Кристофер Делуа, дабири кулли ин созмон мегӯяд, демократияҳое, ки ба таври суннатӣ матбуоти озодро ҳамчун пояи рушди ҷомеаҳои худ арзёбӣ мекарданд, бояд барои дигар нуқоти ҷаҳон намунаи ибрат бошанд. Вай гуфт, бо аздаст рафтани озодиҳои бунёдии ҳимояи шаҳрвандон “рӯҳияи демократия ҳам” таҳти хатар қарор мегирад.

"Ранги" озодии баён дар саросари ҷаҳон аз назари Гузоришгарон бидуни марз
"Ранги" озодии баён дар саросари ҷаҳон аз назари Гузоришгарон бидуни марз

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳамлаҳои лафзии президенти ИМА Доналд Трамп ба журналистон ва матбуотро интиқод карда гуфтааст, иттиҳоми журналистон дар ин ки “бешарафтарин афроди рӯи замин” ва “парокандакунандаи хабарҳои дурӯғин” будани онҳо “суннатҳои Амрикоро дар амри ҳифзи озодии баён зери по мекунад”.

Дар Канада соли 2016 полис аз ҳадди аққал шаш журналист талаб кардааст, ки манбаи иттилоотии худро фош кунад, дар ҳоле, ки ҳифзи манбаъ як ҳақи матбуот ва рӯзноманигорон мебошад. Британия соли 2016 қонунеро қабул кард, ки ҳақи сохторҳои иктишофиро дар назорату пайгард бештар мекунад.

Туркманистону Кореяи Шимолӣ дар миёни бадтаринҳо

Гузориши солонаи Шохиси озодии матбуот, ки аз ҷониби муҳаққиқони созмони “Гузоришгарони бидуни марз” баъди омӯзиши вазъи 180 кишвари ҷаҳон таҳия мешавад, муҳит ва шароити кори журналистонро дар сайёра аз рӯи меъёрҳои “хуб” то “хеле бад” баҳогузорӣ мекунад. Соли ахир, мегӯянд муҳаққиқони ин созмон, вазъи умумии озодии баён дар саросари ҷаҳон як дараҷа бадтар шуда, аз гузашта бештар таҳти хатар будани ин меъёрро ба намоиш гузоштааст.

Дар поинтарин мақоми ин шохис Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея қарор доранд. Дар робита бо Туркманистон ва президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузориш ба ҳайси як раҳбари “ғайри қобили фаҳм” ёд кардааст, ки тамоми матбуотро дар кишвар комилан зери назорат қарор медиҳад. Дар ҳамсоягӣ бо ин кишвар дар шохиси озодии баён Озарбойҷон, Эрон ва Ӯзбакистон қарор гирифтаанд ва вазъи матбуот дар ин кишвар “хеле бад” арзёбӣ шудааст.

Ситоиш аз ҷасорати журналистони афғон

Русия, Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳои вазъи озодиҳои матбуоташон “бад” ёд шуда, Гурҷистон, Арманистон, Молдова, Қирғизистон ва Украина ҳамчун “кишварҳои дорои мушкил” дар ин замина арзёбӣ мешаванд. Афғонистон – як кишвари ҷангзада ва ғарқи мушкили мубориза бо хушунату парвариши маводи мухаддир аз ҷониби муҳаққиқони фаронсавӣ ҳарчанд баҳои “бад” гирифтааст, журналистонаш барои “ҷасорат дар иҷрои масъулиятҳои касбиашон” дар шароити таҳдиди Толибону тундгароёни исломӣ ситоиш шудааст.

Гузоришгарони бидуни марз шурӯъ аз соли 2002 шохиса озодии баёнро нашр карда, таҳқиқи шароити кори матбуотро дар ҳар кишвар дар фосилаи аз 1 январ то 31 декабри ҳар сол мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG